Ричард Беннет гузоришгари махсуси вазъи ҳуқуқи башар дар Афғонистон дар гузорише ба Маҷмааи Умумии Созмони Милал дар рӯзи 30-уми октябр гуфтааст: “Вазъи бисёр бади ҳуқуқи инсон ва бахусус занон дар Афғонистон таваҷҷӯҳи фаврии ҷомеаи байналмилалро талаб мекунад, на эътирофи Толибони ҳоким дар ин кишварро.
Дар ин гузориш Ричард Беннет нигарониҳо аз муҳокимаҳои худсарона, нопадидшавии кормандони ҳукумати пешин, бадрафторӣ бо мардум ва тангтар шудани фазо барои матбуот ва ҷомеаи маданиро мисол овардааст. Ба қавли Ричард Беннет, Толибон бо беэътиноӣ ба мушкилоти аққалиятҳои қавмӣ ва мазҳабӣ таниш байни онҳоро доман мезананд. Айни замон таҳлилгарон мегӯянд, ки Толибон, ки чаҳор сол пеш сари қудрат омаданд, ҷое рафтанӣ нестанд.
Толибон, як гурӯҳи тундгаро, ки ба далели тафсири ифротиаш аз дини ислом бадном аст, аз августи соли 2021, ки ҳукумати таҳти ҳимояти Ғарб дар Афғонистонро сарнагун кард ва қудратро ба даст гирифт, бо набарди душвор барои эътирофи байналмилалӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар чаҳор соли гузашта Русия танҳо кишварест, ки ҳокимияти Толибон бар Афғонистонро ба расмият шинохтааст, аммо Толибон тавонистаанд, пазириши амалии ҷомеаи ҷаҳониро ба даст оваранд.
Майкл Кугелман, пажуҳишгар дар Бунёди мутолиоти Осиё ва Уқёнусия мегӯяд, ҷаҳон пазируфтааст, ки Толибон барои мондан омадаанд. Ин вазъият бо таззоди ошкор бо нахустин давраи ҳукумати исломгароёни тундрави Толибон аз соли 1996 то соли 2001 дар Афғонистон аст. Замоне, ки режими Толибон бо муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ рӯ ба рӯ буд, худро аз ҷаҳони берунӣ мунзавӣ кард ва ба як режими манфур дар курраи Замин табдил шуд.
Кугелман мегӯяд, аз замоне, ки Толибон дар соли 2021 дубора қудратро ба даст гирифтанд, нишон додаанд, ки мехоҳанд ва метавонанд, машруъият ба даст оваранд. Беш аз 12 кишвар аз ҷумла қудратҳои минтақавӣ, ба мисли Русия ва Чин дар Кобул сафорат доранд ва бархе аз кишварҳои дигар дипломатҳои Толибонро пазируфтаанд.
Ҳатто кишварҳои ғарбӣ ҳам бо Толибон тамос барқарор кардаанд.Ин тамосҳо умдатан як рӯйкарди амалгарона аст, ки бо ҳадафи рафъи хатари гурӯҳи тундрави Хуросони ДОИШ ва ҳамчунин талошҳои кишварҳои ғарбӣ барои бозгардонидани теъдоде аз паноҳҷӯёни радшудаи афғонистонӣ ба кишварашон сурат мегирад.
Ҳамиди Ҳакимӣ, пажӯҳишгари муассисаи таҳқиқотии “Чатам Ҳаус” дар Лондон мегӯяд, дар Аврупо фишори дохилии фазояндае вуҷуд дорад, ки тавассути аҳзоби рости ифротӣ ҳидоят мешавад ва хоҳони ихроҷи паноҳҷӯёни афғоне ҳастанд, ки дархостҳояшон рад шудааст.
Кишварҳои аврупоӣ наметавонанд, бидуни ҳамоҳангӣ бо режими Толибон ин паноҳҷӯёнро берун кунанд. Дар ҳамин ҳол кишварҳои аврупоӣ сафоратҳои Афғонистонро, ки тавассути дипломатҳои таъйинкардани ҳукумати пешин мудирият мешуданд, бастаанд ва ба мақомҳои Толибон иҷоза додаанд, назорати намояндагиҳои дипломатиро дар даст бигиранд.
Ҳамиди Ҳакимӣ мегӯяд, дар Аврупо ин дарк вуҷуд дорад, ки вазъияти сиёсӣ дар Афғонистон ба таври чашмгире тағйир кардааст ва баъид аст, ки давлати пешини Афғонистон дубора эҳё шавад. Толибон дар оғоз кӯшиданд, ки бо намоиши чеҳраи андаке нарм, нигаронии афғонҳоро коҳиш диҳад, аммо ба ваъдаҳояш амал накард ва баръакс озодиҳои занонро бисёр маҳдуд кард, бо мухолифон бо хушунат бархӯрд кард ва тамоми қудратро дар дасти худ мутамарказ сохт.
Аввали моҳи октябр ҷангҳои сахте миёни Толибон ва нерӯҳои покистонӣ дар пайи ҳамалоти ҳавоии Исломобод ба Кобул рух дод. Пас аз миёнҷигарии Қатар ва Туркия ду тараф бар сари оташбас тавофуқ карданд. Кугелман мегӯяд, Толибон аз ин бӯҳрон ба дастовардҳои чашмгире дар соҳиб шудан ба эътирофи дохилӣ ва байналмилалӣ ноил шудаанд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
