Ҳавои сарди зимистон дар Афғонистон дастикам 61 нафарро ба ҳалокат расондааст. Вилоятҳои марказӣ ва шимолии кишвар чанд рӯзи ахир зери тӯфон мондаанд.
Як мақоми ҳукумати Толибон шумори ҳалокшудагонро эълон кард. Муҳаммад Юсуф Ҳаммад, сухангӯи Идораи мубориза бо офатҳои табиӣ гуфт: "Бар асари барфу борони зиёд 61 ҳамватани мо ба ҳалокат расиданд. 110 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 458 хона пурра, ё қисман вайрон шудаанд.”
Ба гуфтаи мақомот, бар асари тӯфон ва сели баъди боронгариҳои зиёд, дасти кам 9 кӯдак кушта шудаанд. Боди сахту боронҳои зиёд дар вилояти Қандаҳор рӯзи чаҳоршанбеи гузашта шаш кӯдакро ба ҳалокат расонд. Дар вилояти шарқии Нуристон рӯзи чаҳоршанбе бар асари сел дар деҳаи Қурайш се аъзои як хонавода ба ҳалокат расида, ду тани дигар захмӣ шудаанд.
Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта барфи зиёд зиндагии мардумро сахт кард. Хабарнигорои “Франс Пресс” мегӯяд, дар вилояти Ғазнӣ, дар давоми 24 соат тақрибан 80 сантиметр барф борида, бозорҳо ва роҳҳоро бастааст.
Барфи зиёд боиси тарма, вайронии хонаҳо ва бастани роҳҳо шудааст. Як чӯпон аз вилояти Нуристон бо ирсоли видео ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чорвои худро бар асари тӯфон аз даст додааст. Ӯ гуфт: Тӯфон ногаҳон сар шуд . Бузҳоро аз нишебӣ ба поён партофт. Дутояш ҳанӯз ин ҷо зери барф хобидаанд. Панҷ бузро забҳ карда, панҷтои дигарро аз зери барф берун кашидам."
Дар Афғонистон чанд шоҳроҳи бузург баста шудааст, рустоҳо ҳам дар инзиво мондаанд. Фалокат дар замонест, ки гӯшаҳое аз Афғонистон аз заминларзаҳои соли гузашта ҳанӯз барқарор нашудаанд. Дар натиҷаи заминларзаи вайронгар дар соли 2025 бештар аз 600 нафар кушта ва 1500 каси дигар захмӣ шуданд.
Фалокатҳои табии нав аҳволи Толибони ҳоким бар Афғонистон ва мардуми онро бадтар мекунад, ки бо бӯҳрони башарӣ даст ба гиребон ҳастанд, кӯмакҳои байналмилалӣ ҳам камтар мегиранд.