Мадуро шаби 3-юми январ ҳамроҳ бо ҳамсараш дар натиҷаи як амалиёте бо амри президенти ИМА Доналд Трамп дастгир ва ба боздоштгоҳи Амрико интиқол дода шуд. Ин ҳодиса боиси вокунишҳои гуногуни ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.
Дар мурофиаи додгоҳӣ додраси амрикоӣ нисбат ба Николас Мадуроро айб эълон кард, ки агар онҳо тасдиқ шаванд, эҳтимол ӯ ҳукми абад бигирад.
Мадуро, ки бо ёрии тарҷумон сӯҳбат мекард, гуфт: “Ман бегуноҳам. Ман айбе надорам. Ман марди бошарафам. Ман ҳанӯз ҳам президенти кишварам ҳастам”.
Баъдан ҳарфи ӯ қатъ карда шуд.
Мадуро аз рӯи чор банди қонуни ҷиноии Амрико, аз ҷумла, дар тавтеаи террористӣ бо истифода аз маводи мухаддир, тавтеаи воридоти кокаин ва таъмини аслиҳаву дастгоҳҳои харобкор гумонбар дониста мешавад. Ҷаласаи баъдии додгоҳ 17-уми март таъин шудааст.
Видеоро инҷо бинед:
Ҳамсари Мадуро, Силия Флорес ҳам бо айни ҳамин иттиҳом, ба истиснои терроризм бо истифода аз маводи мухаддир гумонбар дониста шуд. Ӯ ҳам дар мурофиа худро бегуноҳ номид.
Ба бовари додситонҳо, дар вазифаи президентӣ Мадуро қочоқи кокаинро раҳнамоӣ ва низомиёнро барои таъмини амнияти интиқоли борҳо истифода мекард, гурӯҳҳои қочоқчии хатарнокро сарпаноҳ дода, муассисаҳои президентиро ҳамчун махфигоҳи маводи мухаддир истифода мебурд.
Бори аввал ӯро соли 2020 дар доираи парвандаи тӯлонимуддати зидди мақомоти Венесуэла ва силоҳбадастони колумбиягӣ дар қочоқи маводи мухаддир гумонбар донистанд.
Мадурои 63-сола ин ҳамаро рад карда мегуфт, ки ин гапҳо барои рӯпӯш кардани ҳадафи дастрасӣ ба захираҳои нафти Венесуэла ҳастанд ва президент Трамп ҳам инро пинҳон намекунад.
Рӯзи душанбе рейди зидди Мадуро дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ муҳокима шуд ва Русия, Чин ва дигар ҳампаймонҳои чапгарои Венесуэла онро маҳкум карданд.
Самуэл Монкада, сафири Венесуэла дар СММ гуфт, ки ҳабси Мадуро ба меъёрҳои байналмилалӣ таҳдид мекунад.
Самуэл Монкада, сафири Венесуэла дар СММ гуфт: “Пазириши чунин мантиқ дарро ба сӯи як ҷаҳони бесубот боз мекунад, ки дар он кишварҳои дорои тавонмандии азими низомӣ метавонанд сарнавишти сиёсӣ ва иқтисодии давлатҳои дигарро зӯран ҳал кунанд”.
Дар ҳамин ҳол дар дохили Венесуэла рӯзи душанбе амри изтирорие содир шуд, ки бар асоси он полис кофтукоб ва ҳабси тарафдорони ҳамлаи шаби шанбеи Амрикоро сар кардааст. Инчунин рӯзи душанбе муовини президент ва вазири нафти Венесуэла Делсӣ Родригез расман ба иҷрои вазифаҳои президенти муваққатии Венесуэла оғоз намуд. Ӯ ба ҷонибдорӣ аз Мадуро, вале бидуни изҳори муқовимат ба амалкарди ИМА сӯҳбат кард.
Гуфтугӯ