Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Либоси писарашро ба оғӯш гирифта, фарёд мезад". Додгоҳи олӣ баррасии парвандаи Парвиз Одинаевро шурӯъ кард


Хусрав Одинаев 15 сол дошт ва дар паи латукӯб ва азияти падар ҷон дод
Хусрав Одинаев 15 сол дошт ва дар паи латукӯб ва азияти падар ҷон дод

Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи марги наврас аз дасти падараш шуруъ кардааст. Хусрав Одинаеви 15-сола охири моҳи июли имсол баъди азобу уқубат аз сӯи падараш ҷон бохт ва ин ҳодиса вокунишҳои зиёдро дар Тоҷикистон ба миён овард. Парвиз Одинаев, падари Хусрав ҳоло дар курсии айбдорӣ аст ва ба ӯ аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Намояндагони Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 1-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мурофиаи Парвиз Одинаев охири моҳи сентябр оғоз шуда, то ҳол ҳукм содир нашудааст. Дар Додгоҳи олӣ мавзуъро аз ин бештар шарҳ надоданд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик ҳукми Парвиз Одинаев эълон шавад.

Талошҳои мо барои суҳбат бо аҳли хонаводаи Парвиз Одинаев бенатиҷа буд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ барои суҳбат бо наздикони Одинаев ба хонаи онҳо ба деҳаи Меҳргони шаҳри Турсунзода рафтанд. Аммо дар хона касе набуд. Ба гуфтаи ҳамсояҳо, баъди он ҳодиса ҳамсари Парвиз Одинаев ҳамроҳ бо се фарзандаш ба зодгоҳи худ ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон рафтанд ва онҷо зиндагӣ доранд.

«Кӯдакон то ҳол метарсанд»

Деҳаи Меҳргон, макони зисти Парвиз Одинаев яке аз дурдастарин минтақаҳои шаҳри Турсунзода аст, ки дар марз бо Узбекистон ҷойгир шудааст. Парвиз Одинаев 18 соли ахир бо хонаводааш дар ин ҷо зиндагӣ мекард.

Ба гуфтаи мақомот, рӯзи 26-уми июли имсол Парвиз Одинаев писараш Хусрави 15-соларо ба заминҳои деҳаи ҳамсоя бурда, шиканҷа кардааст. Ноболиғ чанд соат баъд дар хонаашон вафот кард.

Дӯстмурод Юсуфов шоҳиди он рӯзи шум аст. Ӯ ва чанд ҳамсояи дигар ҷасади Хусравро аз хона баровардаанд. Ин сокини деҳаи Меҳргон мегӯяд, дар рӯйи наврас осори захм намудор буд.

«Як бари рӯяш варам карда буд, чашмонаш сиёҳ шуда буданд. Аммо тани ӯро надидам, чунки баданашро пӯшонда буданд», - мегӯяд Дӯстмурод Юсуфов.

Бо гузашти беш аз ду моҳ ваҳшати он ҳодиса то ҳол аз ёди сокинони деҳаи Меҳргон нарафтааст. Ҳамоно ин мавзӯъ сари забонҳост ва кӯчаҳо холиянд.

Дӯстмурод Юсуфов, сокини деҳаи Меҳргон мегӯяд, баъди марги Хисрав Одинаев кӯдакон аз тарс ба кӯча намебароянд.

«Дар ин кӯча бисёр занҳо бемор шуданд. Хусрав ҳамроҳи бачаҳои мо футболбозӣ мекард, мисли писари худамон буд. Бачаи бад набуд», - афзуд Юсуфов.

То ҳол ваҳшати марги Хусрав Одинаев аз ҳуши ҳамдеҳагон берун нашудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00

«Либосҳои фарзандашро оғуш мегирифт»

Ба гуфтаи ҳамсояҳо, аввали моҳи август мақомот як дафъа Парвиз Одинаевро ба манзилааш оварданд ва аз ӯ нишондод гирифтанд. Баъзе шоҳидон мегӯянд, Одинаев либосҳои фарзандашро ба оғуш гирифта, фарёд мезад. Ҳамсояҳо то ҳол ҳайронанд, ки Парвиз Одинаев чӣ гуна даст ба ин кор зад? Одинаев раиси маҳаллаи Меҳргон будааст ва маъракаҳои мардумро мегузарондааст.

Дӯстмурод Юсуфов, ҳамсояи Парвиз Одинаев мегӯяд, “ӯ одами хуб буд. Дигар намедонам ин ҳодиса чӣ хел рух дод».

Марги Хусрав Одинаев баъди шиканҷаи падараш бори дигар мавзӯи бадрафтории волидайн ба фарзандонро дар Тоҷикистон доғ кард. Танҳо дар соли равон ҳадди ақал се ҳодисаи дигар аст, ки падару модарон фарзандони худро ба об партофтанд ё бо корд захмдор карданд.

Охири моҳи июни имсол дар ду ноҳияи вилояти Хатлон як кӯдак бо зарби корд ва чор каси дигар дар дарё ғарқ шуданд. Дар марги онҳо модаронашон муттаҳам ҳастанд. Додгоҳи вилояти Хатлон моҳи сентябр яке аз ин занонро, ки се кӯдакашро бо корд захмӣ карда буд, ба 28 соли зиндон маҳкум кард.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар пайи ин ҳодисаҳо гуфт, зарур аст, ки барои ҳифзи кӯдакон чораҳои бештар андешида шавад.

Тибқи иттилои расмӣ, имсол хушунати зидди наврасон 30 дарсад зиёд шудааст.



Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG