Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори шадиди Рутте: “НАТО ҳадафи навбатии Русия аст”


Марк Рутте, дабири кулли НАТО. Берлин, 11-уми декабри 2025
Марк Рутте, дабири кулли НАТО. Берлин, 11-уми декабри 2025

Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) ба аъзои ин эътилофи ҳарбӣ ҳушдор дод, ки таҳдиди Маскавро ҷиддӣ гиранд, зеро ин кишварҳо метавонанд "ҳадафи навбатии Русия" бошанд.

Марк Рутте 11-уми декабр дар яке аз шадидлаҳнтарин баёнияҳои худ дар Берлин гуфт, 32 узви НАТО бояд омодагии дифоиро барои пешгирӣ аз ҷанг бо Русия таҳким диҳанд. Вай ишора кард, ки ҷанги нав бо Русия метавонад "ҳамсанг бо ҷангҳое бошад, ки бобо ва бобокалонҳои мо аз сар гузаронидаанд".

"Мо ҳадафи навбатии Русия ҳастем. Ва аллакай осеби хатарнок дар роҳи мост," -- гуфт Рутте ва афзуд, ки Русия метавонад дар панҷ соли оянда омодаи корбасти нерӯҳояш бар зидди НАТО шавад.

Вай изҳори нигаронӣ кард, ки “бисёриҳо ба худдории сокит машғуланд” ва фикр мекунанд, бо гузашти замон мушкил ҳал мешавад. Дар ин замина Рутте ба афзоиши сармоягузорӣ ба нерӯҳои мусаллаҳи НАТО даъват намуд.

НАТО аз оғози ҳамлаи густардаи Русия ба Украина, ки қариб чор сол аст, идома дорад, дар ҳолати изтироб ба сар мебарад.

Кремл густариши НАТО-ро ба самти худ яке аз сабабҳои оғози ин ҷанг меномад, ки то ҳоло ҷони тақрибан 1 миллион нафарро рабудааст.

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 2-юми декабр ба қудратҳои аврупоӣ ҳушдор дод, агар онҳо бо Русия "ҷанг" оғоз мекунанд, Маскав омодааст ҷанг кунад.

Дар ин байн ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия борҳо ба ҳарими ҳавоии кишварҳои узви НАТО ворид шудаанд.

Навори суҳбати Марк Рутте бо хабарнигори Радиои Озодӣ аз моҳи ноябри 2025:

Оё метавон ба Путин бовар кард? Назари дабири НАТО
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00
XS
SM
MD
LG