Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми ду гумонзад ба куштани аъзои як оила дар ноҳияи Рӯдакиро содир кардааст. Куштори Шаҳло Назарова ва се фарзандаш дар моҳи сентябри имсол дар деҳаи Дарёобод нигарониҳои зиёдро ба миён овард.
Яке аз наздикони маҳкумшудаҳо бо шарти фош нашудани номаш рӯзи 15-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳукм ҳафтаи гузашта баромад.” Ба иттилои ӯ, додгоҳ Сайфулло Азимови 32-сола ва яке аз гумонбарони асосӣ дар қатли Назарова ва се фарзандашро ба ҳабси абад маҳкум кард.
Азимов қаблан дар як навори Вазорати корҳои дохилӣ, ки маълум нест таҳти чӣ шароит сабт шудааст, саҳнаи чӣ гуна куштани Шаҳло Назарова ва фарзандонашро нишон медод.
Ҳоло вокуниши пайвандони ӯ ба ҳукм феълан маълум нест. Онҳо пештар дар суҳбати бидуни микрофон гуфта буданд, ки Сайфулло Азимов аз шаҳодатҳои аввалаш даст кашидааст.
Гумонбари дуюм дар ин парванда Нуъмон Саидови 17-сола аст. Додгоҳи олӣ бо сабаби ноболиғ будан парвандаи ӯро ҷудо баррасӣ кард, аммо ҷузъиёти мурофиа ва ҳукм ба мо маълум нест.
Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, додгоҳ ҳаққи фош кардани ҳукми ноболиғро надорад. Мурофиаи ӯ паси дарҳои баста гузаштааст.
Намояндагони Додгоҳи олӣ бо сабаби қувваи қонунӣ нагирифтани ҳукм аз шарҳи масъала худдорӣ карданд. Барои ҳамин ҷузъиёти бештари мурофиаҳои додгоҳӣ феълан барои мо маълум нест.
Куштори Шаҳло Назарова ва се фарзандаш шаби 5 ба 6-уми сентябр дар манзилашон дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ рух дод. Писари ин зан 12 сола ва ду духтараш 15 ва 17 сола буданд.
Ба нақли ҳамсояҳо, ҷасади онҳоро баъди ду рӯз пайдо кардаанд. Падари ин хонавода дар Русия муҳоҷир буд ва баъди рух додани ин ҳодиса ба Тоҷикистон баргашт. Ин куштор нигарониҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.