Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мурофиаи Исматулло Абдуллозода паси дарҳои баста

Исматулло Абдуллозода
Исматулло Абдуллозода

Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе оғоз кардааст.

Парвандаро Оҷонсии зидди фасод таҳқиқ карда, моҳи апрел ба Додгоҳи олӣ фиристодааст. Парвандаи Абдуллозода ва зердастонаш яке аз калонтарин ҳолатҳои ошкоршудаи фасод дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ки зиёда аз 1 миллиард сомониро фаро мегирад.

Ба гуфтаи ду манбаи Радиои Озодӣ, Додгоҳи Олии Тоҷикистон аввали моҳи май ба баррасии парвандаи Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи Душанбе оғоз кардааст. Дар мурофиаи аввал додрас ҷонибҳоро ба натиҷаҳои тафтиш ва маводи парванда шинос кардааст. Ҷузъиёти ин ҷаласа расонаӣ нашудааст.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, мурофиаи Исматулло Абдуллозода барои ҳама боз аст, аммо бо вуҷуди ин ба хабарнигорон иҷозаи вуруд дода намешавад.

Радиои Озодӣ 18-уми май ба Додгоҳи олӣ дархости расмӣ фиристод то ба ширкати хабарнигорони радио дар мурофиаи Исматулло Абдуллозода иҷозат диҳанд. Намояндагони Додгоҳи олӣ ба ин дархост посухи расмӣ надоданд ва танҳо гуфтанд, "дар муҳлати муқарраркардаи қонун ба номаи шумо посух медиҳем". Қонун ин муҳлатро ҳадди аксар 30 рӯз муқаррар кардааст.

Фурудгоҳи Душанбе
Фурудгоҳи Душанбе

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, парвандаи Исматулло Абдуллозода ҷудо аз панҷ масъули дигари Фурудгоҳи Душанбе баррасӣ мешавад.

Панҷ айбдоршавандаи ин парванда, ки якҷо бо Абдулллозода ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ, муодили беш аз сад миллион доллар, гумонзад мешуданд, бо пӯшондани зарари молӣ ва ҳам пардохтани ҷарима озод гашта, ҳоло дар курсии айбдорӣ танҳо ӯ нишастааст. Ҳукми ин панҷ нафар охири моҳи март аз сӯи Додгоҳи шаҳри Душанбе содир шудааст. Радиои Озодӣ барои гирифтани ҷузъиёти бештари ҳукм ба ин додгоҳ нома фиристода, мунтазири посух аст.

Назари Исматулло Абдуллозода ва зердастонаш ба иттиҳом ҳеч гоҳ расонаӣ нашудааст.

Исматулло Абдуллозода
Исматулло Абдуллозода

Исматулло Абдулллозода, ки яке аз наздикони Ҳасан Асадуллозода, бародарарӯси президенти Тоҷикистон ном бурда мешавад, 9 сол раиси Фурудгоҳи Байнулмилали Душанбе буд. Ӯро моҳи майи соли 2025 аз мақомаш барканор ва дастгир карданд. Ҳамроҳи ӯ, муовинаш ва чанд масъули дигари Фурудгоҳ боздошт шуданд, ки тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ бо пардохти ҷарима акнун озод гаштаанд.

Аз моҳи май то сентябр Абдуллозода ва зердастони собиқаш дар боздошт буданд, вале моҳи сентябр мақомот онҳоро бо шарти берун нарафтан аз макони зист озод карданд.

Оҷонсии зидди фасод он вақт гуфт, се нафар Аслиддин Меликзода, муовини собиқи раиси фурудгоҳ, Муҳриддин Давлатов, раҳбари пешини таъминоти фурудгоҳ ва Тағоймурод Ҷӯразода, сармуҳосиби собиқи фурудгоҳ зарари расондаро пурра пардохт карданд. Худи Абдуллозода бошад, 94,3 миллион сомонӣ зарарро ҷуброн карда, ба гуфтаи Оҷонсии зидди фасод бояд боз бештар аз 922 миллион сомонии дигарро баргардонад.

Парвандаи Исматулло Абдуллозода ва чанде аз зердастони собиқаш баҳсҳоеро дар ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Бархе инро як намунаи густардагии фасод дар Тоҷикистон гуфтанд ва бархи дигар аз эҳтимоли беҷазо мондани Абдуллозода бар пояи равобиташ бо оилаи аввали кишвар изҳори нигаронӣ карданд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG