Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи барқи Тоҷикистон Кобулро "торикистон" кардааст


Қатъи интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон шаҳри Кобулро ба гуфтаи сокинонаш ба "торикистон" табдил додааст. Пойтахти Афғонистон ҳамакнун дар як шабонарӯз танҳо 2 соат барқ дорад. Ҳарчанд ширкати барқи ин кишвар "Брешна" ваъда карда буд, ки имсол барқи 24-соата дар Кобул фароҳам мекунад, ҳанӯз ҳам ба ин ваъдаи худ вафо накардааст.

Мардуми Кобул дар суҳбат бо бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тамоми кору зиндагӣ вобаста ба нерӯи барқ аст, аммо дар се шабонарӯзи ахир соатҳо аз барқ маҳрум будаанд. Ба гуфтаи онҳо, бинобар паҳншавии коронавирус, дарсҳои донишҷӯён ва мактабхонҳо ҳам ҳам онлайн ё фосилавӣ сурат мегирад, аммо бинобар бебарқӣ дар ин рӯзҳо, аз дарс ҳам маҳрум ҳастанд.

Нур Саид ва Ҷовид, ду донишҷӯи сокини шаҳри Кобул ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "ду-се рӯз аст, ки барқ надорем. Гармӣ зиёд аст. Аз ҳукумат мехоҳем то мушкилоти барқро ҳал кунад. Бинобар густариши коронавирус натавонистем дарсҳои онлайнии худро ҳам пеш барем, чун барқ нест".

Ширкати "Брешна" гуфтааст, мушкили асосӣ қатъи барқи Тоҷикистон аст. Ваҳидуллоҳ Тавҳидӣ, сухангӯи ин ширкат рӯзи 28-уми июл ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон аз 400 мегават барқ ба Афғонистон танҳо 40 мегават барқ медиҳад.

Тавҳидӣ мегӯяд, ширкати "Брешна" дар ҳоли гуфтугӯ бо Узбекистон аст то ҳар чи зудтар барои камбуди барқ роҳи ҳалле пайдо шавад. Ӯ афзуд, "Узбекистон як вақте мехост, дар шабонарӯз 400 мегаватт барқ бидиҳад, аммо ҳоло 250 мегават барқ дар рӯз ва 400 мегаватт барқ дар шаб медиҳад."

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон чаҳор сол пеш гуфта буд, ин кишвар зарфияти тавлиди 310 ҳазор мегаватт барқи обӣ, бодӣ ва офтобиро дорад. Аммо дар ҳоли ҳозир танҳо 20 дарсади барқ мавриди ниёзи Афғонистон дар дохили ин кишвар тавлид мешавад. Коршиносон мегӯянд, Афғонистон дар ҳоли ҳозир ба 11 ҳазр мегаватт барқ ниёз дорад.

Ҳарчанд интиқодҳо аз ҳукумат ба хотири тавлиди барқи дохилӣ вуҷуд дорад, ҳукумат камбуди будҷа ва сармоягузории хориҷиро сабаби аслии ин мушкил медонад.

Ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки дар пайи шадидан кам шудани оби обанбори нирӯгоҳи Норак маҷбур шудааст дар фасли гармо дар кишвар "лимит" ё маҳдудияти нерӯи барқро ҷорӣ кунад, то мардум дар тирамоҳу зимистон ба мушкили ҷиддӣ дучор нашаванд. Ҳукумат рӯзи 28-уми июл дар изҳороти расмӣ аз кам шудани об дар рӯдхонаҳои Вахшу Панҷ ҳам хабар дод ва гуфт, "чунин вазъият дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад".

Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" мегӯянд, ба далели камии об дар дарёи Вахш маҷбур шуданд аз 16-уми июл содироти барқро ба Узбекистон низ коҳиш диҳанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG