Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норвегия, Испания ва Ирландия давлати Фаластинро эътироф карданд


Испания аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки истиқлоли давлати Фаластинро эътироф кард.
Испания аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки истиқлоли давлати Фаластинро эътироф кард.

Испания, Норвегия ва Ирландия рӯзи сешанбе бо вуҷуди вокунишҳои тунди раҳбарияти Исроил истиқлоли давлати Фаластинро эътироф карданд.

"Ин қарори таърихӣ танҳо ҳадафи кумак ба дастёбии сулҳ миёни исроилиҳо ва фаластиниҳоро дорад", - изҳор дошт сарвазири Испания Педро Санчес рӯзи сешанбе дар паёми телевизионии худ.

Мақомоти Ирландия, Испания ва Норвегия ахиран хабар дода буданд, ки аз 28 майи имсол Фаластинро ҳамчун давлат эътироф мекунанд.

Вазири корҳои хориҷии Исроил Исроил Катс дар вокуниш ба ин хабар дастур дод, ки сафирони кишвараш аз Ирландия ва Норвегия бозхонд шаванд.

Президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, давлати Фаластин бояд аз роҳи гуфтугӯ таъсис ёбад, на аз тариқи эътирофи якҷониба.

Дар ҳоли ҳозир аз миёни кишварҳои аврупоӣ Булғористон, Маҷористон, Қибрис, Малта, Лаҳистон, Руминия, Словакия, Чехия ва Шветсария истиқлоли Фаластинро эътироф кардаанд.

Истиқлоли Фаластинро аз миёни 193 кишвари узви СММ то ҳол ҷамъан 143 давлат эътироф кардааст.

XS
SM
MD
LG