Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Теҳрон то Луристон. Оғози амалиёти Исроилу Амрико дар Эрон

Навбатпойии мардум дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ пас аз ҳамлаи Исроилу Амрико ба Эрон. Шаҳри Теҳрон, 28-уми феврали 2026
Навбатпойии мардум дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ пас аз ҳамлаи Исроилу Амрико ба Эрон. Шаҳри Теҳрон, 28-уми феврали 2026

Нерӯҳои Исроилу Амрико рӯзи 28-уми феврал ба чанд шаҳри Эрон, аз ҷумла Теҳрон, ҳамла карданд. Вазорати дифои Исроил онро "ҳамлаи пешгирона" ва раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида "амалиёти бузурге" донист, ки ҳадафаш "бартараф кардани таҳдидҳо" ва "Эрони орӣ аз силоҳи ҳастаист". Ҷумҳури Исломӣ дар посух ба Исроил ва пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ховари Миёна мушак андохт.

ПАЁМИ ТРАМП ВА НЕТАНЯҲУ

Доналд Трамп 28-уми феврал дар паёми видеоӣ ҳукумати кунунии Эронро "пуштибони бузургтарини терроризм дар ҷаҳон" номид. Ӯ гуфт, "ин режим чанде пеш даҳҳо ҳазор шаҳрванди норозии худро дар хиёбонҳо кушт. Сиёсати Иёлоти Муттаҳида, бавижа давлати ман, ҳамвора ин аст, ки ин режими террористӣ ҳаргиз набояд силоҳи ҳастаӣ дошта бошад.”

Раисҷумҳури Амрико хитоб ба мардуми Эрон гуфт, “лаҳзаи озодии шумо фаро расидааст. Дар паноҳгоҳ бимонед. Аз хонаҳои худ берун нашавед. Берун бисёр хатарнок аст. Бомбаҳо ба ҳама ҷо фурӯ хоҳанд рехт. Ҳангоме ки корро ба поён расондем, давлати худро дар даст бигиред. Ин давлат аз они шумо хоҳад буд. Эҳтимол ин танҳо фурсати шумо барои наслҳост.”

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Вай илова кард, ки ҳама чораҳои мумкинро барои ба поинтарин сатҳ расондани хатар алайҳи нерӯҳои худ дар минтақа дидаанд: “Бо ин ҳол, ин суханро ба осонӣ намегӯям, чун режими Эрон дар пайи куштан аст. Мумкин аст, ҷони қаҳрамонони шуҷои амрикоӣ аз даст биравад ва мо талафот дошта бошем. Ин дар ҷангҳо рух медиҳад. Аммо ин корро барои имрӯз анҷом намедиҳем, барои оянда мекунем ва ин маъмурияти шарафмандона аст."

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, рӯзи шанбе дар паёме гуфт, ҳамлаи якҷояи Амрико ва Исроил “шароитеро барои мардуми далери Эрон фароҳам меорад, ки сарнавишти худро ба дасти худ гиранд. Замони он расидааст, ки ҳамаи қишрҳои Эрон аз зулм халос шаванд ва Эрони озод ва сулҳҷӯро ба даст оранд.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Ҳамлаи Исроилу Амрико ба чанд шаҳри Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:59 0:00

ПАҲЛАВӢ: ЛАҲЗАИ ҲАЛКУНАНДА ДАР ПЕШ АСТ

Ризо Паҳлавӣ, писари шоҳи пешини Эрон, ҳам дар як паёми видеоӣ гуфт, кумаки ваъдакардаи президенти Амрико “ҳоло расидааст”, вале “лаҳзаҳои ҳалкунанда дар пешанд”.

Паҳлавӣ ҳамлаҳоро ба Эрон “мудохилаи башардӯстона” номид, ки ба гуфтаи ӯ “Ҷумҳурии Исломӣ ва дастгоҳи саркӯбашро нишон гирифтааст, на кишвару миллати бузурги Эронро”.

Писари шоҳи собиқи Эрон аз нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии Исломӣ хост, “ба мардум ҳамроҳ шаванд” ё “бо Хоманаӣ ва режими шикастаи ӯ ғарқ хоҳанд шуд”. Ризо Паҳлавӣ дар хитоб ба мардуми Эрон гуфт, “дар ҳоли ҳозир дар хонаҳои худ бимонанд ва оромишу амнияти худро ҳифз кунанд”.

Зарба ба пойгоҳи Амрико дар Баҳрайн
Зарба ба пойгоҳи Амрико дар Баҳрайн

ПОСУХИ ЭРОН

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар посух эълом кард, ки “мавҷи нахустини” ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳои дурпарвози худро ба сӯи Исроил сар додааст. Нерӯҳои дифои Исроил гуфтанд, амалиёти раҳгирӣ ҷараён дорад.

Эрон ҳамчунин ба ҳадафҳое дар Баҳрайн ва Абузабӣ ва Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб мушак партофтааст. Расонаҳои Иморот хабар доданд, ки дар Абузаби як кас кушта шуд.

Ҳайфа, шимоли Исроил. Мардумро аз биное берун меоранд, ки аз мушакҳои Эрон зарар дидааст. 28-уми феврали 2026
Ҳайфа, шимоли Исроил. Мардумро аз биное берун меоранд, ки аз мушакҳои Эрон зарар дидааст. 28-уми феврали 2026

Ҳамла ба Эрон пас аз даври дигаре аз гуфтугӯҳои намояндагони Эрону Амрико дар Женева сурат гирифт. Музокироти онҳо рӯзи 27-уми феврал поён ёфт.

Расонаҳои дохилии Эрон рӯзи 28-уми феврал бо пахши видео ва акс аз таркиш дар маркази шаҳри Теҳрон гузориш доданд. Ба иттилои ин расонаҳо, таркишҳо дар хиёбони ҷумҳурӣ ва майдони Постур рух дод, ки маҳалли иқомати Алии Хоманаӣ, роҳбари олии Ҷумҳурии Исломӣ аст. Кохи раёсаии ҷумҳутӣ, Додгоҳи олӣ ва Шӯрои нигаҳбони Ҷумҳурии Исломӣ ҳам дар атрофи майдони Постур ҳастанд.

Хабаргузории расмии "Меҳр" дар Эрон аз таркиш дар шаҳрҳои Исфаҳон, Қум ва Луристон хабар дод. Оҷонсии "Ройтерс" аз қавли хабаргузории "Форс" навиштааст, садои таркиш дар шаҳрҳои Караҷ ва Кирмоншоҳ ҳам шунида шуд.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ дар шаҳри Табрез, дар шимолу ғарби Эрон, ду таркиш сабт шудааст. Хабаргузории "Тасним", наздик ба Сипоҳи посдорон, хабар дод, ки фазои Ҷумҳурии исломӣ баста шудааст.

Амрико тобистони соли 2025 ба иншооти ҳастаии Эрон зарба зад. Вашингтон иддао кард, ки онҳо пурра хароб шудаанд. Акнун мақомоти Амрико мегӯянд, Эрон кӯшиш дорад барномаи ҳастаии худро эҳё кунад. Теҳрон исрор меварзад, ки ҳадафи он ба даст овардани силоҳи ҳастаӣ нест.

XS
SM
MD
LG