Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаҳои Русия ба Украина чанд нафар кушта шудаанд

Яке аз биноҳои Киев пас аз ҳамлаи паҳпод.
Яке аз биноҳои Киев пас аз ҳамлаи паҳпод.

Мақомоти Украина мегӯянд, дар ҳамлаҳои ахири Русия ба манотиқи гуногуни ин кишвар дар рӯзи 28-уми январ, камаш се нафар кушта ва чандин тани дигар захмӣ шуданд. Ҳамлаҳо танҳо чанд соат пас аз зарбаи хунин ба як қатори мусофирбар дар вилояти Харков сурат гирифт, ки раиси ҷумҳур Владимир Зеленский онро «терроризм» номид.

Дар шаҳри Киев як бинои истиқоматӣ, ки дар он Марян Кушнир, хабарнигори Радиои Озодӣ зиндагӣ мекунад, мавриди ҳадаф қарор гирифт. Дар натиҷа бино оташ гирифт ва ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Марян Кушнир, ки маъмулан аз ҷабҳаи пеши ҷанг гузориш медиҳад, ин бор дар хонааш шоҳиди фоҷиа шуд ва тавонист як духтари 4-соларо аз миёни шӯълаҳои оташ наҷот диҳад. Модари кӯдак ва ҳамхонааш кушта шуданд. Кушнир, ки беш аз даҳ сол боз дар бахши украинии Радиои Озодӣ кор мекунад, лаҳзаи ҳодисаро чунин қисса кард: «Ман дар хона будам, ки садои таркишро шунидам. Паҳпод ба боми бинои мо бархӯрд. Дарҳои нимабози хонаеро, ки зарба ба онҷо расида буд, дидам. Онро боз кардам ва дидам, ки кӯдаке рӯи диван афтода, гиряву фарёд мезад ва модарашро садо мекард».

Хабарнигори Радиои Озодӣ кӯдакро ба ҷойи амн бароварда, дубора барои ҷустуҷӯи зиндамондагон ба бино баргашт, вале дигар вайрона, роҳи хуруҷ барои касонеро, ки дар табақаҳои боло буданд, баста буд.

Ҳамлаҳои шабона пас аз зарбаи маргбори паҳподоҳои Русия ба як қатори мусофирбар дар вилояти Харков дар рӯзи 27-уми январ ба вуқӯъ пайваст. Мақомоти Украина мегӯянд, дар ин ҳодиса дастикам панҷ мусофир кушта шудаанд.

Бино ба иттилои Алексей Кулеба, муовини нахуствазир, нерӯҳои Русия бо се паҳподи «Шаҳид» дар наздикии як қатори мусофирбар зарба заданд. Дар қатор 291 мусофир, аз ҷумла кӯдакон ҳузур доштанд.

Президент Владимир Зеленский ин ҳамларо маҳкум карда, гуфт: «Дар ҳар кишвари ҷаҳон ҳамлаи паҳпод ба қатори мусофирбарро маҳз амали террористӣ арзёбӣ мекарданд».

Юлия Свириденко, нахуствазири Украина, низ ин ҳамларо ҷиноят алайҳи башарият номид ва таъкид кард, ки Русия бояд барои ҳар як чунин ҳамла посух гӯяд. Дар ҷойи дигар дар вилояти Днепропетровск, дар ҳамлаҳои паҳподҳо дар рӯзи 27-уми январ як марди 46-сола кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шуданд.

Дар Киев, нерӯҳои Русия ба як бинои 17-ошёна зарба задаанд, ки бому тирезаҳои он осеб дида, вале касе куштаву захмӣ нашудааст. Маскав бо вуҷуди далелҳои бешумори ҳамла ба иншооти ғайринизомӣ ва марги мардуми осоишта, ҳамчунон иддао дорад, ки танҳо ҳадафҳои низомиро дар Украина нишон мегирад.

XS
SM
MD
LG