Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лориҷонӣ гуфт, "музокира намекунем"; Трамп ҳушдор дод

Алии Лориҷонӣ
Алии Лориҷонӣ

Алии Лориҷонӣ, раиси Шӯрои амнияти миллии Эрон, гуфт, Теҳрон бо Вашингтон “музокира намекунад”. Изҳороти ӯ баъди он садо дод, ки президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, “бо тамоми нерӯ” ҷазо додани Эронро давом медиҳад.

Дар изҳороте, ки рӯзи 2-юми март дар шабакаи "Х" нашр шуд, Алии Лориҷонӣ гуфт: “Мо бо Иёлоти Муттаҳида музокира намекунем”. Ӯ афзуд, “имрӯз мардуми Эрон аз худ дифоъ мекунад”.

Аз ин пеш, Доналд Трамп бо нашри як видеои шашдақиқаӣ дар шабакаи "Truth Social" гуфт, ҷанги зидди Эрон метавонад то чор ҳафта давом кунад, ҳарчанд чунин ба назар мерасад, ки ӯ дарро барои музокираҳои баъдӣ бо раҳбарони имрӯзаи Теҳрон боз гузоштааст.

"Амрико ва ҳампаймонҳояш дар 36 соати гузашта яке аз таҳоҷуми азим, пурра ва тоқатфарсоеро ба роҳ монданд, ки то ҳол ҷаҳон шоҳид нашуда буд. Ҳеч кас чунин чизеро надида буд. Мо дар Эрон ба садҳо ҳадаф, аз ҷумла, муассисаҳои вобаста аз Сипоҳи посдорони инқилоб ва низоми дифои ҳавоии Эрон зарба задем,” – илова кард ӯ.

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Трамп ҳушдор дод, ки агар раҳбарони амниятии Эрон, аз ҷумла Сипоҳи посдорон, артиш ва пулис силоҳро ба замин гузоранд, “масунияти пурра ба даст меоранд, вагарна бо марг рӯбарӯ мешаванд”.

Вай инчунин гуфт, фармондеҳони зиёд дар Эрон мунтазири “пешниҳоди масуният” ҳастанд ва, ба гуфтааш, “ҳазорон нафар занг мезананд”, вале ҷузъиёт надод.

Ёдоварӣ аз сарбозони кушташуда

Доналд Трамп дар муроҷиати видеоӣ аз кушта шудани се сарбози амрикоӣ дар ин низоъ ёдовар шуд. Ӯ ваъда дод, ки барои марги онҳо бо сахттарин шева посух медиҳад: “Ҳамчун як миллати якпорча мо барои қаҳрамонҳои воқеии Амрико ва ватандӯстон, ки ҷонашонро барои кишвари худ фидо карданд, азо мегирем. Дар баробари ин, анҷоми рисолати худро барои коре, ки онҳо ҷонашонро дареғ надоштанд, идома хоҳем дод.”

Раисҷумҳури Амрико инчунин гуфт, “дареғ, шояд дар рӯзҳои оянда талафот бештар шавад”. То ҳол ҳеч иттилое дар бораи ҳувияти сарбозон ё шароити кушта шудани онҳо нашр намешавад.

“Ҷасур, нотарс ва қаҳрамон бошед”

Доналд Трамп дар муроҷиаташ аз ҳамаи “эрониёни ватандӯст” хост, фурсатро аз даст надиҳанд, “ҷасур, нотарс ва қаҳрамон” бошанду ҷилави идораи “кишварро дубора ба даст гиранд”.

“Амрико бо шумо аст... Дигараш аз худи шумо вобаста,” – афзуд ӯ.

Аз ин пеш, рӯзи 28-уми феврал, низ ӯ гуфта буд: “Вақте мо амалиёти ҳарбиро ба анҷом расонидем, ҳукуматро ба даст гиред. Он аз шумо мешавад. Ин шояд фақат як фурсате ба хотири наслҳои ояндаатон бошад”.

Трамп дар бораи марги раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаии 86-сола бо ибораҳои “худкомаи ноком” ва “марди бадбахт ва паст” ёдовар шуда, инчунин, гуфт, “тамоми раҳбарияти ҳарбӣ ҳам нобуд шуд”. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Эрон Хоманаиро қаҳрамон меноманд ва барояш 40 рӯзи мотам эълон карданд.

