Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кӯлоб лашкари азими малах бедодгарӣ кардааст


Дар ҷануби Тоҷикистон, ки ҳар сол лашкари азими малах киштзору зироатҳои мардумро нобуд мекунад, имсол пойи ин ҳашароти гиёҳхӯр то минтақаҳои марказии Кӯлоб расидааст.

Кишоварзон мегӯянд, ҳар сол малахи марокашӣ гандумзор ва чарогоҳҳои зиёдеро хӯрдаву нобуд мекард ва имсол ба он малахи маҳаллӣ ҳамроҳ шудааст. Муборизаи нокофӣ барои маҳви ин ҳашаротро як сабаби асосии зиёд шудани малах медонанд, агарчӣ мақомот мегӯянд имсол кор дар ин самт ҷон гирифтааст.

Ҳамлаи малах дар тобистони соли 2025 то шаҳри Кӯлоб ва мавзеъҳои дурдасти Ховалинг низ расидааст. То соли гузашта ин ҳашароти зараррасонро асосан дар Фархор Данғара дидан мумкин буд.

Видеоро инҷо бинед:

Дар Кӯлоб лашкари азими малах бедодгарӣ кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Дар Раёсати кишоварзии минтақа гуфтанд, барои нест кардани он ба кори шабонарӯзӣ гузаштаанд. Дар ноҳияҳои Фархор ва Данғара бо малахи марокашӣ мубориза мебаранд.

Коршиносон сабаби афзоиши малахи марокаширо ворид шудани он аз Афғонистон медонанд.

Раҳбари Раёсати кишоварзӣ гуфт, ки алҳол ба ҳосили деҳқонон осеб нарасидааст. Аммо барои нест кардани он даст ба кор шудаанд.

Хайриддин Акрамзода, сардори идораи мубориза бо малах дар минтқаи Кӯлоб мегӯяд, “малахи марокашро омӯхтагӣ ҳастем, медонем дар куҷо ҳаст ва дар куҷо тухм мемонад. Сари вақт коркард мекунем. Малахи маҳаллӣ ҳамин сол пайдо шуд ва ҳамин сол мушоҳида шуд ва ҳоло корбарӣ карда истодаем, то макони тухмгузории онро аниқ кунем.”

Ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг ва шаҳри Кӯлоб дар гузашта орӣ аз малах буданд. Аммо имсол кишоварзон дар киштзорҳояшон малах мушоҳида кардаанд. Онҳо хавф мебаранд, ки фасли гармо заминҳояшон бо ҳамлаи малах рӯбарӯ хоҳад гашт. Аммо ин умедро ҳам доранд, ки муборизаи феълӣ мумкин, пеши роҳи чунин ҳамларо гирад.

Малахи марокашӣ ҳар баҳор “меҳмон”-и нохондаи Хатлон мешавад. Мақомоти вилоят агарчӣ медонанд, ки лашкари вайронгар ҳуҷум мекунад, аммо зоҳиран дуруст омода намешаванд, ки ҳар сол аз он шикаст мехӯранд.

XS
SM
MD
LG