Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch мақомоти Олмонро барои ба Тоҷикистон бозпас фиристодани намояндаи мухолифин, Асадулло Бобоев, танқид кард.
Ҳю Вилямсон, намояндаи ин созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ, гуфт: "Олмон уҳдадориҳои худро барои ҳимоят аз касоне, ки ҳангоми ихроҷ шудан бо бадрафторӣ ва поймоли ҷиддии ҳуқуқ рӯ ба рӯ ҳастанд, иҷро намекунад."
Вай рӯзи 7-уми июл дар баёнияе афзуд, Асадулло Бобоев барои танқидҳояш аз ҳукумати Тоҷикистон ҳадаф қарор гирифтааст ва "Олмон бояд баррасӣ кунад, ки чаро ӯ дар чунин шароит ронда шуд ва ҳам дар мавриди боздошташ ба мақомоти Тоҷикистон фишор оварад."
Сарфи назар аз нигарониҳо аз эҳтимоли шиканҷа ва зиндонӣ шудан, мақомоти Олмон моҳи июни имсол Асадулло Бобоев ва писарашро аз ин кишвари аврупоӣ ба Тоҷикистон ихроҷ карданд.
Худи ӯ пештар ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, як созмони мухолифи ҳукумат аст ва дар Тоҷикистон ӯро ба тундгароӣ гумонзад медонанд. Шарҳи ҷониби Тоҷикистон дастрас нест. Хадамоти муҳоҷирати Олмон гуфтаанд, ӯро барои мушкил дар санади иқомат ва ба поён расидани муҳлати зист боздошт карданд.
Мастона Файзуллоева, ҳамсари Асадулло Бобоев, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомот дар Душанбе шавҳари 54-солаашро ба боздоштгоҳ бурда, писари нуздаҳсолааш Муҳаммадро ба дасти модарбузургаш додаанд.
Аз Абдуллоҳи Шамсиддин то Саидаъзам Раҳмонов
Бори аввал нест, ки мақомоти Олмон намояндагони мухолифин ё мунтақидони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ба Душанбе мефиристанд. Олмон аз соли 2023 то кунун Абдуллоҳи Шамсиддин, Билол Қурбоналиев ва Дилмурод Эргашевро ба Тоҷикистон фиристодааст. Ҷое, ки онҳо бо иттиҳомҳои, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, сохта аз 7 то 10 сол зиндонӣ гаштанд.
Дидбони Ҳуқуқи Башар дар изҳороташ аз қазияи Саидаъзам Раҳмонов низ ёд овардааст. Вай, ки аз соли 2019 дар Олмон мезист, тобистони соли 2025 ба Тоҷикистон рафт, то ҳуҷҷатҳои заруриро барои тамдиди виза дар Олмон ҷамъ биоварад, аммо дертар дастгир шуда, баъди як ҳафта дар шароити мармуз ҷон дод.
Дар ҳоле ки мақомот гуфтаанд, “ӯ худкушӣ кард”, баъзе аз наздиконаш бо шарти фош нашудани ном гуфтанд, ки дар бадани Саидаъзам Раҳмонов осори шиканҷаро диданд.
Худсонсурӣ ва фаъолиятҳои маҳдуди сиёсӣ
Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфт, ин қазияҳо далели онанд, ки додгоҳҳо ва хадамоти муҳоҷиратии Олмон бояд ихроҷи мухолифон ва мунтақидони ҳукуматро ба Тоҷикистон як амри одӣ напиндоранд.
“Қонунҳои байнулмилалӣ бозгардондани ҳар касро ба кишваре, ки дар он бо хатари воқеии шиканҷа рӯ ба рӯ аст, манъ мекунанд. Ин мамнӯият ба таври рӯшан дар чанд паймоне, ки Олмон ҳам пазируфтааст, оварда шудааст. Бо вуҷуди афзоиши далелҳое, ки танқидгарони ҳукумат рост ба дасти хадамоти саркӯбгари амниятӣ меафтанд, Олмон бозгардондани шаҳрвандони Тоҷикистонро идома дод," – гуфта шудааст дар изҳороти Human Rights Watch.
Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтаанд, ин ҳолатҳо фазои густурдаи тарсу ҳаросро дар миёни паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо ба вуҷуд овардаанд: "Фаъолон ва аъзои ҷомеа худро сонсур ва фаъолиятҳои сиёсиро маҳдуд мекунанд, зеро медонанд, ки ҳузури онҳо дар кишварҳои аврупоие чун Олмон ягон замонати амниятӣ надорад."
"Олмон бояд ба уҳдадории худ барои мубориза бо саркӯб дар ҳама шаклҳояш, аз ҷумла вақте сухан дар бораи Тоҷикистон меравад, пойбанд бошад," – хулоса кардааст Ҳю Вилямсон, намояндаи Дидбони Ҳуқуқи Башар.