"Ҷабҳаи озодии Афғонистон", яке аз гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Толибон мегӯяд, ки нерӯҳои ин ҷабҳа субҳи 24 июл ҳамлаҳоеро ба пойгоҳҳои низомии Толибон дар вулусволии Зебоки вилояти Бадахшон, оғоз кардааст.
Ин ноҳияи стратегӣ дар ҳамсоягии Ишкошими Афғонистон, ки бо ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон ҳаммарз аст, ҷойгир мебошад. Зебок ҳамчунин бо минтақаи Читроли Покистон марзи муштарак дорад.
"Ҷабҳаи озодии Афғонистон" дар эъломияе, ки пас аз чошти рӯзи ҷумъа дар сафҳаи Х нашр кард, иддао намуд, ки дар ин даргириҳои рӯ дар рӯ, "21 тан аз нерӯҳои Толибон ба шумули чанд сардастаашон кушта ва 37 тани дигарашон захмӣ" шуданд.
Вазорати дифоъ ва сухангӯёни ҳукумат Толибон то кунун ба таври расмӣ дар бораи ин рухдод чизе нагуфтаанд, аммо радиои "Ҳуррият", ки як расонаи наздик ба Толибон аст ва бархе расонаҳои дигар ба нақл аз "Дивизияи 219" -и ҳукумати Толибон навиштанд, ки нерӯҳои марзии Толибон ҳамлаи шуморе аз афроди мусаллаҳро, ки мехостанд вориди ноҳияи Зебок шаванд, ақиб заданд.
Ин фирқаи низомӣ иддао кардааст, ки ин афрод мехостанд аз роҳи Читрол аз Покистон ворид шаванд ва дар даргириҳо "панҷ нафари онҳо кушта ва шумори дигар захмӣ" шуданд.
Радиои Озодӣ ба таври мустақил наметавонад иддаои ҳеч яке аз тарафҳоро тасдиқ кунад.
ИДДАОҲОИ ДУ ҶОНИБ
"Ҷабҳаи озодӣ" кушта шудани як тан аз нерӯҳояшро тасдиқ кардааст, аммо Толибон дар бораи талафоти нерӯҳояшон чизе нагуфтаанд.
Ин ҷабҳа ҳамчунин иддао кардааст, ки афроди Толибонро аз пойгоҳҳояшон ақиб ронданд ва миқдори зиёди таҷҳизоти онҳоро тасарруф карданд.
Аммо ба гузориши радиои "Ҳуррият", Дивизияи 219-и Толибон иддао кардааст, ки афроди мусаллаҳ пас аз даргирии кӯтоҳе ба минтақаи "Шоҳ Салим"-и Читроли Покистон фирор кардаанд.
Ҳукумати Покистон то ба ҳол дар бораи ин иддао изҳори назар накарда ва Радиои Озодӣ ҳам ба таври мустақил наметавонад ин иддаоро тасдиқ кунад.
Даргириҳо дар Зебок дар ҳоле аст, ки ҷумъаи гузашта афроди як ҷабҳаи навтаъсис бо номи "Ҷабҳаи сипоҳиёни меҳан", барои чанд соат назорати маркази вулусволии Яфтали Поёни Бадахшонро ба даст гирифтанд.
Пас аз ин ҳодиса, Фасеҳуддин Фитрат, сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Толибон ба минтақа сафар кард ва ба расонаҳо гуфт, ки ин афрод тавоноии муқобила бо нерӯҳои Толибонро надоранд.
ЧОЛИШҲО БАРОИ ҲУКУМАТИ 5-СОЛАИ ТОЛИБОН
Даргириҳои ахир дар вулусволии Зебоки Бадахшон, нахустин даргирии рӯ дар рӯ миёни мухолифон ва нерӯҳои Толибон дар панҷ соли ахир ба шумор меравад.
Ин рӯйдодҳо дақиқан дар остонаи панҷсолагии ба қудрат баргаштани Толибон рух медиҳанд. То ҳудуди се ҳафтаи дигар, дар 15 август, ҳокимияти Толибон дар Афғонистон панҷсола хоҳад шуд.
Дар ин панҷ сол ҳеч кишваре ба ҷуз Русия ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохта, аммо бархе кишварҳои ҳамсоя ва минтақа дипломатҳои онҳоро ба сафоратхонаҳои Афғонистон дар ин кишварҳо пазируфтаанд.
Ҳукумати Толибон барои нақзи ҳуқуқи занон, манъи духтарон аз таҳсил, шарик накардани ақвоми дигар дар ҳукумат, маҳдуд кардани озодии матбуот ва расонаҳо, интиқод мешавад.
Толибон мегӯянд, ки амнияти сартосариро дар Афғонистон таъмин кардаанд. Аммо бо оғози даргириҳои пароканда дар минтақаҳои гуногуни Бадахшон, ба назар меравад, ки ҳукумати Толибон ҳамакнун бо чолишҳои амниятӣ рӯбарӯ шудааст.
Гуфтугӯ