Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазои ҷиноӣ барои чоплусӣ? Пешниҳод дар авҷи ситоишҳо

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон. Шаҳри Душанбе, 14-уми июли 2026
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон. Шаҳри Душанбе, 14-уми июли 2026

Бо вуҷуди навишта шудани садҳо шеъру мақолаву китоб дар бораи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, масъулони Вазорати фарҳанг ин теъдодро нокофӣ донистанд.

Онҳо рӯзи шашуми июл дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфтанд, ки бояд дар бораи раисҷумҳур китобҳои бештар навишта ва нашр карда шавад. Ин дар ҳолест, ки ҳукуматдории беш аз сисолаи Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ситоишҳои ҷонибдоронаш танқидҳои зиёдеро низ ба ҳамроҳ дорад.

Матлубахон Сатториён
Матлубахон Сатториён

“Мо нашри силсилаи китобҳоро барои саҳми пешвои муаззами миллат, президенти ҷумҳурӣ дар рушду нумӯи Тоҷикистон, аз ҷумла пешрафти соҳаи фарҳанг ба нақша гирифтагӣ ҳастем,” – гуфт Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 зимоми раҳбарии Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад. Дар ин муддат шоирону нависандагон ва мансабдорону чеҳраҳои дигар дар бораи ӯ осори зиёде нашр кардаанд.

Аз ҷумла, пас аз он ки ӯ дар соли 2016 мақоми пешвои миллатро гирифт, дар донишгоҳу пажуҳишгоҳҳои зиёд китобу суханрониҳояш тадрис ва тадқиқ мешаванд. Ҳарчанд худаш борҳо гуфтааст, ки ӯро тавсифу таъриф накунанд, ин раванд баръакс солҳои охир авҷи бештар гирифтааст.

Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг, дар нишасти хабарии ин ниҳод рӯзи шашуми июл гуфт, “ҳар қадар дар васфу ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмон китоб нашру таҳия кунем, кам аст.”

“Дар масъалаи ба дасти хонандагон ройгон расонидани “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ. Ин ташаббуси беназирро тамоми форсзабонони дунё истиқболи гарму самимӣ гирифтанд. Китоби “Шоҳномаи Раҳмонӣ”-и камина низ дар ҳолати омода шудан аст, ки то рӯзи 35-солагии истиқлолият нашр хоҳад шуд,” – илова кард ӯ.

"Онҳо бояд ба мардум хидмат кунанд"

Зафари Сӯфӣ
Зафари Сӯфӣ

Ҳарчанд мансабдорон ва шуморе аз аҳли эҷод нашри китоб ва шеъру достонро дар васфи Эмомалӣ Раҳмон ба поси хидматҳои раисҷумҳур дар замони истиқлол маънидод мекунанд, шоир ва рӯзноманигор Зафари Сӯфӣ бар ин аст, ки "ҳадаф тамаъ ва тамаллуқ аст".

"Бузургии "Шоҳнома" ва сарояндаи он, Ҳакими Тӯсӣ, дар он аст, ки ӯ хираду доноиву дод, яъне адлро бунмояи осори худ қарор дода буд. Ва ӯ хираду доноиву додро васф кард. Шоҳро не. Ҳокимро не. Ин аст, ки "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ дар ҷаҳон беназир аст. Омадан ва инро ба ин сатҳ поин овардан нашнохтани ҷойгоҳи Фирдавсӣ аст," – изҳор дошт ӯ.

Темур Варқӣ, рӯзноманигори тоҷики муқими Аврупо, низ мегӯяд, навиштани ин гуна осор ва як навъ мусобиқаи эҷодкорон барои ситоиши раисҷумҳур баёнгари он аст, ки “ҷомеаи Тоҷикистон сахт бемор аст”.

Темур Варқӣ
Темур Варқӣ

Вай афзуд: “Ман чунин меҳисобам, ки бояд дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон чоплусӣ ба амали фасоду ришва баробар карда шавад. Чоплусӣ аз мансабдорон, бигзор ин мансабдор ё роҳбари давлат ё вазир ва ҳар шахсе, ки мансаберо дар ихтиёр дорад. Ин гуна шахсон бояд ба мардум хидмат кунанд, зеро мардум барои ин кораш ба ӯ ҳақмузд медиҳанд. Ӯро мардум барои он ба ин мақом баргузидаанд, ки ба мардум хидмат кунад.”

Ҷонибдорони ҳукумат дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои, ба гуфтаашон, хатми ҷангу созиши сулҳ, бунёди роҳу нерӯгоҳ ва баромадан аз бунбасти иртибототӣ меситоянд.

Аммо Тоҷикистон, ки моҳи сентябри имсол ба мустақилияш 35 сол пур хоҳад шуд, дар гузориши созмонҳои ғарбӣ, аз ҷумла Хонаи Озодӣ, Афви Байнулмилал ва Шаффофияти Байнулмилал ҳамвора кишвари фақиру худкома ва фасодзада номбар мешавад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Китобҳо дар бораи Э.Раҳмон. Варқӣ: "Ин чоплусӣ аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:37 0:00
  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG