Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар пеши хонаи мо насозед". Баҳси нотамоми сохтмонҳои нав дар Душанбе. ВИДЕО


Эътирози як гуруҳ аз сокинони Душанбе ба сохтмони бинои нав дар назди хонаашон

Сокинони як маҳалла дар шаҳри Душанбе ба сохтмони баландошёнае дар назди манзилашон эътироз доранд. Онҳо мегӯянд, ширкати сохтмонӣ дарахтзори назди хонаашонро вайрон карда, мехоҳад бино созад. Масъулони ширкати "Фарҳоди Ваҳдат" гуфтанд, на дар боғ, балки дар харобазоре мехоҳанд хона созанд.

Наздики 200 сокини маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе чанд шом аст, ки баъд аз соатҳои корӣ ҷамъ шуда, ба сохтмони як баландошёна норозигӣ мекунанд. Онҳо талаб доранд, ки мақомот монеи ин сохтмон шаванд.

Марҳабо Аминова яке аз онҳо аст. Ӯ гуфт, наздики 40 сол аст, ки дар ин маҳалла зиндагӣ мекунад ва аз буридани дарахтзори назди хонааш норозӣ аст: "Ҳар яке аз ин дарахтҳо барои ман аз ҳама дида азизтар буд. Вақте буриданро сар карданд, ман ду шаб касал шудам. Ба болои ин, то саҳар кор мекунанд", -- гила кард ин сокини Душанбе.

Норозигии дигари сокинон ин аст, ки шаҳрдории Душанбе ва ҳам ширкати сохтмонӣ ба даъвои онҳо посух намедиҳанд. Сокинон гуфтанд, барои ҳалли мушкилашон ба раиси ҷумҳурӣ, шаҳрдори Душанбе, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва ҳукумати ноҳияи Синои пойтахт муроҷиат кардаанд.

Маҳалли сохтмон
Маҳалли сохтмон

Вале ба гуфтаи Ниёзбадал Мирзоев ба ин дархостҳо "беэътиноӣ мешавад". Ин сокини Душанбе афзуд, "аз ҳукумат, шаҳрдорӣ дархост дорем. Ҳифзи муҳити зист вазифааш ҳифзи дарахтзор аст. Чаро хомӯш аст? Худро канор мегирад. Ҳафтаи сеюм аст, ки ҳар шаб ин ҷо ҷамъ мешавем. Чаро ба доди мо намерасанд?"

Мақомот ва масъулони ширкати сохтмонии “Фарҳоди Ваҳдат” даъвои сокинонро беасос медонанд. Рӯзи 22-юми октябр дар идораи меъмории шаҳрдори Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ширкати "Фарҳоди Ваҳдат2 вазифадор шудааст, дар баробари сохтани бино, барои сокинони атроф ду майдонча ва як таваққуфгоҳ низ бисозад.

Масъулони ширкати “Фарҳоди Ваҳдат” мегӯяд, макони бунёди баландошёна на боғ ё макони тафреҳӣ, балки харобазоре буд. Ба гуфтаи масъулони ширкат, сохтмон бино бар асоси нақшаи генералӣ сурат мегирад.

Назруллоҳ Собиров
Назруллоҳ Собиров

Назруллоҳ Собиров, масъули ширкати "Фарҳоди Ваҳдат", рӯзи 23-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, лоиҳаи сохтмон аз ҷониби шаҳрдории Душанбе тасдиқ шуда буд. Собиров дар посух ба норозигии сокинон дар бораи садои баланди корҳои сохтмонӣ гуфт, корҳои бунёди зербино танҳо чанд рӯз то нимашаб давом мекунанд.

Ин масъули ширкати “Фарҳоди Ваҳдат” ҳамчунин гуфт, «инҷо ягон боғ набуд. Ба дарахтҳо як пиёла об ҳам нарехтаанд. Ҳама ҷо валангор буд. Мо барои ободӣ омадем."

Дар як санади Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, омадааст, ба ширкати “Фарҳоди Ваҳдат” иҷозат додаанд, барои сохтани манзил 27 бех дарахтро бурад. Зоҳиран норозигии сокинон ба тасмими мақомот барои бунёди баландошёна дар маҳаллаи 82-и Душанбе таъсир нагузоштааст. Чун давоми ду рӯзе, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ ба онҷо рафтанд, корҳои бунёди зербино идома дошт.

Сохтмони биноҳои баландошёна солҳои ахир дар Душанбе бештар шудааст. Фурӯши манзил яке аз тиҷоратҳои сердаромад дар пойтахти Тоҷикистон гуфта мешавад. Ҳарчанд баъзе аз сохтмонҳо норозигии сокинонро дар пай дошт.

Бархе аз сокинон мегӯянд, ширкатҳо ҳангоми сохтмон бештар манфиатҳои худро ба назар мегиранд, аммо ширкатҳои сохтмонӣ мегӯянд, бунёди ҳамаи баландошёнаҳо баъд аз омӯзиши лоиҳа ва танҳо бо иҷозаи мақомот сурат мегирад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Дар Душанбе боз ба сари хонасозӣ баҳс мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

Гузоришро дар Ютуб бинед:

Шарҳҳоро бинед (15)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG