Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намозгузорон дар Тоҷикистон мепурсанд, ки "дари масҷидҳоро кай мекушоянд?" ВИДЕО


Масҷиди марказии шаҳри Душанбе

Дар ҳоле ки бисёре аз маҳдудиятҳои вобаста ба коронавируси нав дар Тоҷикистон бардошта шудаанд, баъзе аз сокинон мепурсанд, ки чаро ҳанӯз дари масҷидҳо баста мемонанд?

Мақомот мегӯянд, бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагир дар миёни калонсолҳо наметавонанд, ба фаъолияти масоҷид иҷозат диҳанд. Дар ҳоли ҳозир мактабу донишгоҳҳо, тарабхона ва бозору толорҳои ороишӣ дар Тоҷикистон фаъоланд.

Исмоил Абдулҳақов, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, дар гузашта ҳар рӯз ба масҷид мерафт, то ҳам ибодат кунад ва ҳам дӯстонашро бубинад, вале тақрибан шаш моҳ боз аз ин кор бенасиб аст. Сокини 56-солаи пойтахт аз мақомот даъват дорад, ки бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ барои ибодат дар масҷидҳо иҷозат диҳанд.

"Чаро вирус дар мусофирбар ва бозор паҳн намешавад, дар масҷид паҳн мешавад? Мо дар кӯча мегардем, автобус пур-пури одам аст. Бинед, кӣ ниқоб мепӯшад?" -- суол гузошт Абдулҳақов.

Ба ин монанд чанд ҳамсуҳбати мо дар кӯчаҳои Душанбе гуфтанд, вақти он расидааст, ки мақомот ибодатхонаҳоро кушоянд. Аммо мақомот дар ҷавоб ба ин дархостҳо мегӯянд, дар шароити ҳозира наметавонанд ба кори масҷидҳо иҷозат диҳанд.

Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯйи Вазорати тандурустӣ, рӯзи 30-юми сентябр гуфт, бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти COVID-19 ба насли бузургсол "боз кардани дари масҷидҳо тавсия нест". Вай афзуд, "танҳо барои онки шахсони пиронсол дар гуруҳи риск дохил мешаванд, ин маҳдудиятҳо боқӣ мемонад."

Масҷидҳои Тоҷикистон аз 18-уми апрели имсол баста ҳастанд. Мақомот шаш моҳ пеш дар шабу рӯзе ибодатхонаҳоро бастанд, ки нигарониҳо аз афзоиши бемории ҳамагир дар ҷомеа зиёд буд. Дар пайи масҷидҳо, ҳамчунин мактабу донишгоҳ ва бозорҳо ҳам баста шуданд.

Ҳарчанд марҳила ба марҳила маҳдудиятҳои ҷоришуда барои мактабу бозорҳо бардошта шуданд, ибодатхонаҳо ҳамчунон бастаанд. Дар ин миён баъзе аз кишварҳои исломӣ иҷозат доданд, ки сокинон бо риояи қоидаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла бо риояи фосилаи ҷисмонӣ, дар масҷидҳо ибодат кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, иҷрои чунин амал дар кишвар мушкил аст. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, гуфт, бахусус дар намози ҷумъа риояи фосилаи иҷтимоӣ "номумкин аст".

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Кай дар Тоҷикистон масҷидҳо боз мешаванд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Масҷидҳо дар Тоҷикистон яке аз маконҳои асосии таҷаммуъ мебошанд ва рӯзҳои ҷумъа дар ин ҷо издиҳоми бузурге ҷамъ мешавад. Мақомот инро яке аз далелҳои асосӣ медонанд, ки ба таъкиди онҳо ҷамъшавии одамон боис ба паҳншавии бемории COVID-19 мегардад.

Баъзе аз сокинон бо ин назари мақомот розӣ нестанд ва мегӯянд, назорати мақомот танҳо ба масҷидҳо маҳдуд нашавад. Бори дувум аст, ки намозгузории дастҷамъӣ дар масҷиду ҷамоатхонаҳои Тоҷикистон манъ мешавад. Бори аввал дар моҳи март ибодатхонаҳо барои ду ҳафта баста буданд.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор масҷидро расман сабтином кардаанд.

Даъватҳо барои кушодани дари ибодатхонаҳо дар шабу рӯзе садо медиҳад, ки ба гуфтаи мақомот омори гирифторӣ ба COVID-19 "андак" рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то 29-уми сентябр коронавирус ба 9726 нафар дар Тоҷикистон сироят карда, боис ба марги 75 нафар шудааст. Ба иттилои расмӣ, беш аз ҳаштод дарсади беморон шифо ёфтаанд. Аммо ҳамчунон шубҳаҳо дар бораи дурустии омори расмӣ дар ҷомеа зиёд аст.

Шарҳҳоро бинед (36)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG