Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси интихобот ва ба артиш рафтани писарони вазирон. "Озодӣ Онлайн". ВИДЕО


Ин дафъа дар бораи интихоботи порлумонӣ ва баҳси ба артиш рафтану нарафтани писарони вазирон суҳбат мекунем. Ва видеоеро мебинем, ки дар толори Донишгоҳи Қирғизистону Туркия дар Бишкек бардоштаанд ва дар инҷо дипломатҳои тоҷик донишҷӯёнро ба ширкат дар интихобот даъват мекунанд.

Яке аз онҳо мепурсад, “дар ҳақиқат дар Тоҷикистон “тағобозӣ” рафта истодааст?” Намояндаи мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, “интихобе, ки нашудаст, чӣ гуна Шумо натиҷаашро маълум кардед, додар? Бояд худатон шахсан рафта иштирок кунед.”

Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон рӯзи 1-уми март сурат мегирад.

Акнун дар бораи хидмат дар артиш, як мавзӯи ҷанҷолӣ суҳбат мекунем, ки бо наздиктар омадани мавсими даъвати баҳорӣ доғ мешавад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи гузашта гуфт, хидмат дар артиш, ки масъалаи бадрафторӣ дар он доғ аст, фақат вазифаи мардуми оддӣ нест, балки фарзандони вазирон ҳам бояд бираванд.

Бештар аз сад корбар зери ин видео дар саҳифаи Радиои Озодӣ шарҳ гузоштаанд ва аз ҷумла Дима Қодиров, ки навиштааст: “Мераванд, номашонро сабт мекунанд, дигар аз пайи кору боранд. Бовар надорам, ки бачаҳои бой ва бачаҳои коргарони давлат ба хидмат раванд. Инҳо аз ҳоло билети ҳарбӣ доранд.»

Корбаре бо номи Парвиз Шарипов гуфтааст, баъзе аз фарзандони мақомоти баландпоя дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ хидмат мекунанд. Ӯ навиштааст: “Ман ба ин бовар дорам аз 99 дарсад 2 дарсадаш мераванд, барои онки ҳамроҳи ман фарзандони мансабдорон ҳам буданд. Яктоаш муовини фармондеҳи қисми ҳарбиямон буд, ки онҷо хизмат кардаам.»

Корбаре бо номи Оятулло Хоҷаев ҳам зоҳиран дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ хидмат кардааст, ки чунин шарҳеро навиштааст: «Яктоашро дар ёд дорам, ки рӯзи истироҳат бо мо футбол бозӣ мекард ва рӯзҳои дигари ҳафта аз хизмати ҳарбӣ нест мешуд.»

Амирҷони Аминҷонӣ ҳам гуфтааст, бовар надорад, вазирон гуфтаи раиси ҷумҳурро иҷро мекунанд: «Фарзандони мансабдорони сатҳи поён, раисони ҷамоат, шаҳр, ноҳияҳо мумкин раванд, аммо бовар надорам, ки фарзандон ва ҳатто наберагони раисони вилоятҳо, вазирон, муовини вазирон, прокурор, суд ба хизмат раванд. То ҳол надидаем ва нашунидаем, ки онҳо хидмат карда бошанд.»

Шумо ҳам назару андешаҳои худро нависеду ба мо бифристед. Вотсаппу Телеграму Вайбер ва Имо барои видеову аксҳои шумост. То дидор дар барномаи дигар.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG