Пайвандони Комилҷон Наҷмиддинов аз ноҳияи Файзобод мегӯянд, ки ӯ як сол пеш дар шароити барояшон норӯшан аз Красноярск ба ҷанги Русия алайҳи Украина бурда шуда, моҳҳо боз бедарак аст. Маълум нест, асир афтода, маҷруҳ ва ё кушта шудааст.
Мақомот дар Тоҷикистон ва Русия дар бораи сарнавишти Комилҷон Наҷмиддинов шарҳе намедиҳанд. Бародараш, Шодибек Наҷмиддинов, рӯзи 29-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хабари расмии гум шудани Комилҷон ҳамагӣ се моҳ пеш ба онҳо расид.
"Комиссариати ҳарбии Красноярск номаи қисми низомиеро ба мо фиристод, ки Комилҷон дар онҷо хидмат мекард. Дар нома навишта шудааст, ки ӯ 26-уми январи соли 2025 нопадид гашт," -- афзуд вай.
Ба қавли Шодибек Наҷмиддинов, бародараш Комилҷон 39-сола буда, то моҳи декабри соли 2024 дар вилояти Красноярски Русия ба хариду фурӯши чорво машғул будааст.
"Аз соли 2008 ба Русия рафта меомад. Ҳоло бародари калониям барои гирифтани хабар аз Комилҷон ба Красноярск рафтааст. Дар пайи ёфтани нишоне аз ӯст, вале ҳанӯз натиҷае ба даст наовардааст. На дар комиссариати ҳарбӣ чизе мегуянд, на дар ҷойи дигар. Мо намедонем, ӯ зинда аст ё мурда,” – афзуд Шодибек Наҷмиддинов.
Радиои Озодӣ нусхае аз номаи Комиссариати ҳарбии Красноярскро дид ва дар он аз пайвандони Комилҷон хоста шудааст, ки намунаи ДНК-и худро супоранд ва агар ӯ дар ҷанг кушта шудааст, ҳангоми санҷидани ҷасадҳо эҳтимол пайкарашро пайдо кунанд.
Бори аввал нест, ки баъзе аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз беному нишон шудани фарзандони оила дар ҷанги Русия алайҳи Украина шикоят мекунанд.
Шабнам Одиназода, сокини деҳаи Косатароши шаҳри Панҷакент, моҳи декабри имсол дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бародари 25-солааш Лоиқ Одиназода дар охири соли 2023 аз тарафи Русия ба ҷанги зидди Украина бурда шуд ва аз он замон бедарак аст. "На мурда буданашро мегӯянд, на зинда буданашро," -- шикоят кард ӯ.
Аз он пеш Мавҷуда Давлатова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки писараш Шарифбек Зулфиқоров моҳи октябри соли 2022 аз зиндон ба ҷанг дар Украина бурда шуда, аз он замон то ҳоло ҳеч тамос ё хабаре аз ӯ надоранд. Зулфиқоров дар пайи як занозании муҳоҷирон, бо гуноҳи авбошӣ зиндонӣ шуда, дар маҳбасе дар Русия адои ҷазо мекард.
Бо вуҷуди гузоришҳои батакрор дар бораи ҳузури зодагони Тоҷикистон дар ҷанги Русия дар Украина ва куштаву захмӣ шудан ва асир уфтодани теъдоде аз онҳо, мақомот дар Душанбе ягон иттилоъ намедиҳанд. Биноан, шумораи дақиқи онҳо маълум нест.
Барномаи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина дар се рӯйхат номи тақрибан ду ҳазор зодаи Тоҷикистонро ҷамъ овардааст, ки аз тарафи Русия дар ҷанг ширкат карда, қисме аз онҳо кушта шудаанд. Муаллифони ҳамин рӯйхат пешниҳоди шаҳрвандии Русия ва тақдими миллионҳо рублро аз тарзҳои ҷалби шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба артиши Русия медонанд. Ба гуфтаи онҳо, "саркашҳоро, то замоне ки қарордодро имзо накунанд, мезананд ва ё бо ҳукми зиндон метарсонанд."
"Русия шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказиро амалан ба куштан мефиристад. Ҳеч кас онҳоро сарбоз эътироф намекунад, ки бояд муҳофизат карда шаванд," – гуфтаанд муаллифони тарҳи "Зистан мехоҳам".
Қонунҳои Тоҷикистон низ барои иштирок дар ҷанги бегона ҷазои сангинро пешбинӣ мекунанд, вале дар тақрибан чаҳор сол ҳеч додгоҳ дар кишвар ягон ширкатдори ҷанги Украинаро муҳокима накардааст.