Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"На устухон буд, на либос." Чӯпони тоҷик куҷо шуд?

Пайвандонаш бовар доранд, ки Акмал Ҳомидов дар кӯҳ гум шудааст
Пайвандонаш бовар доранд, ки Акмал Ҳомидов дар кӯҳ гум шудааст

Наҷотбахшони вилояти Суғд мегӯянд, барои пайдо кардани як сокини бедаракшудаи ноҳияи Ашт тамоми корро карданд, аммо бенатиҷа. Акмал Ҳомидов, падари ду фарзанд, охири соли гузашта ба чӯпонӣ рафту дигар барнагашт ва чаҳор моҳ аст, аз ӯ на ном асту на нишон.

"Як моҳ кофтем. Агар хато накунам, ҷойи гумшудааш, тақрибан 50-60 сотих, барф дошт. Се бор побел кардем. Дигар ягон ҷойи барфдор набуд." Баҳром Додиён, сардори Идораи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд, ҷараёни кофтукоби сокини нопадидшудаи ноҳияи Аштро нақл кард. Ӯ гуфт, ҳамроҳи беш аз сад сокини маҳаллӣ Акмал Ҳомидовро дар кӯҳу теппаҳои минтақа ҷустуҷӯ карданд, аммо нишоне наёфтанд.

“Ҳамаи таҷҳизот ва дронро истифода бурдем. Ҳамон одам нест. Агар ҳайвон ҳам бихӯрад, дар ягонҷо устухонаш пайдо мешавад. Як ҷо хунро пайдо мекунӣ. Либосашро ҳайвон намехӯрад, либосашро пайдо мекардем. Зери ҳар сангро низ кофтем. Агар як қатра хун ҳамонҷо мешуд ё як тикка либос, мо онро медидем,” – гуфт Баҳром Додиён.

Баҳром Додиён
Баҳром Додиён

Даҳҳо сокини ноҳияи Ашт тирамоҳи соли гузашта бо фиристодани чанд аксу навор ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки Акмал Ҳомидови ҳамдеҳаашонро ҷустуҷӯ доранд.

Вай рӯзи 3-юми ноябри соли 2025 ҳамроҳи бародарон ба нигоҳубини чорво ба кӯҳу теппаҳо рафта, нопадид гаштааст. Ба нақли пайвандонаш, Акмал Ҳомидов бори охир телефонӣ хабар додааст, ки “тавони ба боло баромадан надорам, омада ёрӣ диҳед”. Сипас телефонаш хомӯш гаштааст.

Минтақае, ки Акмал Ҳомидов нопадид шудааст, бо Узбекистон ҳаммарз аст. Як масъули мақомоти маҳаллӣ он замон гуфта буд, ки ҷустуҷӯ дар он сӯйи сарҳад натиҷа надод.

Субҳон Ҳомидов, амаки Акмал Ҳомидов, гуфт: “Акоям ба қисми низомии Узбекистон муроҷиат кард. Сарбозҳои Узбекистон се рӯз кофтанд. Бо саг кофтанд, лекин ягон натиҷа нашуд. Падараш беморхонаҳои Узбекистонро кофтукову пурсуҷӯ карда баромад, ягон муроҷиат нашудааст”.

Ба гуфтаи масъулони Раёсати ҳолатҳои фавқулода ин масъала дар ҷаласае бо ҳузури раиси вилояти Суғд ва раҳбарони ниҳодҳои интизомӣ баррасӣ шудааст. Вале ҳоло мақомот фарзияҳои худро доштаанд, ки аз гуфтаҳои наздикон тафовут дорад.

Ба қавли Баҳром Додиён, раиси Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Суғд, “баъзе маълумоте ҳаст, ки бо одамоне, ки аз Русия омада буданд, алоқамандӣ дорад. Чанд версия ҳаст, ман рости гап ҳоло пеш аз тафтишот аз худам ягон гапи зиёдӣ гуфтанӣ нестам. Лекин ҳамин хел фарзияҳо ҳаст”.

Наздиконаш ба ҷиноят ё гурӯҳи ҷинояткорон пайвандӣ доштани Акмал Ҳомидовро рад карданд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Чӯпони тоҷик куҷо шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00

Акмал Ҳомидови 37-сола соҳиби оила ва ду фарзанд аст. Ҳоло пайвандонаш умед доранд, ки бо фарорасии фасли баҳор ӯро меёбанд ва дар ин кор аз маъмурони наҷот дар вилояти Суғду Душанбе мадад мехоҳанд. Қаблан падараш аз мақомот хоста буд, ки ҷасадашро биёранд, кофист.

Беш аз 90 дарсади Тоҷикистон кӯҳсор аст ва гум шудану ҷароҳат бардоштани сокинон дар кӯҳу теппаҳо ҳодисаи нав нест. Вале ин аз мавридҳои камтарин аст, ки дар пайдо кардани як фарди гумшуда мақомоту сокинони маҳаллӣ комёб нашудаанд.

XS
SM
MD
LG