Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза барои медалҳои мусобиқоти Лигаи Олӣ авҷ мегирад


Бозиҳои даври 19-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 17-19-уми октябр барпо мегарданд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ дастаи “Вахш”-и Бохтар, ки дар 18 бозӣ 37 имтиёз гирифтааст, дар ҷойгоҳи аввал қарор дорад. Бозии даври 19-умро “Вахш” мебоист дар майдони худ бо “Истиқлол”-и Душанбе анҷом медод, аммо ба далели омодагии қаҳрамони феълии Тоҷикистон ба бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 дар гурӯҳи “D” бо тими “Ал-Завра”-и Ироқ, ки 22-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад, мавқуф гузошта шуд.

Ҳоло “Истиқлол” бо 34 имтиёз аз 16 бозӣ дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ ҷойгир шудааст.

Зинаи сеюмро дар ҷадвал КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе бо 32 имтиёз аз 18 бозӣ касб намудааст. Низомиён бозии даври 19-умро рӯзи 19-уми октябр дар меҳмонӣ бо тими “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан баргузор мекунанд.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо 32 имтиёз аз 18 бозӣ зинаи чаҳорумро ишғол кардааст. “Равшан” дар даври навбатӣ рӯзи якшанбе дар майдони худ бо тими “Барқчӣ”-и Ҳисор вориди рақобат мешавад.

Ба ин тартиб, дар даврҳои боқимонда мубориза барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои мусобиқот байни чаҳор дастаи пешқадам – “Вахш”, “Истиқлол”, КМВА ва “Равшан” – авҷ хоҳад гирифт.

Инчунин дар се бозии даври 19-уми мусобиқот 17-уми октябр

«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо дастаи меҳмон - «Ҳулбук»-и Восеъ,

«Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ бо «Ҳосилот»-и Фархор, 18-уми октябр “Эсхата”-и Хуҷанд бо тими меҳмон – “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ - рақобат мекунанд.

Дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқоти лигаи олӣ ҳамлагари “Вахш” Дмитрий Билоног, легионери 30-солаи укроинӣ, инчунин Эммануэл Квадво Фримпонг, легионери африқоии 25-сола аз Гана, аз дастаи “Регар-ТадАЗ”, бо 7-голӣ дар ҷойгоҳи аввал мебошанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2025


Лигаи олӣ. Даври 19-ум


17-уми октябр (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 17:00

«Регар-ТадАЗ» - «Ҳулбук»

Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).

Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»


17-уми октябр (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 18:00

«Хуҷанд» - «Ҳосилот»

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»


18-уми октябр (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:00

«Эсхата» - «Панҷшер»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»


19-уми октябр (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:00

«Истаравшан» - КМВА

Сардовар: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб).

Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ


19-уми октябр (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:00

«Равшан» - “Барқчӣ”

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Кӯлоб, Варзишгоҳи “Кӯлоб-Арена”


Бозии даври 19-ум миёни дастаҳои «Вахш» ва «Истиқлол» мавқуф гузошта шуд.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ чунин аст:


1. “Вахш” - 18 бозӣ 37 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 28-17

2. “Истиқлол” - 16 бозӣ 34 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 27-11

3. КМВА - 18 бозӣ 32 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 33-18

4.“Равшан” - 18 бозӣ 32 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 21-11

5. “Регар-ТадАЗ” - 18 бозӣ 26 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 21-19

6. “Эсхата” - 18 бозӣ 25 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 24-20

7. “Барқчӣ” - 18 бозӣ 24 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 19-16

8. “Хуҷанд” - 18 бозӣ 23 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 19-22

9. “Ҳосилот” - 17 бозӣ 20 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 22-23

10. “Истаравшан” - 18 бозӣ 15 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 20-35

11. “Ҳулбук” - 17 бозӣ 11 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 13-30

12. “Панҷшер” - 18 бозӣ 7 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 11-36


Беҳтарин нишонзанҳо: Дмитрий Билоног (“Вахш”) ва Квадво Фримпонг (“Регар-ТадАЗ”) – 7-голӣ.

XS
SM
MD
LG