Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лашкари азими магасҳо мардуми Сарбандро ба дод овардаанд. ВИДЕО


Сокинони деҳа мегӯянд, доме, ки барои магасҳо мегузоранд, дар камтар аз ним соат пур мешавад.

Ҳар вақт дар деҳаи Сарбанд дар наздикии обанбори Қайроқум бод мевазад, сокинони деҳа фавқуллода хурсанд мешаванд, на барои онки ҳаво салқин мешавад.

Сабабаш дигар аст ва он ҳам кӯмак бод барои дур кардани магасҳои сиёҳ ва сафедбол, ки мардуми деҳаро ба дод овардаанд. Абдуҷалил Деҳқонов, сокини деҳа мегӯяд, лашкари азими ҳашароте, ки ангезандаҳои зиёди беморӣ дорад, онҳоро на хӯрдан мемонад, на хобидан.

Абдуҷалил Деҳқонов: "Пашша (магас) бисёр. Хайрият, вақти шамол гум мешванд. Чӣ кор кунем? Вақти хӯрокхӯрӣ ба коса ҳам меафтад. Бачаҳо касал мешаванд, дар берун нишаста наметавонем." Бонувони хонавода мегӯянд, ки маҷбуранд, вақти хоби бачаҳо рӯи гавҳора, ё бистарашонро бо докаи сафед пӯшонанд.

Деҳкадаи Сарбанд, дар канори рӯдхонаи Сир замони шӯравӣ “Комсомолская” ном дошт ва ҷои сарсабзу хушбоду ҳаво аст. Дар инҷо даҳҳо хонавода зиндагӣ мекунанд. Сабаби зиёд будани магасҳои озордиҳандаро дар корхонаҳои мурғпарварӣ медонанд, ки дар канори деҳа сохта шудаанд.

Магасҳо мардуми Сарбандро ба дод овардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Бар иловаи лашкари магас, гоҳо бӯйи корхонаҳо низ ба деҳа меояд. Норӣ Зоҳидова, сокини деҳа: “"Маҷбур тирезаро пӯшида хоб мекунем." Маълум нест, то чӣ ҳад меъёрҳои ҳифзи муҳити зист ва қоидаҳои беҳдоштӣ дар корхонаҳо ва атрофи он риоят мешавад.

Аммо дар даҳсолаҳои ахир мисли деҳаи Сарбанд дар Тоҷикистон корҳо барои безарар кардани манобеи пайдоиши ҳашароти барангезандаи бемориҳо зиёд ба назар намерасад. Масъулони шаҳри Қайроқум мегӯянд, доруву имкони молии безараркунии тамоми маҳалро дар рӯзҳои густариши COVID – 19 ҳам надоранд.

Фақат як бор ва чанде пеш барои пешгирӣ аз густариши коронавируси нав чанд кӯча ва манзилҳои сокинонро бо маҳлулҳои махсус аз вирусу микробҳо пок кардаанд, ки асаре ба барангезандагони он ба мисли магас надорад.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG