Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Намегӯем, ӯро паронанд ё ба дор кашанд; танҳо адолат мехоҳем"

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Наздикони як зани кушташуда дар Қирғизистон даъво доранд, ки қотили ӯ ҷазои сабук гирифтааст. Земфира Ҷумъадилова соле пеш бо 12 зарби корд аз cӯйи шавҳараш кушта шуд. Додгоҳ мардро ба 11 сол зиндон маҳкум кард, вале пайвандони зан онро ҷазои сабук медонанд.

Земфира Ҷумъадилова 17 сол бо марде, ки ҳоло қотилаш шинохта мешавад, зиндагӣ кард. Ба гуфтаи наздикон, шавҳараш Нурлан Ҷумъадилов пайваста ӯро азоб медод ва латукӯб мекард.

Пайвандонаш мегӯянд, аксар вақт дар бадани ӯ осори хушунат дида мешуд. Ҷанҷоли охирини шавҳар бо Земфира бо марг анҷом ёфт. Замоне ки Земфира дар оғил гов медӯшид, Нурлан Ҷумъадилов бо корд ба ӯ ҳамла кардааст.

Ман чаҳор духтар дорам. Мехоҳам, бисёре аз модарон ҳангоми ба шавҳар додани духтарашон хотирҷамъ бошанд, ки ӯ кушта намешавад. Ин гуна "мардакчаҳо" бояд битарсанд, ки агар ҳозир ӯро кушам, маро 20 сол ҳабс мекунанд.

Дарига, духтари Земфира Ҷумъадилова, гуфт, "ӯ пайваста модарамро мезад ва озор медод. Модарам сабр мекард ва аз хона берун намешуд. Аз хурдӣ ёд дорам, ки аҳвол чунин буд. Мо фикр мекардем, ин як кори маъмулӣ дар хонаводаҳо аст. Ба мо мегуфтанд, ки дар ҳами оилаҳо чунин ҳаст.”

Рӯзе пеш аз фоҷеа Земфира мехост барои талоқ гирифтан аз шавҳараш ба додгоҳ ариза диҳад. Ба гуфтаи наздикони ӯ, Нурлан Ҷумъадилов санадҳоро гирифта, монеъ шуд. Фарзандон ба пулис занг заданд. Пулис ба мард ҳушдор дод, вале ин кумак накард.

Ба нақли муфаттишон, шавҳараш то шикастани дастаи корд ба бадани зан зарба задааст. Ӯ ҳеч коре барои сабук кардани гуноҳаш, мисли даъвати ёрии таъҷилӣ анҷом надодааст. Пизишкон гуфтаанд, вақте ба оғил даромаданд, шир сард буд ва дар ҳеч ҷое осори хун дида намешуд.

Залина Ризохонова, хоҳарзодаи Земфира Ҷумъадилова, мегӯяд, "маълум буд, ки осори хун пок карда шудааст. Ӯ пас аз ҳодиса ба назди хешовандонаш рафта, бародар, модар ва падарашро меорад. Онҳо либосҳоро иваз ва кӯшиш кардаанд, ки далелҳоро пинҳон кунанд. Пинҳон кардани делел магар ҷиноят нест? Модари ӯ мегӯяд, дар либосҳо хун набуд ва ӯ нафаҳмидааст, ки ба Земфира чӣ шудааст. Танҳо вақте куртаро боло мекунад, захмҳои кордро мебинад."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Дар оғоз додситонӣ дар пайванд ба ҳодиса ҳамчун "куштор бо бераҳмии махсус" парванда боз кард, вале додгоҳи зинаи аввал онро чун "куштори одӣ" баррасӣ намуд. Ба гуфтаи наздикони зан, гуё додрас гуфтааст, зан ҳамагӣ "ҳафт дақиқа азоб кашида, ҷон додааст" ва ин бераҳмӣ дониста намешавад.

Нурлан Ҷумъадилов ба 11 сол зиндон маҳкум шуда, ҳамчунин ҳаққи озодии пеш аз муҳлатро дорад. Наздикони Земфира ҳукми ӯро ночиз дониста, талаб доранд, ки ба мард ҷазои сахттар дода шавад. Онҳо бар ин боваранд, ки ҷониби айбдоршаванда аз шиносбозӣ ва роҳҳои дигар истифода бурда, эҳтимол ҷазоро боз сабуктар кунанд.

Зумрат Ризохонова, холаи Земфира Ҷумъадилова мегӯяд, “мо намегӯем, ӯро паронанд ё ба дор кашанд. Мо танҳо адолат мехоҳем. Ман чаҳор духтар дорам. Мехоҳам, бисёре аз модарон ҳангоми ба шавҳар додани духтарашон хотирҷамъ бошанд, ки ӯ кушта намешавад. Ин гуна "мардакчаҳо" бояд битарсанд, ки агар ҳозир ӯро кушам, маро 20 сол ҳабс мекунанд. Ҳоло ӯ ҳақ дорад, ки пеш аз муҳлат озод шавад. Ин чӣ адолат аст, ки додрас мегӯяд, ӯро Худо ҷазо медиҳад."

Наздикони Земфира мегӯянд, ин ҳарфро, ки "ӯро Худо ҷазо хоҳад дод ва шумо бо наздикони ӯ созиш кунед", додраси парванда баён кардааст. Дар додгоҳ гуфтанд, додрас чунин ҳарф нагуфтааст ва фақат масъулияти ҷонибҳоро бар асоси Кодекси ҷиноӣ шарҳ дод. Ба гуфтаи Тилек Оторов, сухангӯи додгоҳи Чуйи Қирғизистон парванда дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.

Модари Нурлан дар бораи ин ҳодиса назари дигар дорад. Шойиркул, хушдомани Земфира гуфт, баръакс, ҳамсараш писари ӯро азоб медод ва Нурлан ба хотири кӯдакон ӯро таҳаммул мекард.

Ин зан иддао кард, ки писараш рӯзи фоҷеа гуё шоҳиди хиёнати ҳамсараш шуда, дар ҳолати бади рӯҳӣ ҷиноят содир кардааст. Ӯ ба суолҳои дигари хабарнигорони "Настояшее время" посух надода, гӯширо гузошт. Вакили дифои Нурлан Ҷумъадилов низ аз шарҳи ҳодиса худдорӣ кард. Мурофиаи навбатии додгоҳи зинаи дуюм рӯзи 19-уми феврал таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG