Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дигар нотарсида мегузарем". Сокинони Ворух мунтазири сохтани роҳи нав ҳастанд

Даромадгоҳи ҷамоати Ворух
Даромадгоҳи ҷамоати Ворух

Бо фаро расидани фасли баҳор сохтмони роҳи муҳиме дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон вусъат гирифт. Ин роҳ ҷамоати Ворухро ба таври мустақил ва бидуни убур аз дохили Қирғизистон ба шаҳри Исфара пайванд мекунад.

Бунёди он моҳи августи соли 2025 оғоз шуда, сохтмонашро ширкати "China Road and Bridge Corporation"-и Чин ба зимма гирифтааст. Бино бар тарҳ, роҳ дуқабата мешавад ва аз болои дарёи Исфараву фарози роҳи Бодканд мегузарад.

Аҳмадҷон Тухтасунов 15 cол боз ронандаи хатсайри Ворух - Исфара аст. Ӯ ва ҳамкоронаш мегӯянд, ҳарчанд роҳи нав каме дарозтар мешавад, вале ҷамоати Ворухро мустақил ба маркази шаҳри Исфара мепайвандад.

"Бисёрии халқи Ворух интизорӣ кашида истодаанд. Одамони мошиндор интизори ҳамин роҳи нав ҳастанд, ки ба хотири ҷамъ рафта биёянд. Роҳ роҳи худамон мешавад. Натарсида меравем. Ҳозир ба дохили деҳаи қирғизҳо мегузарем, шабона бачаҳо хавотир мешаванд", - мегӯяд Аҳмадҷон Тухтасунов.

Видеоро инҷо бинед:

Кай сохтмони роҳи нави Исфара-Ворух ба анҷом мерасад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00

Баъзе аз куҳансолони минтақа ёдрас мешаванд, ки дар замони Шӯравӣ ҳам ин масир мавҷуд буд, вале бо сабабҳое аз байн рафт.

Қодир Ашӯров, сокини дигари Ворух гуфт, "ин роҳ ҳамон роҳи кӯҳна аст. Бо мусофирбар бо ҳамин роҳ мерафтем. Хоҳ ба Исфара ва хоҳ ба ҷои дигар. Роҳи нав, ки аз дохили Қирғизистон мегузарад, соли 1985 сохта шудааст".

Дар идораи роҳсозии вилояти Суғд мегӯянд, ки сохтмони ин роҳ назар ба дигар роҳҳо душвортар аст.

Ба гуфтаи Музаффар Носирзода, сардори Идораи роҳҳои мошингарди вилояти Суғд, паҳноии роҳи нав 40 метр ва дарозиаш 4,2 километр аст. Пули сохтани роҳ ба гуфтаи ин мақомдор, 255 миллион сомонӣ (26 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад.

Носирзода афзуд, талош доранд роҳ дар муддати ду сол ба истифода дода шавад. «Сабаби асосие, ки корҳо андак суст рафта истодаанд, ҳамин аст, ки мо куҳро тарконида роҳ сохта истодаем”.

Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтани роҳи “Хоҷаи Аъло-Ворух” ва обод кардани чорроҳаи "Исфара-Ворух-Раззоқов (Исфанаи собиқ)" имтиёз ё сабукӣ пешниҳод карда буд. Дар буҷаи соли 2026 ин ду роҳ "иншооти махсусан муҳим" номида шудаанд. Бар асоси лоиҳаи қонуни буҷа, фармоишгар ва паймонкор (иҷрокунанда)-и сохтмони роҳи "Хоҷаи Аъло-Ворух" ва навсозии чорроҳаи "Исфара-Ворух ва Ош-Раззоқов" аз пардохти нисфи молиёт (андоз) аз арзиши иловашуда (НДС) ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ озод мешаванд. Ҳамчунин ворид кардани молу маҳсулот барои сохтани ин ду роҳ пурра аз боҷи гумрукӣ озод буда, фақат нисфи молиёт аз арзиши иловашударо месупоранд.

Дар чор соли баста будани марзҳои ду кишвар ин минтақа шоҳиди задухӯрдҳои шадид гашт. Ҷанҷол ҳам ин ҷо асосан сари истифодаи роҳи муштарак сурат мегирифт. Ҳарду тараф онро моли худ медонистанд. Ҳоло ба гуфтаи аъзои комиссияи аломатгузории марзӣ ин масъала ҳалли худро ёфта, то анҷоми сохтмони роҳҳо дар баъзе қитъаҳои наздисарҳадӣ шаҳрвандони ду кишвар аз минтақаҳои ҳамдигар истифода хоҳанд кард.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳазор километр аст ва то соли гузашта бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд. Сарҳади баҳсбарангез то ҳадде робитаҳои ду тарафро тира кард, ки онҳоро ба ҷанги мустақим ва ҳамла ба қаламрави ҳамдигар кашид.

Муноқишаҳо дар марз дар солҳои 2021-2022 сабаби вайронии зиёд ва марги даҳҳо нафар аз Тоҷикистону Қирғизистон шуд. Вазъ дар охири соли 2024 тағйир кард ва дар ниҳоят созишномаи таъйину нишонагузории марз моҳи марти соли 2025 ба имзо расид.

XS
SM
MD
LG