Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди Рамазон -- гушт на арзон, боз гаронтар шуд


Болоравии нархи гӯшт, ки ба афзоиши талабот дар моҳи Рамазон рабт дода мешуд, баъди анҷоми ин моҳ якбора шиддат гирифта, феълан арзиши як кило гӯшт дар Душанбе марзи 50 сомониро убур кардааст.

Нархи гӯшт, ки дар овезаҳои бозорҳои Душанбе 45 сомонӣ барои як кило сабт шудааст, риоя намешавад ва ошкоро гӯштфурӯшҳо маҳсулоташонро бо нархи 52-53 сомонӣ мефурӯшанд.

Дар Тоҷикистон одатан нархи ин навъи маҳсулот дар арафаи идҳои Рамазону Қурбон афзоиш меёбад, аммо феълан, ки аз чунин чашнҳо хабаре нест, сокинон бештар мехоҳанд ба пурсишҳои худ посух пайдо намоянд, ки чаро то ин ҳад нархи гӯшт дар кишвар гарон шудааст.

Сабоҳат, як сокини шаҳри Душанбе рӯзи 15-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд пофишориву даъво намуд, ки фурӯшандагон бо нархи дар овезаҳо сабтшуда гӯштро ба ӯ дастрас намоянд, вале талошҳояш бе натиҷа анҷом ёфт.

"Охир аз ҳама вақти қиматшавии гӯшт моҳи Рамазон буд, ки ба 43-44 сомонӣ гуштро дастрас мекардем, ин чӣ гап аст, дар эълонҳои наздашон 45 сомонӣ навишта шудааст, вақте мепурсӣ, мегӯянд, апа бо ин нарх туғрӣ намегирад. Ду килограм хариданӣ будам, гарон, ки буд, ҳамагӣ як килограм харидам",-афзуд вай.

Охири ҳафтаи гузашта як мушоҳидаи мо нишон дод, ки на ҳама тоҷироне, ки ба фурӯши гушт машғуланд, дар наздашон овезаи нархномаи гуштро доранд ва онҳое, ки чунин овезаро доранд, иқрор шуданд, ки бар асоси чунин нарномаи овеза амал намекунанд, зеро фурӯши гӯшт бо нархи 45 сомонӣ бар зарари онҳо анҷом меёбад.

"Бо назорат кардан нарх арзон намешавад, имтиёз диҳанд"

Қурбон Сафаров, як қассоби тоҷик сабаби асосии болоравии нархи гӯштро ба боло рафтани нархи чорво ва маҳсулоти истеъмолии чорво рабт дод. Ӯ гуфт, нархи чорво рӯз то рӯз гарон мешавад ва ин ба нархи гушт дар бозор таъсири зиёд мерасонад.

"Масалан, агар як чорворо ду моҳ пеш бо нархи 4 ҳазор сомонӣ мехаридему фарбеҳ карда, кушта мефурӯхтем, ҳоло аз 4 ҳазору 500 сомонӣ зиёдтар пайдо мекунем. Нархи як килограм кунҷораро қаблан 2 сомониву 50 дирам мехаридем, ҳоло 4 сомониву 50 дирам шудааст, дар чунин ҳол мо чӣ хел нархро боло набарем, зарар мебинем охир".

Як гӯштфурӯши дигар дар бозори "Саховат", ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, дар баробари афзоиши нархи гову маҳсуоти истеъмолии он, иҷорапулии дӯконҳову пардохти андозҳои миёншикан боис мешавад, ки бо нархи гарон маҳсулоташонро ба савдо гузоранд.

"Бубинед як дӯкончаи хурд дорам, пули пардохтҳои андозу иҷораи дӯкон дар як моҳ аз 4 ҳазор сомонӣ зиёд мешавад, охир намешавад ҳаминро камтар кунанду баъд аз мо талаб кунанд, ки нархро паст кунед ё ин ки нархро боло набаред? Бозор бояд озод бошад, бо назорат кардан нарх арзон намешавад, имтиёз диҳанд".

Нигарониҳо аз болоравии нархи гӯшт на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар дигар навоҳии кишвар ҳам садо медиҳад. Дар муқоиса ба пойтахт дар бархе аз манотиқи дигари кишвар нархи гӯшт гаронтар аст.

Оё раванди болоравии қимати гӯшт муваққатист?

Афзоиши босуръати нархи гӯшт дар дӯкону бозорҳои кишвар дар ҳолест, ки масъулин мегӯянд, раванди болоравии арзиши ин маҳсулот муваққатӣ буда, ояндаи наздик дубора арзон хоҳад шуд.

Саидшоҳ Сангалиев, муовини раиси бозори "Саховат"-и Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мавсими тобистон чорворо барои як муддат аз чарогоҳҳои наздик ба маҳалҳои аҳолинишин ба манотиқи дурдаст мебаранд ва табиист, ки ин боиси камчинии чорво дар бозори фурӯш ва коҳиши забҳи он мегардад ва ин ба нархи гӯшт бетаъсир намемонад.

Ӯ гуфт, бо вуҷуди ин, онҳо талош доранд нархи як килограм гӯшт аз 45 сомонии пешбинишуда гарон фурӯхта нашавад. Ҳамсӯҳбатамон таъкид намуд, ки дар атрофи дӯконҳои гӯштфурӯшии тоҷирон камераҳо насб шудааст ва онҳо аз тариқи камераҳо низ назорат мебаранд, то гӯшт аз арзиши пешбинишуда гарон фурӯхта нашавад. "Агар аз 45 сомонӣ боло гуфтанд, сокинон метавонанд ба мо нисбати чунин тоҷирон шикоят баранд, мо ин масъаларо пайваста назорат мекунем",-афзуд вай.

"Шумораи чорво кам шудааст"

Дар ҳамин ҳол, қассобон ва тоҷироне, ки ба харидуфурӯши чорво машғуланд, мегӯянд, камчинии чорво на танҳо мавсимӣ ба назар мерасад, балки дар маҷмӯъ солҳои ахир шумораи чорво дар муқоиса ба талаботи мардум ба гӯшт кам ва ҳам чарогоҳҳо тангу несту нобуд шуд истодаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар кишвар беш аз 2 миллион гов ва 5 миллион гӯсфанд шумурда шудааст. Ба иттилои масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар ҳудуди кишвар тақрибан 4 миллион гектар чарогоҳ муайян шудааст ва он манбаи асосии таъмини хӯроки чорво ба шумор меравад.

Масъулон дар ҳоле мегӯянд, аз роҳи назорат ҷилавӣ болоравии нархи гӯштро мегиранд, коршиносон бар ин назаранд, ки назорат болои тоҷирон ба хотири нигоҳ доштани нарх бо роҳи зӯрӣ роҳи нодуруст аст ва бозор аз рӯи қонунҳои худаш кор мекунад.

Ба қавли таҳлилгарони масоили иқтисодӣ, ба ҷои назорату ҳар гуна маҳдудиятҳо назди тоҷирон, роҳи беҳтар ин аст, ки ба савдогарон имтиёзҳо пешниҳод шаваду шароити рақобатпазирӣ миёни савдогарон таъмин гардад.

Шарҳҳоро бинед (26)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG