Парвандаи марги Моҳитобон Аҳмадова, ҷавонзане дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, ки пайвандонаш натиҷаи озору азияти ӯ, вале хешовандони шавҳараш худкушӣ меноманд, ба додгоҳ кашида шудааст.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, мурофиа рӯзҳои 7 ва 8 октябр бо иштироки намояндагони ду тараф, инчунин, вакилони мудофеъ ва ташхисгарони ҷасад гузашт.
Додситонии ноҳияи Деваштич Муҳаммадзубайр Абдулфайзов, шавҳари Моҳитобон Аҳмадоваро бо гумони ба худкушӣ расондани ҳамсараш (қисми дуи моддаи 109-и Кодекси ҷиноӣ) дар курсии айбдорӣ нишонда, рӯзи 8-уми октябр аз судя ё додрас хостааст, ӯро ба 8 сол зиндон маҳкум кунад. Ҳукми додгоҳ ҳанӯз эълон нашудааст.
Радиои Озодӣ дар ҳоли ҳозир ба парванда дастрасӣ надорад ва бо муҳтавои комили мурофиа ошно нест. Кӯшиши мо барои ёфтану гирифтани шарҳи додрас рӯзҳои 8 ва 9-уми октябр бенатиҷа буд. Дар додгоҳи ноҳия ба зангҳои мо посух надоданд.
Бар асоси нусхаи баъзе ариза ва аксҳое, ки Радиои Озодӣ дастрас кард, пайкари овехтаи Моҳитобон Аҳмадоваи 21-сола ҳанӯз 2 май дар хонаи шавҳараш ёфт ва сипас дафн карда шудааст.
Саидбурҳон Аҳмадов, падари Моҳитобон, рӯзи 8-уми октябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ҷараёни таҳқиқи марги духтараш розӣ нест, чун дар рӯзи ҳодиса ба рафтори хонаводаи домодаш шак карда, то ҳанӯз чанд суоли бепосух дорад.
“Ҳамон рӯз гуфтанд, ки Моҳитобон бедарак шудааст. Ба хонаашон рафтам. Хушдоманаш ва тағои домод ба ман гуфтанд, ба саҳро рав, шояд онҷо бошад. Исрор карда, ба болохона баромадам. Аз онҷо вориди гараж шудам. Духтарам дар банд овезон буд. Хостам, аввал муфаттишон биёянд, аммо онҳо гапи маро гӯш накарда, ресмонро буриданд. Ночор ҷасади духтарамро ба хонаи хобаш бурдам,” – нақл кард ӯ.
Аҳмадов ҳамзамон иддао кард, ки дар дасту пушти гардану гӯши духтараш осори доғи сиёҳ буд ва биноан ба худкушии одӣ будани он бовар надорад ва хоҳони таҳиқи дақиқу дубора аст. Ӯ дар як номааш ба додситони кулли Тоҷикистон, Ҳабибулло Воҳидзода, низ марги духтарашро "маҷбурӣ" номидааст.
Радиои Озодӣ кӯшиш кард, рӯзи 8-уми октябр хешовандон ё вакили мудофеи Муҳаммадзубайр Абдулфайзовро биёбад ва мавқеъву назари онҳоро ба ин иддао бипурсад, аммо то ин дам муваффақ нашуд. Дар ҳоли дастрас шудани назари онҳо ин матлаб такмил карда хоҳад шуд.
Саидбурҳон Аҳмадов мегӯяд, домодаш дар мурофиаи додгоҳӣ пас аз шунидани ҳарфҳои ӯ дар бораи марги духтараш бо садои баланд хитоб кардааст, ки “ин хел нагӯ, нодуруст мегӯӣ”. Вай ҳамчунин дар вокуниш ба талаби додситонӣ дар мавриди ҳашт соли маҳрумӣ аз озодӣ гуфтааст, додрас бояд духтар ва додари донишҷӯ доштани ӯро дар назар гирад.
Моҳитобон Аҳмадова ду сол пеш, замоне ки 19 сол дошт, бо ҳамдеҳаи худ, Муҳаммадзубайр Абдулфайзов, издивоҷ карда, онҳо соҳиби як духтар ҳастанд. Саидбурҳон Аҳмадов мегӯяд, духтару домодаш бо хушдоман мезистанд. Падари ин хонадон чанд сол пеш даргузаштааст.
Дар солҳои охир дар Тоҷикистон марги чанд арӯс дар хонаи шавҳар ҷанҷолӣ шудааст. Мақомот дар баъзе маврид пайвандони домодро гунаҳкор дониста, аз 5 то 7 сол зиндонӣ карданд. Аз ҷумла, соли 2019 як сокини ноҳияи Ҷайҳунро бо гуноҳи ба худкушӣ расондани арӯси ҳаждаҳсолаи хонавода панҷ солу ду моҳ аз озодӣ маҳрум намуда буданд.
Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила дар шаш моҳи аввали имсол дар Тоҷикистон 112 мавриди худкушӣ ё қасди худкушӣ аз сӯйи занону духтарон, аз ҷумла тақрибан бист ноболиғ сабт шудааст.
Як таҳқиқи Тақдиршоҳ Шарифов, доктори илми ҳуқуқ ва Меҳрубон Акбархон, омӯзгори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки соли 2025 нашр шуд, нишон додааст, 75 дарсади онҳое, ки сабаби худкушии занону духтарон шудаанд, мардон ҳастанд.
Гуфтугӯ