Алии Хоманаӣ аз соли 1989 раҳбари олии Эрон буд
Алии Хоманаӣ аз соли 1989 раҳбари олии Эрон буд

То замоне ки амалиёт шуруъ шавад, намояндагони Амрико ва Эрон чанд гуфтугӯйи ғайримустақимро бо миёнравии Уммон ба роҳ монданд ва мавзӯи барномаи ҳастаии Эрон дар меҳвари он қарор дошт. Дар пайи музокираи 26-уми феврал, вазири корҳои хориҷии Уммон Бадр ал-Бусайдӣ гуфт, ки “пешрафти ҷиддие” дида мешавад ва эълон кард, ки баррасиҳои бештар ба нақша гирифта шудааст.

Бо вуҷуди ин, рӯзи 28-уми феврал Трамп гуфт, натиҷагириаш ин шуд, ки Эрон барои зидди нерӯҳои ИМА ба кор бурдани мушакҳояш омодагӣ мебинад ва ният надорад барномаи ҳастаиашро то сатҳи поинтарин бирасонад. Аз ин рӯ, қарор кард, ки зидди Эрон ҳамлаҳои пешгирикунандаи мушакӣ ба роҳ монад.

Трамп баъд аз ҷанги 12-рӯзаи миёни Исроилу Эрон дар моҳи июни 2025, Теҳронро дар талоши эҳёи барномаи ҳастаиаш гунаҳкор кард. Ӯ гуфт, Амрико инчунин ҳадаф дорад, ки иқтидори мушакии Эронро хароб ва артиши дарёии онро нобуд кунад.

Вашингтон ва Телавив Теҳронро дар талоши эҷоди силоҳи ҳастаӣ гунаҳкор мекунанд. Теҳрон мегӯяд, барномаи ҳастаиаш ҳадафҳои сулҳомез дорад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Амрико амалиётро дар Эрон идома медиҳад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Дар ҳамин ҳол, Алии Лориҷонӣ, раиси Шӯрои амнияти миллии Эрон гуфт, раҳбарияти муваққат то замони эълони номи раҳбари нави олии кишвар идораи давлатро дар уҳда хоҳад дошт.

Алиризо Аърофӣ, як рӯҳонии собиқадоре дар ҳукумати Эрон каме баъди ин гуфтаҳои Лориҷонӣ ҳамроҳи президент Масъуди Пизишкиён ва раҳбари додгоҳи олӣ Муҳсини Эжаӣ ба шӯрои муваққатии раҳбарони кишвар шомил карда шуд.

Ин шӯро то замоне амал мекунад, ки 88 узви Шӯрои хубрагон раҳбари нави олии Эронро интихоб бикунанд.

Вазъ дар минтақа

Дар ҳамин ҳол, аз кишварҳои Эрон, Исроил ва чанд давлати дигари Ховари Миёна, ки мизбони муассисаҳои ҳарбии амрикоӣ мебошанд, садои бонги хатар ба гӯш мерасанд ва нигарониҳоеро дар заминаи эҳтимоли бештар шудани низоъ ба вуҷуд овардаанд.

Мисли Трамп, нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, ҳушдор дод, ки дар рӯзҳои наздик ҳамлаҳои ҳавоиро болои Эрон суръат мебахшад.

Нерӯҳои ҳавоии Исроил рӯзи 1-уми март хабар доданд, ки муассисаҳои вобаста аз режими Эронро "дар дили Теҳрон” ҳадаф қарор медиҳад. Сабтҳои гуногуни видеоӣ аз Теҳрон дуди ғализеро дар фазои чанд гӯшаи шаҳр намоиш медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарони Бритониё, Фаронса ва Итолиё гуфтанд, ки агар барои ҳимояти манфиатҳояшон дар Халиҷи Форс зарурате пеш омад, аз амалҳои дифоии зидди Эрон кор хоҳанд гирифт.

Эрон бо ҳамлаҳои мушакӣ интиқом мегирад

Эрон ба ҳамлаҳои интиқомҷӯёнааш идома дода, ба ҳадафҳое дар атрофи Халиҷи Форс мушак партоб мекунад. Дар Кувайт рӯзи сеюм аст, ки садои баланди таркишу бонги хатар ба гӯш мерасад ва субҳи 2-юми март ҳам вазъ ингуна давом кард. Дар шаҳри Байт Шамиш, дар 40-километрии Байтулмуқаддас аз мушаке чанд нафар ҷон доданд.

Садои баланди таркишҳо дар Дубай ва шаҳри Давҳаи Қатар ҳам ду рӯз, то якуми март ба гӯш мерасиданд. Вазорати дифои Имороти Муттаҳидаи Араб гузориш дод, ки Эрон 165 мушаки баллистикӣ ва 54 бесарнишин партоб кард. Вазорат гуфт, аксари онҳо нобуд карда шуданд, вале боз ҳам се нафар куштаву 58 кас маҷрӯҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG