Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 медали паҳлавонони тоҷик дар рӯзи аввали "Тоскулоҳи бузурги Душанбе"


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи байнулмилалии ҷудо "Dushanbe Grand Slam 2025”, ки рӯзи 2-юми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир шуд, 5 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо, барои иштирок дар мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam 2025” беш аз 220 варзишгар аз 27 кишвари чаҳор қораи олам номнавис шудаанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо, ки бори дуюм дар Душанбе сурат гирифтааст, 36 варзишгар (28 мард ва 8 зан) дохиланд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа – 2-юми май - варзишгарони тоҷик дар панҷ вазн (ду вазн байни мардон - 60 кг ва 66 кг; се вазн миёни занон – 48 кг, 52 кг ва 57 кг) рақобат карданд.

Аз чаҳор варзишгари тоҷик дар сабқати мардон дар вазни 60 кило ду нафар барои медал мубориза бурданд. Меҳрзод Суфиев, ки дар даври ниманиҳоӣ бар ҳамватанаш Муҳаммадсолеҳ Қувватов пирӯз шуд, дар финал аз Балабой Оғоеви озарбойҷонӣ шикаст хӯрда, бо нишони нуқра сарфароз гашт.

Муҳаммадсолеҳ Қувватов бошад, барои нишони биринҷӣ аз Максим Мерлини фаронсавӣ мағлуб шуда, дар натиҷа мақоми панҷумро касб намуд.

Дар вазни то 66 кило низ чаҳор паҳлавони тоҷик ҳунарнамоӣ карданд. Ду паҳлавони шинохта - Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов - дар финал барои медали тилло мубориза бурданд. Қувваозмоии ниҳоӣ бо пирӯзии Эмомалӣ ба поён расид ва ӯ бори сеюм дар “Grand Slam” медали тилло гирифт. Ҷебов бо нишони нуқра сарфароз гашт.

Гуштигири 18-солаи тоҷик Ёсин Бобокалонов барои медали биринҷӣ Тӯйалӣ Муродовро аз Туркманистон мағлуб кард ва бори аввал дар “Grand Slam” медал ба даст овард.

Дар сабқати занон дар рӯзи аввали мусобиқа шаш бонуи тоҷик дар се вазн – 48 кг, 52 кг ва 57 кг - рақобат карданд. Аз байни онҳо танҳо ба Мадина Қурбонзода муяссар шуд, ки дар вазни 52 кило барои медал мубориза барад.

Мадина барои нишони биринҷӣ бар намояндаи Чин Хиюжи Ҷианг ғолиб омад. Ин аввалин медали занони ҷудокори тоҷик дар таърихи мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург” ба шумор меравад.

Дар сабқати занон Зуҳал Ҷумъаева дар 52 кило ва Александра Кан дар вазни 57 кило мақоми ҳафтумро азони худ карданд.

Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии рӯзи аввали мусобиқа дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати нишонҳо мунтахаби Фаронса бо касби 4 медал (2 тилло ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст.

Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 5 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва мунтахаби Муғулистон бо касби 2 медал (1 тилло ва 1 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали “Dushanbe Grand Slam 2025”:

Занон

Вазни -48 кг

1. Анудари Ҷамсран (Муғулистон)

2. Венна Жуанг (Чин)

3. Абиба Абужакюнова (Қазоқистон)

3. Вакана Инагаки (Ҷопон)

Вазни -52 кг

1. Амандин Бучард (Фаронса)

2. Муҳайё Аҳмадова (Узбекистон)

3. Мадина Қурбонзода (Тоҷикистон)

3. Бландин Понт (Фаронса)

Вазни -57 кг

1. Сара Леони Кюсиқю (Фаронса)

2. Наталия Елкина (IJF

3. Ана Виктория Пюлҷиз (Хорватия)

3. Юинг Тао (Чин)

Мардон

Вазни -60 кг

1. Балабой Оғоев (Озарбойҷон)

2. Меҳрзод Суфиев (Тоҷикистон)

3. Максим Мерлин (Фаронса)

3. Ариунбол Энхтайван (Муғулистон)

Вазни -66 кг

1. Эмомалӣ Нуралӣ (Тоҷикистон)

2. Обид Ҷебов (Тоҷикистон)

3. Ёсин Бобокалонов (Тоҷикистон)

3. Артём Штурбабин (Узбекистон)

Дар рӯзи дуюми мусобиқа – 3-юми май – гуштигирони тоҷик дар ду вазн байни мардон ба рақобат мепардозанд. Тоҷикистонро дар сабқати мардон дар вазни 73 кило Абубакр Шеров, Муҳиддин Асадуллоев, Беҳрӯзи Хоҷазода ва Маҳмадшариф Наҷмиддинов; дар вазни 81 кило Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммад Юсуфзода, Ғанӣ Ғанизода ва Сайфиддин Сайфиддинзода муаррифӣ хоҳанд кард.

Дар рӯзи сеюми мусобиқа – 4-уми май – гуштигирони тоҷик дар се вазн байни мардон ва дар як вазн миёни занон – вориди рақобат мешаванд.

Дар сабқати мардон дар вазни 90 кило Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Умедҷон Раҷабов, Шодмон Ризоев ва Музамир Каримзода; дар вазни 100 кило Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов, Парвиз Абдураҳмонов ва Муҳсин Малаев; дар вазни беш аз 100 кило Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Некрӯзшоҳ Некбахтзода, Раҳматулло Мирзоев, инчунин дар сабқати занон дар вазни беш аз 78 кило Виктория Киселёва барои ҷоизаҳо талош хоҳанд кард.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо мешаванд.

Соли гузашта дар аввалин мусобиқаи “Тоскулоҳи бузурги Душанбе”, ки бо иштироки 390 варзишгар аз 65 кишвар доир гардид, паҳлавонони тоҷик 7 медал ба даст оварда буданд.

Ягона медали тиллоро порсол Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни 60 кило соҳиб шуд. Обид Ҷебов (66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (73 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) бо медалҳои нуқра, Муллораҷаб Халифаев (66 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

XS
SM
MD
LG