Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷол дар “Парламент”. “Чора” нисбат ба додситон, парванда ба зидди дигарон

Мақомоти интизомии Тоҷикистон пас аз тақрибан ду моҳи занозанӣ дар тарабхонаи "Парламент" дар шаҳри Хуҷанд, ки пойи як додситон ҳам дар миён буд, қисман шарҳ доданд.

Додситони кулли Тоҷикистон 13-уми феврал гуфт, бинобар вайрон кардани оинномаи дохилӣ нисбат ба додситони шаҳри Бӯстон "чора андешида", нисбат ба ширкатдорони дигари занозанӣ парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

"Муноқиша байни прокурор (додситон) Абдуқаҳҳор Азизов ва молики меҳмонхонаи "Парламент" Парвиз Ашӯров сар задааст. Баъд прокурор ба берун мебарояд. Парвин Ашӯров, писари Парвиз Ашӯров, ҳамроҳи рафиқонаш ба назди меҳмонхонаи "Парламент" ҳозир шуда, прокурорро латукӯб мекунанд. Дар натиҷа Абдуқаҳҳор Азизов ҷароҳати ҷисмонии дараҷаи миёна мебардорад," – афзуд Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон.

Видеоро дар инҷо бинед:

Додситон ҷанҷолро дар "Парламент" шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:24 0:00

Дар ҳоле ки шарҳи ширкатдорони занозанӣ дастрас нест, раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Диловар Мирзоҳомидзода ба рӯзноманигорон гуфт, дар ҳоли ҳозир дар пайванд ба ҳодисаи мазкур ду нафар айбдор шудаанд. Яке аз онҳо ноболиғ аст.

Ӯ гуфт: "Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ноболиғ А.А. ворид шудааст. Бо моддаи 237, қисми 2, бандҳои А ва Б, яъне авбошӣ бо аломатҳои расонидани зарари миёна ба саломатӣ ва аз ҷониби гурӯҳи шахсон. Парвандаи дуюм нисбат ба Нарзулло Мустафозода низ бо моддаи 237, қисми 2, бандҳои А ва Б ба Суд ворид шудааст. Қарори ниҳоӣ карда нашудааст”.

Мурофиаи додгоҳӣ охири моҳи январ шуруъ шуда, баррасии он ҳанӯз идома дорад. Пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки дар ин ҳодиса чаҳор нафар гумонзад ҳастанд. Парвандаи боқимондаҳо бар асоси кадом банди Кодекси ҷиноӣ муҳокима мешавад, ҳанӯз маълум нест.

Диловар Мирзоҳомидзода
Диловар Мирзоҳомидзода

Наздикони баъзе мансабдорони баландпоя

Дар муноқиша дар тарабхонаи “Парламент” дар рӯзи 20-уми декабри соли 2025 наздикони баъзе аз мақомдорони баландпоя ширкат доштаанд.

Парвиз Ашӯров, домоди собиқи сарвазири Тоҷикистон ва писараш Парвин Ашӯров ва Абдуқаҳҳор Азизов, додситони шаҳри Бӯстон, писари Абдуҷаббор Азизӣ, ёвари собиқи Эмомалӣ Раҳмон, ду тарафи моҷаро ҳастанд. Наздикони ду тараф ҳамдигарро дар сар задани ҳодиса гунаҳкор медонанд.

Пас аз чанд рӯзи нашри гузориш дар бораи ин муноқиша мақомот хабар доданд, ки Абдуқаҳҳор Азизов, додситони шаҳри Бӯстон аз мақомаш барканор шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёде аз ин занозанӣ нашр шуд, ки дар ҳар кадоми он ҷонибҳо тарафи дигареро сабаби сар задани муноқиша меноманд.

Ҳамчунин шоҳидони ҳодиса дар суҳбатҳои ҷудогона ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар занозанӣ инчунин намояндагони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шахсони мансабдор низ ҳузур доштаанд. Вале додситони кул ва намояндагони додгоҳ дар бораи онҳо маълумот надоданд.

Занозанӣ бо иштироки мансабдорон ё наздикони онҳо дар Тоҷикистон дар гузашта ҳам дида шудааст, аммо дар аксар маврид натиҷаи парвандаашон расонаӣ намешавад. Мақомоти интизомии Тоҷикистон, ки аз хурдтарин қонуншиканиҳо хабар медиҳанд, умдатан дар бораи ҷанҷоли фарзандону пайвандони мансабдорон ва афроди бонуфуз сукут мекунанд.

XS
SM
MD
LG