Ҷасминаи Ширинҷон, сокини 21-солаи деҳаи Даштак дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, аз тире, ки ба нақли манбаъҳои Радиои Озодӣ "аз сӯйи Афғонистон расид", ҷон бохтааст.
Дар он тарафи марз, дар ноҳияи Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистон, даргирии нерӯҳои ҳукумати "Толибон" ва афроди як фармондеҳи норозии ин гурӯҳ, Ҷумъахони Фотеҳ, ҷараён дорад. Нусайи Афғонистон дар рӯ ба рӯи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҷойгир аст.
Ҳодиса пас аз зуҳри 13-уми август рӯй додааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора хабар надоданд.
Чанд манбаи огоҳ дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон рӯзи 13-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки Ҷасминаи Ширинҷон "аз тирандозӣ аз самти Афғонистон ба ҳалокат расидааст".
Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ, "ин сокини ноҳияи Дарвоз аз шикамаш тир хӯрда, дар роҳ ба сӯйи бемористони марказии ноҳия ҷон дод." Вай 21-сола ва соҳиби як кӯдак буд.
Ин ҳодиса ва даргирӣ нигарониҳоро дар миёни сокинони ноҳияи марзии Дарвоз ба миён овардааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи манбаъҳои Радиои Озодӣ дар Дарвози Афғонистон, як чархболи нерӯҳои “Толибон” дар ноҳияи Нусай бар асари тирандозии нерӯҳои вафодор ба фармондеҳи норозии ин гурӯҳ, Ҷумъахони Фотеҳ, сарнагун шудааст.
Баъзе аз расонаҳои Афғонистон навиштанд, ки бар асари ин ҳодиса ҳафт сарнишини он ҷон бохтаанд. Ба гуфтаи манбаъҳо, ин чархбол дар ҳоли интиқоли захмиёни ин гурӯҳ будааст ва илова бар сарнишинони чархбол як кӯдак низ кушта шуда, чаҳор тани дигар захмӣ шудаанд, чун он дар манзили яке аз сокинон сарнагун шудааст.
Даргирӣ миёни нерӯҳои хоси ҳукумати “Толибон” ва афроди фармондеҳи норозии ин гурӯҳ, Ҷумъахони Фотеҳ, се рӯз пеш шуруъ шуд. Ин даргирӣ пас аз он оғоз ёфт, ки ҳукумати марказии “Толибон” барои саркӯби Ҷумъхони Фотеҳ тариқи замин ва ҳаво ба Нусай нерӯҳои тозанафас фиристод.
Гуфтугӯ