Наврӯзи Зафар, сокини 29-солаи ноҳияи Муъминободро бо гуноҳи куштани зани дувумаш Ҷавҳарбии Давлатшо ва ба худкушӣ расондани ҳамсари аввалаш ҳаждаҳ сол зиндонӣ кардаанд. Ҳукмро Додгоҳи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб охири моҳи май содир карда, тафсилоташ нав дастрас шуд. Мавқеи Наврӯзи Зафар ё хешовандонаш ба ҳукм маълум нест. Пайвандони Ҷавҳарбии Давлатшо розӣ нестанд.
Масъулони додгоҳ ҳозир нашуданд, ки ҳукми Наврӯзи Зафарро шарҳ диҳанд. Як манбаи огоҳ аз қазия бо шарти фош нашудани номаш рӯзи 19-уми июн гуфт, “ӯ бар асоси се банди қонуни ҷиноии Тоҷикистон – ба худкушӣ расондан, ғайриқонунӣ даромадан ба манзил ва куштор – аз озодӣ маҳрум карда шуд.”
Давлатшо Палтангов, падари Ҷавҳарбии Давлатшо, мегӯяд, ҳукм бе ҳузури онҳо баромадааст ва биноан бо хулосаи додрас розӣ нестанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, пештар додситон ба Наврӯзи Зафар 25 сол ҳабс талаб карда буд.
"Чанд дафъа дар мурофиа ширкат кардам. Ба ман хабар доданд, ки ҳукм пас аз нисфирӯзӣ эълон мешавад. Ба Кӯлоб омадам, дар додгоҳ гуфтанд, ки субҳ ҳукмаш содир шуд. Даъво кардам, ки чаро бе ҳузури ҷабрдида ҳукм баромад?” – гуфт ӯ рӯзи 19-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Палтангов афзуд, аз рӯйи ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят набурд, аммо дар мавриди ба гуфтааш беадолатӣ ба ҳукумати Тоҷикистон нома навишт. Ҳанӯз посухе нагирифтааст.
“Вақте додситон 25 сол зиндон хост, ду ё се сол кам мекарданд, гапе набуд, аммо якбора ҳафт сол кам кардаанд. Ҳозир баъзе аз дуздҳоро қариб ба ҳамин қадар сол ҳукм мекунанд. Ӯ одам куштааст,” – шикоят кард Давлатшо Палтангов.
Наврӯзи Зафарро дар охири соли 2025 бо гумони ба қатл расондани ҳамсари дувумаш, Ҷавҳарбии Давлатшои 27-сола, дастгир карданд. Ин зан ҳамагӣ як ҳафта пеш аз кушта шудан аз ҳамсараш ҷудо шуда буд. Мақомот гуфтанд, ба бадани ӯ ёздаҳ корд зада шудааст.
Ҳамсари аввали Наврӯзи Зафар се сол пеш худкушӣ кардааст.
Дар соли 2025 беш аз дусад зан дар Тоҷикистон қасд ба ҷони худ карда, бархе аз ҳаёт маҳрум ва чанде аз сӯйи наздикон наҷот дода шудаанд. Раиси Кумитаи занон Бунафша Файзиддинзода моҳи феврал дар нишасти хабарӣ ин оморро ташвишовар ва ҳамзамон ҳосили хушунат ё зургӯйӣ дар оилаҳо хонд.
Ҳар сол дар Тоҷикистон ҳазорҳо оила аз ҳам мепошанд, вале баҳсу ҷанҷоли тарафҳо боқӣ мемонад. Аз ҷумла, барои тақсими молу мулк, гирифтани фарзандон ва ё маскун кардани зан дар хонаи шавҳари собиқаш.
Дар соли 2025 беш аз ҳаштуним ҳазор хонавода аз ҳам ҷудо шудааст. Дар натиҷа, ба иттилои Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон, қариб ҳафтуним ҳазор кӯдак ё бе падар ва ё бе модар, ба истилоҳ зиндаятим, мондаанд.