Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтем, нафаси роҳат мекашем, ки якбора бало зад боз.”


Қатъи пайвастаи барқ дар Тоҷикистон ва бахусус дар шаҳри Душанбе яке аз ҳадафҳои ҳукумат барои пок кардани пойтахт аз мошинҳои бензинӣ таҳти суол қарор додааст.

Ҳоло навбатҳои дарози мошинҳои барқиро дар Душанбе, мебинед, ки бесаброна мунтазиранд, то барқ хомӯш нашуда мошинҳои худро нерӯ бидиҳанд. Чанде аз онҳо ва бахусус ронандагони таксӣ дар яке аз нуқтаҳои барқдиҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, маҷбуранд барои нерӯ додани мошинҳои худ соатҳо навбат истанду вақт талаф кунанд.

Муҳаммад, ронанда: “Мунтазир мешавед, мошинро бинед, чӣ қадар аст, 20-30 мошин аст. Вақт бисёр меравад, муштариён бисёр мунтазир мемонанд. Як соат дар навбат будам. Пеш умуман касе набуд. Оромона рафта барқ мемондему корамонро идома медодем. Бисёр ҷойҳо баста аст, лимит аст. Ман се ҷойро кофта, баъд инҷо омадам.”

Ронандаи дигар: “Тақрибан як ҳафта шуд, ки ҳар куҷое меравед, навбат аст. Даъво, ҷангу ҷанҷол. Нест дар ҳама ҷо. Банд аст. Лимит кардаанд.”

Камбуди барқ барои нуқтаҳои барқдиҳии мошинҳо ҳам дарди сар шудааст. Ба гуфтаи ронандагон, дар бисёр нуқтаҳо аз соати 9 - 10 субҳ ва баъд аз соати 16 - 17 шом барқ нест. Барқ, ки омад, навбатҳо ҳам дароз мешаванд.

Мошинҳои барқӣ дар Душанбе дар ду соли ахир якбора афзуданд.
Мошинҳои барқӣ дар Душанбе дар ду соли ахир якбора афзуданд.

Муҳаммад, ронанда: “Мо шаб мегузорем, ки саҳар мушкил нашавад. Шаб 2-3 соат меистем дар навбат. То соати 10-11 меистем. Ҳаво хунук аст, мошин нерӯи барқ зиёд мегирад. Ҳама ҷой ҳамин гуна аст. Шаб кор намекунад, то соати 5 лимит аст. Ҷустӯҷу карда мегардем, куҷое ёфтем, навбат меистем. Зимистон сахт аст. Зимистон азоб кашидем, 2 бор ба барқ мемондем.”

Қамариддин, ки бо таксиронӣ дар Душанбе рӯз мегузаронад, имсол мошини барқӣ харид, то харҷаш каму кораш осон шавад, аммо бебарқӣ ӯро аз ояндаи кораш нигарон кардааст. Ӯ гуфт: “Ҳамин барқ набуданаш моро ғам медиҳад. Ду-се рӯз пеш ингуна набуд. Се-чаҳор рӯзи ахир бадтар шудааст. Вазъияти бензин вазнин буд, аз вай беҳтар ёбем гуфта, газ задем, газ аз он вазнин шуд, бо мошини барқӣ расидем. Гуфтем, андаке нафаси роҳат мекашем, ки якбора бало зад боз.”

Ронандагони мунтазир дар Душанбе на танҳо аз худи пойтахт балки аз ноҳияҳо ба мисли Ваҳдату Норак низ ҳастанд, чун дар он ҷойҳо аҳволи таъмини барқ бадтар аст.

Фирӯз, ронандаи таксӣ: «Дар як рӯз ду бор нерӯи барқ мемонем. Бо як бор намерасад. Барои он ки аз саҳар мебароем. Дар хизмати халқ мегардем. Ҳам хизмати халқ, ҳам рӯзгори худамон. Дирӯз ман поёни Наврӯзгоҳ рафтам, номи ман дар навбати 16 буд. Ин мошинҳо 45 дақиқа ё тақрибан як соат нерӯ мегиранд. Шумо ҳисоб кунед, агар ман онҷо 16 соат навбат истам, қариб як рӯз бояд навбат истам.”

Аҳвол то ҳадде бад аст, ки мошинҳои барқӣ дар нимароҳ мемонанд ва маҷбуранд, барои эвакуатор пул бидиҳанд, то онҳоро ба нуқтаҳои барқдиҳӣ бирасонанд. Аз ин рӯ харҷ назар ба даромад зиёд шудааст.

Фирӯз, ронандаи таксӣ: «Ҳар рӯз харҷи ман 400 сомонӣ шуда истодааст. Зарари зиёд мерасонад. Сар ба нӯг мешавад. 40-50 сомонӣ мемонад.»

Бештари таксиҳо дар Душанбе мошинҳои барқӣ ҳастанд. Рӯзҳои ахир бо пеш омадани камбуди барқ дар нуқтаҳои барқдиҳӣ бархе аз мусофирон ҳам аз камчин шудани таксӣ шикоят мекунанд. Назари масъулини нуқтаҳои барқдиҳии электромобилҳо маълум нест.

Мақомот расман маҳдуд шудани барқ дар пойтахтро шарҳ надоданд, аммо як корманди “шабакаҳои тақсимоти барқ” гуфт, супориш шудааст, ки интиқоли барқ дар баъзе аз чунин нуқтаҳо дар вақти таъмини хонаҳо бо барқ, танзим шавад.

Ба гуфтаи вай, агар барқ дар чунин нуқтаҳо хомӯш нашавад, мумкин аст, ҳазорон нафар дар баландошёнаҳо бе барқ монанд. Як сабаби сахт шудани таъмини барқ дар пойтахтро имсол бархе аз таҳлилгарону сокинон ба афзун шудани мошинҳои барқӣ вобаста медонанд.

Сокини пойтахт: “Шаҳр бисёр хурд аст. Мошин бисёр зиёд шудааст. Таксиҳои электромобил як мушкил меоранд, ки барқ намерасад, барои истифода бурдани сокинони шаҳр. Ин мушкили беҳад калон аст. Хона меоед, барқ нест, барои он, ки электромобил барқи шуморо мегирад. Шумо бе барқ мешинед.”

Ба ҳисоби миёна, як соли ахир шумораи мошинҳои барқӣ бештар шуда ба 12 ҳазор адад расидааст. Дастури шаҳрдорӣ аст, ки бояд ҳама таксиҳо дар пойтахт ба электромобилҳо иваз карда шаванд. Ҳукумат ҳам бештар шудани худравҳои барқиро татбиқи барномаи “иқтисоди сабз” меномад, аммо сокинон, ки бе ин ҳам аз вазъи нақлиёт дар шаҳр розӣ нестанд, аз он нигаронанд, ки дар фасли сармо ва авзоъ эҳтимол бадтар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG