Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чоршанбе Чоршанбиев гуфтааст, баъзан "эҳсосотӣ" мешуд, аммо ҷиноят содир накардааст. ВИДЕО


Чоршанбе Чоршанбиев

Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар Тоҷикистон гуфт, барои ҳимоят аз ҳуқуқи Чоршанбе Чоршанбиев, размикори муҳорибаҳои бидуни қоида, се вакили мудофеъ ҷудо кардааст. Чоршанбиев рӯзи 30-юми декабри соли гузашта аз Русия ронда ва дар Душанбе дастгир шуд. Мақомот ӯро ба барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият муттаҳам мекунанд. Худаш ва наздиконаш иттиҳомро рад кардаанд.

Нақли қавл аз Чоршанбиев

Дар изҳороти Эътилоф аз 11-уми январ гуфтаанд, Чоршанбе чанд дафъа хаттӣ ва даҳонӣ иттиҳоми эълоншударо рад кардааст.

"Мақсади ман ҳеч гоҳ даъват ба зӯран гирифтани ҳокимият набуд. Ман ин ҷиноятро содир накардаам. Намедонистам, ки баромадҳои ман, мумкин аст, ҷиноят ҳисоб шавад. Ман бо талаби ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор муроҷиат кардам," – омадааст дар изҳороти Эътилофи зидди шиканҷа аз қавли Чоршанбиев.

Мақомот ба ҷуз аз як иттилоияи кӯтоҳ дар бораи боздошти Чоршанбе Чоршанбиев ва парвандаи ӯ ҷузъиёте намедиҳанд. Ин варзишгар рӯзи 31-уми декабри соли гузашта бо қарори Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба ду моҳ ҳабс гирифта шудааст.

Наворро дар инҷо бинед:

Ҳомиёни ҳуқуқ аз Чоршанбе Чоршанбиев ҳимоят хоҳанд кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Падараш надид, вакилон вохӯрданд

Масъулони Эътилофи зидди шиканҷа гуфтанд, рӯзи 5-уми январ вакилони мудофеъ аз ҳабси пешакии Чоршанбиев ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бурданд, аммо масъала ба фоидаи онҳо ҳал нашуд.

Дар изҳороти Эътилоф аз он изҳори ташвиш шудааст, ки Авазхон Паҳлавонов, падари Чоршанбе Чоршанбиев, то ҳол натавонистааст бо писараш вохӯрад. Айни замон хабар дода шудааст, ки вакилони мудофеъ рӯзи 4-уми январ бо Чоршанбиев дар боздоштгоҳ вохӯрданд ва ин варзишгар шиканҷа шуданашро рад кардааст.

"Чоршанбе бо тафтишот ҳамкорӣ мекунад, дар додани баёнот самимӣ аст ва ҳама чизро тавре, ки ҳаст, мегӯяд. Сарфи назар аз иттиҳомҳои сангин, муносибати вай дӯстона аст, бодиққат ба суолҳое, ки ба вай медиҳанд, гӯш мекунад ва фаҳмо посух медиҳад. Вай мехоҳад, онҳоро мутақоид кунад, ки зидди ҳокимият намерафт, варзишгар аст ва баъзан эҳсосотӣ мешуд, вале талош мекард, зуд ин ҳолатро ислоҳ кунад. Ҳамеша дар ғалабаҳои худ бо парчами Тоҷикистон баромад мекард," -- омадааст дар изҳороти Эътилоф.

Вокунишҳои гуногун ба боздошти Чоршанбиев

Боздошти Чоршанбе Чоршанбиев бо вокунишҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шуд. Гуруҳе барои изҳороти баҳсбарангезаш боздошти ин размикорро дуруст меҳисобанд, вале бархе аз чеҳраҳои шинохта навиштанд, ҳарфҳои Чоршанбиев назари шахсии ӯст ва барои ақида набояд касеро муҷозот кард.

Чоршанбе Чоршанбиев, зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз соли 2016 ба муҳорибаҳои бидуни қоида ё ММА машғул буд ва дар Русия мезист. Ӯро рӯзи 3-юми декабри имсол бо иттиҳоми ҳаракати хатарнок бо мошин дар дохили нақб ё туннели Лефортово дар Маскав дастгир карданд ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд. Додгоҳ ӯро ҷарима баст ва аз Русия ронд. Падараш бовар дорад, қазияи Чоршанбе "тарҳрезишуда" аст.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG