Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Майнинг-ферма". Дар Тоҷикистон чанд маркази дуздии барқро ошкор кардаанд


Нишасти матбуотӣ дар Додситонии кулли Тоҷикистон. Рӯзи 8-уми августи 2025
Нишасти матбуотӣ дар Додситонии кулли Тоҷикистон. Рӯзи 8-уми августи 2025

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, даҳҳо "майнинг-ферма" ё ҷойи истеҳсоли пули рақамӣ (криптовалюта)-ро дар кишвар ошкор кардаанд. Ба иттилои Ҳабибулло Воҳидзода, соҳибони ин дастгоҳҳои пулсозии рақамӣ ба миқдори қариб 39 миллион сомонӣ барқро "пинҳонӣ истифода бурдаанд". Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Бонки миллӣ, истифодаи пули рақамиро бо сабаби набудани назорати лозим қабул надоранд.

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кул, рӯзи 8-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳукумат овардани ҳамагуна дастгоҳи тавлиди пули рақамиро ба Тоҷикистон манъ кардааст. Вале ба гуфтаи Воҳидзода, ин дастгоҳҳо “бо ҳар роҳу воситаи ғайриқонунӣ ва қочоқ” ба Тоҷикистон оварда мешаванд.

“Ин воситаҳо аз ҷониби шаҳрвандон ворид карда шуда, бо истифодаи мутахассисон пинҳонӣ пайваст карда шуда, аз нерӯи барқ ғайриқонунӣ истифода мебаранд,” -- афзуд додситони кул.

Тибқи омори Ҳабибулло Воҳидзода, аз ҳисоби коргоҳҳои пинҳонии тавлиди пули рақамӣ 38,7 миллион сомонӣ маблағи истифодаи барқ ошкор шудааст. Ба гуфтаи Воҳидзода, “ин зарар барқарор шудааст”.

Додситони кул ҳамчунин гуфт, нисбат ба коргоҳҳои тавлиди пули рақамӣ 4-5 парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Ҳабибулло Воҳидзода бе овардани шарҳи бештар гуфт, “дар баъзе ҷой майнинг фермаҳо камтар аст, дар баъзе ҷой зиёдтар аст. Баъзеаш 3-4 адад дошта бошад, баъзеаш ҳазор - ду ҳазор дорад.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Дар Тоҷикистон чанд маркази "барқхӯр"-ро ошкор кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, яке аз корхонаҳои тавлиди асъор ё пули рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ дар вилояти Хатлон ошкор шудааст. Ба иттилои як манбаи огоҳ аз парванда, ин коргоҳ дар бинои як ферма ё макони парвариши чорво пинҳонӣ насб шудаст.

Муфаттишони додситонӣ ду соҳиби ин коргоҳи тавлиди асъори рақамиро ба дуздии барқ ба миқдори зиёда аз 43 миллион сомонӣ муттаҳам кардаанд. Ин ду нафар ҳамчунин ба қочоқ низ муттаҳам мешаванд. Назари ин афрод ва ё наздиконашон ба қазия маълум нест.

Моҳи майи имсол Бахтиёр Нозимзода, додситони шаҳри Хуҷанд ҳам аз ошкор шудани чандин коргоҳҳои тавлиди асъори рақамӣ ё “майнинг-ферма”-ҳо хабар дода буд. Ба гуфтаи додситони Хуҷанд, танҳо дар таҳхонаи як бино беш аз 40 таҷҳизотро барои коркарду истеҳсоли асъори рақамӣ дарёфту мусодира кардаанд. Аз ин ҳисоб ба шабакаҳои барқ 39 ҳазор сомонӣ зарар расидааст.

Криптовалюта ё асъори рақамӣ дар Тоҷикистон расман эътироф нашудааст, чун ба гуфтаи мақомот, додугирифт тариқи ин асъори маҷозӣ ба таври ниҳонӣ ва ё анонимӣ сурат мегирад ва назорати лозим аз болои он вуҷуд надорад. Суҳбатҳо аз зарурат ва бурду бохти истифодаи он дар кишвар садо медиҳад. Бонки миллии Тоҷикистон аввали моҳи август дар гузорише навишт, мавзӯи муомила бо асъори рақамиро меомӯзанд.

Пули рақамӣ дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва олами маҷозӣ маъруф аст ва бо усули рамзгузорӣ ва мустақил аз бонкҳои марказӣ амал мекунад.

Даҳҳо коргоҳи тавлиди крипта асъор дар Тоҷикистон баъд аз он ошкор шудаанд, ки мақомот мубориза бо дуздии барқро бештар карданд. Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 15-уми апрел иловаҳоро ба Кодекси ҷиноӣ имзо кард, ки барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндонро пешбинӣ кардааст. Ду рӯз пас аз имзои ин фармон, барои назорати бахши энергетика дар Тоҷикистон ниҳоди нав таъсис дода шуд.

XS
SM
MD
LG