Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой. Ихтилофҳои амиқ паси "арзишҳои муштарак"

Нарендра Моди (чап), сарвазири Ҳиндустон, Владимир Путин (байн), президенти Русия ва Шавкат Мирзиёев (рост), раисҷумҳури Узбекистон
Нарендра Моди (чап), сарвазири Ҳиндустон, Владимир Путин (байн), президенти Русия ва Шавкат Мирзиёев (рост), раисҷумҳури Узбекистон

Дар шаҳри Бишкек, маркази Қирғизистон, ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор шуд. Онҳо рӯзи якуми сентябр ба эъломияе имзо гузоштанд, ки ба муқобила бо ифротгароии диниву терроризм ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир таъкид мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

"Фаъол гардондани Маркази зидди маводи нашъадор ва Маркази мубориза бо хатару таҳдидҳои амниятӣ дар фурсатҳои наздиктарин метавонад аз ҷумлаи табдирҳои муштараки муассир дар ин самт бошад," -- гуфтааст раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ӯ дар ҳамин нишаст хостааст, ҳамаи низоъҳо, аз ҷумла дар Ховари Миёна ва бавижа Эрон бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал шаванд.

Нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Бишкек дар ҳоле баргузор шуд, ки ин созмон ба остонаи 25-солагии таъсиси худ қадам мегузорад. Нишаст ҳам дар як марҳилаи ҳассоси бархӯрдҳои геополитикӣ доир гашт, ки ба бисёре аз аъзои ин гурӯҳ мустақиман дахл дорад.

Эрон бо Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли ҷанг аст, ҷанги Русия алайҳи Украина бидуни ҳеч нишонае аз коҳиш идома дорад, Чин бо фишори афзояндаи тиҷоратии Амрико рӯ ба рӯ аст ва ду қудрати ҳастаӣ – Ҳиндустон ва Покистон – бо вуҷуди рақобати амиқ сари як миз менишинанд.

Нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой. Бишкек, 1-уми сентябри 2026
Нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой. Бишкек, 1-уми сентябри 2026

Чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ – Қирғизистон мизбони нишаст, Тоҷикистон ва Қазоқистону Узбекистон на танҳо бозигарони минтақаӣ, балки як ҳадафи қудратҳои гуногун, аз ҷумла Чин, Русия, Ҳиндустон ва Иёлоти Муттаҳида барои афзоиши нафузи худ дар онҳо мебошанд.

Нурлан Ермекбоев, дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аз Қазоқистон, дар мусоҳиба бо як рӯзномаи Чин “рӯҳияи Шонгҳой”-ро сутудааст, ки ба қавли вай рӯҳия бар асоси боварӣ, эҳтиром ва манфиати мутақобила асос ёфтааст.

Аммо паси ин “арзишҳои муштарак” ихтилофҳои амиқ ниҳонанд ва аъзои созмон аз минбари Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой барои пешбурди ҳадафҳои хусусӣ ва аксаран мухолиф ба ҳам истифода мебаранд.

Эмил Ҷӯраев, таҳлилгари сиёсии қирғиз, мегӯяд: “Ҳар як узви созмон мавқеи хоси худро дорад ва дидгоҳи қудратҳои бузург аз якдигар фарқ мекунад”.

Ба гуфтаи Ҷӯраев, Чин ва Ҳиндустон “дар бисёр масъалаҳо мавқеъҳои гуногун доранд ва байни онҳо масъалаҳои баҳсбарангез мавҷуданд. Русия талош дорад ба ҷаҳон таъсир расонад ва ҷанг дар Украинаро беист идома медиҳад. Илова бар ин, Эрон низ ҳаст, ки даргири ҷанг бо Амрикост ва ҳама мунтазиранд, ки Теҳрон чӣ гуна гом бархоҳад дошт».

Нишасти 26-уми солонаи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар ҳоле сурат мегирад, ки аз таъсиси он тавассути Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон 25 сол пур мешавад.

Бо пайвастани Ҳиндустон, Покистон, Эрон ва Беларус, инчунин бо назардошти кишварҳои нозир ва шарикони муколама, созмони мазкур тақрибан нисфи аҳолии ҷаҳон ва тақрибан сеяки иқтисоди ҷаҳониро фаро мегирад.

Бо вуҷуди ин, нишастҳои гузашта ҳеч қарори сарнавиштсозе ба бор наовардаанд ва барои аъзои хурду бузург ин мулоқот бештар ҷанбаи намоишӣ доранд ва равишҳои сиёсии онро асосан Русия ва Чин муайян мекунанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Раҳбарони кишварҳои минтақа дар Бишкек чӣ гуфтанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00
Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG