Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дониёр Набиевро ба хабарнигорон нишон надоданд. ВИДЕО


Дониёр Набиев. Акс аз бойгонӣ
Дониёр Набиев. Акс аз бойгонӣ

Хешовандони Дониёр Набиев (Бобои Дона) нагузоштанд, ки хабарнигорон бо ӯ аз наздик суҳбат кунанд ва маълум нест, саломатии пирамарди 80-сола чӣ гуна аст. Дониёр Набиев, ки бо гуноҳи ифротгароӣ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуда буд, ба қавли вакили мудофеъ, рӯзи 23-юми апрел аз зиндон озод шуд. Мақомот расман озодии Дониёр Набиевро шарҳ надодаанд.

Дар моҳи январ, пас аз чаҳор моҳи боздошт, беморияш хуруҷ кард. Бино бар набудани шароити табобат дар маҳбас, ба Додгоҳи олӣ муроҷиат карда будем. Бо назардошти ин ҳама, шартан озод карда шуд.
Вакили мудофеъ

Рӯзи 26-уми апрел хабарнигорони Радиои Озодӣ барои дидани Дониёр Набиев ба хонаи ӯ дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ рафтанд. Шодӣ Набиев, бародари Дониёр Набиев, нагузошт, ки хабарнигорон ӯро аз наздик бинанд. Ӯ гуфт, ба Дониёр Набиев иҷозаи суҳбат дода нашудааст ва ӯ ҳар моҳ бояд аз қайди муқомот гузарад.

Набиев дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, саломатии бародараш хуб аст, аммо феълан наметавонад, иҷозаи вохӯриро диҳад: "Ҳозир суҳбат кардан мумкин нест. Ба худ биёяд, баъд мумкин аст, ки бо Шумо суҳбат кунад."

Дар бораи вазъи саломатии Дониёр Набиев баъди озод шудан аз зиндон танҳо аз забони хешовандонаш мешавад фаҳмид ва феълан мустақилона наметавон тасдиқ кард, ки аҳволи ӯ чӣ гуна аст.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Дониёр Набиевро шартан аз зиндон озод кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:40 0:00

Дониёр Набиев, ба гуфтаи наздикон, гирифтори бемории сил аст ва пеш аз озод шудан чанд муддат дар беморхонаи зиндон бистарӣ буд. Набиев шартан озод шудааст ва, ба қавли хешовандон, бояд дар муҳлати муқарраршуда рафта, аз қайд гузарад.

Пештар Зоир Давлатёров, вакили мудофеи Дониёр Набиев, ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти тафтишотӣ бар асоси банди 71-уми Кодекси ҷиноӣ ва бо назардошти солхӯрдагӣ ва бемори сил будан Бобои Донаро озод намуданд.

"Дар моҳи январ, пас аз чаҳор моҳи боздошт, бемории силаш хуруҷ кард. Бино бар набудани шароити табобат дар маҳбас бо ариза ба Додгоҳи олӣ муроҷиат карда будем. Бо назардошти ин ҳама, шартан ва бар асоси қонун озод карда шуд", -- шарҳ дод ӯ.

Ин дар ҳолест, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи феврали имсол дар нишасти матбуотӣ гуфт, гуноҳи Дониёр Набиев "дар додгоҳ тасдиқ шуд".

Дониёр Набиев моҳи августи соли гузашта дастгир шуд ва додгоҳ ӯро рӯзи 28-уми декабр ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард, ҳарчанд додситон хостааст, ӯро ба 6.5 сол зиндон маҳкум кунад.

Мақомот ҳанӯз озодии Дониёр Набиевро шарҳ надодаанд. Талошҳои мо барои суҳбат бо масъулини Идораи зиндонҳо рӯзи 26-уми апрел бенатиҷа буд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пас аз зиндонӣ шудани Дониёр Набиев бо нашри баёнияе, ин узви собиқи Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро ба ифротгароӣ ва кумаки молӣ ба ҷангҷӯёни тоҷик дар хориҷ муттаҳам карда буд. Ҳизб иттиҳомотро бепоя ва сиёсӣ дониста буд.

Боздошти ӯро созмонҳои байналмилалӣ маҳкум карда буданд. Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) 20-уми январи имсол бо нигаронӣ аз вазъи саломатии Дониёр Набиев (Бобои Дона) аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ӯро фавран аз зиндон озод кунад. Ин созмон дар изҳороте гуфт, "Дониёр Набиевро барои хайрхоҳӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд. Ӯ танҳо дар талоши он буд, ки ба шахсони муҳтоҷ мадад кунад." Чизе, ки мақомоти Тоҷикистон рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG