Ҷобаҷоии таҷҳизоти низомии Амрико ҳамзамон бо афзоиши таниш бо Эрон
Ҳамзамон бо ҷобаҷойии нерӯҳои амрикоӣ дар Ховари Миёна дар пайи афзоиши танишҳо бо Эрон, аксбардорҳо тасовире аз ҷобаҷойии воҳидҳои баҳрӣ ва ҳавоӣ сабт кардаанд. Аз Крит то Азорс ва аз Бритониё то Булғористон.
1
Ҷангандаҳо бар рӯйи киштии "Ҷералд Р. Форд" дар бандаре дар ҷазираи Крити Юнон. Бузургтарин ороиши низомии Амрико дар Ховари Миёна аз замони ҳамлаи соли 2003 ба Ироқ. 24-уми феврали соли 2026
2
Киштии ҳавопаймобари "Ҷералд Р. Форд" дар ҳоли гузаштан аз гулӯгоҳи Ҷабал ат-Ториқ пеш аз расидан ба Ҷазираи Крит дар Юнон. 20-уми феврали соли 2026
3
Чорво дар ҳоли чаридан дар муқобили ҳавопаймоҳои сӯхтбари Амрико. Ин акс рӯзи 23-юми феврал аз пойгоҳи ҳавоии Лажеш дар маҷмаи ҷазираҳои Азорс, таҳти ҳокимияти Португалия гирифта шудааст.
4
Як ҳавопаймои низомии Амрико дар пойгоҳи ҳавоии Лажеш, ки нерӯҳои Амрико ва Португалия аз он истифода мекунанд. Афзоиши таҳаррукоти низомии Амрико дар Лажеш ба баҳсҳое дар Португалия доман задааст. Ҳукумати ин кишвар мегӯяд, ҷобаҷойии ҳавопаймоҳои амрикоӣ дар ин пойгоҳ ниёзе ба гирифтани иҷозатнома аз Лисабон надорад.