Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода: "Ҳадаф расондани мушкили мардум ба мақомот буд" ВИДЕО, САДО


Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Эътирози як ронандаи таксӣ аз бекорӣ дар Тоҷикистон ва бетаваҷҷуҳии мақомот ба сарнавишти мардум дар панҷ рӯзи ахир вокунишҳои гуногунро ба бор овард. Аксарият аз ҷуръати Абдусаттор Пирмуҳаммадзода барои баёни мушкилот ситоиш кардаанд, вале худи ӯ 20-уми ноябр нахост тафсилот диҳад. Як намояндаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, аз эътирози ӯ хабар доранд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода пештар дар радиои "Садои Душанбе" кор мекард. Ба гуфтаи худаш, пас аз рафтан аз кор ва барои рӯзгузаронӣ пушти чанбараки таксӣ нишаст.

Навори муроҷиати ӯ 16-уми ноябр дар шабакаи Фейсбук гузошта шуд ва дар муддати кӯтоҳ ба мавзӯи суҳбати хосу ом табдил ёфт. Видеоро дар Фейсбук беш аз ду ҳазор кас писандида, 737 нафар шарҳ навиштанд ва зиёда аз 600 бор паҳн кардаанд. Пирмуҳаммадзода бештар аз ҷаримаҳои ҳангуфт ва бекории саросарӣ дар Тоҷикистон шикоят кард ва аз бетаваҷҷуҳии мақомоту нирӯи муҳоҷирон низ гуфт.

"Фикри мардуми камбағаларо намекунед? Чӣ кор кунанд онҳо? Ҷойи корашон-ку ёфта наметавонед. Ҷойи корӣ надоред. Пас, монед, ки зиндагиашонро пеш баранд", -- гуфт ӯ дар навораш.

Мушкилоте, ки аксарият дар Тоҷикистон ба он дучор шудаанд, вале аз гуфтанаш худдорӣ меварзанд. Ин аст, ки дар панҷ рӯзи гузашта чандин корбари Радиои Озодӣ мепурсиданд, оё мақомот ба дарди дили Абдусаттор Пирмуҳаммадзода гӯш додаанд ё ба ӯ фишор овардаанд.

Тибқи навиштаи баъзе аз корбарон, намояндагони мақомот гуиё ӯро дар бораи видеояш пурсидаанд, аммо худаш инро рад ё тасдиқ накард.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода рӯзи 20-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз гузоштани видео дар Фейсбук шахсони зиёде, бахусус муҳоҷирон, барои мадад ба ӯ изҳори омодагӣ карданд, аммо пешниҳодҳоро напазируфтааст. Ӯ гуфт, ҳадаф аз пахши навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ расондани мушкили мардуми одӣ ба мақомот буд.

"Бародарон аз Русия ва кишварҳои дигар навиштанд, ки кумак кунем. Шахсан ба ин шакл ба ман даркор нест. Қувват дорам, Худо хоҳад, боз кор мекунам. Ман танҳо хостам, дарди халқро ошкор кунам, то мардуми боло бидонанд, ки мо – мардуми табақаи поёнӣ чӣ ҳол дорем", -- афзуд Пирмуҳаммадзода.

Садояшро дар инҷо бишнавед:

Садои Абдусаттор Пирмуҳаммадзода: Хостам, дарди мардумро ба "боло" бирасонам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00
Линки мустақим

Мақомот дар бораи эътирози ин ронандаи таксӣ то ҳол расман вокуниш накардаанд. Як мансабдори баландпояи Вазорати нақлиёт, ки бахши мусофиркашониро дар кишвар назорат мекунад, рӯзи 20-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз эътирози Пирмуҳаммадзода хабар доранд.

Ин мақоми Вазорати нақлиёт гуфт, онҳо роҳҳоеро баррасӣ доранд, ки чӣ гуна кори таксиҳои машҳур бо номи “5 сомонӣ”-ро қонунӣ кунанд, то барои ронандаҳо мушкил нашавад.

Баъди нашри хитоби танқидӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода куҷо шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:40 0:00

Таксиронӣ ҳоло яке аз манбаҳои даромад барои онҳое аст, ки дар пайи паҳншавии бемории COVID-19 натавонистанд ба Русия бираванд.

Ба ҷуз ин, кам нестанд шахсоне, ки мегӯянд маоши мегирифтаашон кам аст ва барои пеш бурдани рӯзгор маҷбуранд баъд аз адои соати корӣ ба мусофиркашонӣ кунанд.

Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе, ҳоло дар пойтахт 11 ширкати таксиронӣ бо беш аз ду ҳазор нақлиёт ба мардум хизмат мекунанд. Таксиҳои “5 сомонӣ” ба ин омор ворид намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (62)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG