Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мегуфтам, ки ба хотири кӯдакон тоқат кун, аммо оқибат духтарамро кушт"

Назрбӣ Боронова ва Давлатшо Палтангов, падару модари Ҷавҳарбӣ
Назрбӣ Боронова ва Давлатшо Палтангов, падару модари Ҷавҳарбӣ

Наздикони Ҷавҳарбии Давлатшо, ки аз сӯи шавҳари собиқаш кушта шуд, мунтазири онанд, ки парванда мунсифона таҳқиқ ва домоди пешинашон ҷазои муносиб гирад.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин зани 27-сола моҳи декабри соли 2025 дар манзилаш бо 11 зарби корд кушта шуд.

Ҷавҳарбӣ баъди талоқ гирифтан ба хонаи падар омад ва умед дошт, ки бо ҳамин дигар муноқишаи ӯ бо шавҳар ва ҷабру зулм поён меёбад. Аммо чунин нашуд. Ба нақли модар шавҳараш дар ҳамин ҷо ҳам ба суроғаш омад ва ӯро ба қатл расонд. Модари Ҷавҳарбӣ он лаҳза шоҳиди ҳодиса буд, вале мегӯяд коре барои наҷоти духтараш карда натавонист.

Назрбӣ Боронова
Назрбӣ Боронова

Назрбӣ Боронова, модари Ҷавҳарбӣ ба Радиои Озодӣ ҳодисаро чунин нақл кард: омаду гуфт, ки маро ҷавобамро дод, се талоқ кард, чизу чораашро овард, 9 рӯз дар хона истод. Шавҳарам ҳам бояд ҳамон рӯз меомад. Субҳ чой дам кардам, яке домоди пештара омад, хона даромад, гуфтам куҷо меравӣ, дигар зурам нарасид. Садои шарап - шарап шуд, фикр кардам, ки бо шаппотӣ зада истодааст, кордашро надидам. Гашта нигоҳ кунам, ки духтарам се бор оча гуфт ва ғалтид.

Гузориши видеоиро дар барномаи Салом хоҳар тамошо кунед:

Ба нақли наздикони Ҷавҳарбӣ духтарашон дар гузашта ҳам аз рафтори шавҳар шикоят мекард.

Давлатшо Палтангов, падари Ҷавҳарбӣ мегӯяд, ба хотири ятим нашудани кӯдакон ба духтараш машварат медод, ки тоқат кунад. "Оқибат кор ба куштор расид".

Ҷавҳарбӣ баъди ҷудо шудан аз шавҳари аввал бо Наврӯзи Зафар, ки дар ҳамсоягии онҳо зиндагӣ мекард оиладор шуд. Дар 4 соли зиндагии муштарак соҳиби ду фарзанд шуданд, яке се ва хурдӣ ҳамаги якуним сол дорад. Мард, ки ҳоло дар боздошт аст, дар гузориши видеоии Вазорати корҳои дохилӣ, ки маълум нест таҳти чӣ шароит сабт шудааст гуфт, сари қаҳру ғазаб ва аз рашк ин корро кардааст.

Аммо волидони зан мегӯянд, рашк як баҳона буд. Давлатшо Палтангов, падари Ҷавҳарбӣ мегӯяд, вақте духтарашро се талоқ дод ва бо чизу чорааш оварда партофт, "на аз рӯйи қонуни ислом ва қонуни давлат ҳақ надорад, ки дигар зану шавҳарӣ кунад, рашк пайдо кунад. Вақте дӯст медошт, фикри фарзандонашро мекард ҷавобашро намедод ва ин ҳолат намешуд. Ҳамаи ин баҳона аст, бо фалонӣ дидаму рашк кардаму. Вақте ҷавоба доди кӣ рафт, дигар аз ҳисоби ӯ баромадагӣ аст. Ин туҳмату баҳона аст."

Ба гуфтаи мақомоти ноҳияи Муъминобод, Наврӯзи Зафар баъд аз ҷудо шудан аз ҳамсари аввалааш бо Ҷавҳарбӣ издивоҷ карда буд. Зани якуми ин мард се сол пеш худкушӣ кардааст. Дар ин қазия ҳам Наврӯзи Зафарро гумонзад медонанд. Ҳоло мақомот ҳардуи ин парвандаро ҳамроҳ кардаанд.

Ҳоло ду фарзанди Ҷавҳарбӣ ва Наврӯз дар тарбияи ду оила қарор доранд, як муддат дар хонаи волидони Ҷавҳарбӣ буданд ва ҳоло ба назди хонаводаи падар бурда шудаанд.

Дар Тоҷикистон ҷабру зулм ба занон кам нашудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз ҳаштуним ҳазор хонавода аз ҳам ҷудо шудааст. Дар натиҷа, ба иттилои Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон, қариб ҳафтуним ҳазор кӯдак мисли ин ду тифли акнун маҳрум аз оғуши модар ба истилоҳ зиндаятим, мондаанд.

Як таҳқиқот маълум кардааст, ки дар 54 дар сади мавридҳо хушунату зӯроварӣ нисбати занони тоҷик аз тарафи шавҳару хешовандон ва аз сӯйи ҳамсарони собиқ сурат мегирад. Яъне дар рӯйхати озордиҳандагони занон, ҳамсарони собиқ ҳам ҳастанд, ҳарчанд ҳам ба қонунҳои дунёвӣ ва ҳам динӣ мард баъд аз талоқ додани зан ҳаққи дахолат ба зиндагии ӯро надорад.

XS
SM
MD
LG