Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Радду бадал байни раисҷумҳур ва сарвазири Гурҷистон

Саломе Зурабишвилӣ, раисҷумҳури Гурҷистон, дар канори эътирозгарон дар Тбилиси. 28-уми ноябри 2024
Саломе Зурабишвилӣ, раисҷумҳури Гурҷистон, дар канори эътирозгарон дар Тбилиси. 28-уми ноябри 2024

Сарвазири Гурҷистон гуфт, раисҷумҳур Саломе Зурабишвилӣ бояд дар охири моҳи декабр мақомашро тарк кунад. Изҳороти Ираклий Кобахидзе рӯзи якуми декабр садо дод.

Қаблан Саломе Зурабишвилӣ порлумони тозаинтихоби кишварашро ғайриқонунӣ номида, ваъда дод, ки пас аз анҷоми ваколат низ ба вазифаи худ идома хоҳад дод.

Ӯ гуфт: “Порлумони қонунӣ нест. Порлумони ғайриқонунӣ наметавонад, ки раисҷумҳури навро интихоб кунад. Ба ин тартиб, ягон маросими савгандёдкунӣ намешавад. То порлумон қонунӣ интихоб нагардад, ваколати ман идома хоҳад дошт.”

Ираклий Кобахидзе
Ираклий Кобахидзе

Интихоботи порлумонӣ дар Гурҷистон рӯзи 26-уми октябри имсол гузашт.

Натиҷаи расмӣ “Орзуи гурҷӣ”, ҳизби ҳокими рӯ ба Русияро пирӯз эълон кард. Мухолифон гуфтанд, раъйдиҳӣ бо тақаллуб сурат гирифт. Кишварҳои ғарбӣ хоҳони таҳқиқи мунсифона шуданд.

Аз он вақт то ҳоло дар Тбилиси (Тифлис) тазоҳурот идома дошта, буҳрони сиёсӣ баъди ба таъхир гузоштани музокироти пайвастани Гурҷистон ба Иттиҳоди Аврупо амиқтар шуд.

Ҳазорон тазоҳургар шаби сеюми 30-юми ноябр ба хиёбонҳои Тбилиси баргаштанд, то алайҳи тасмими ҳукумат дар бораи мутаваққиф кардани музокироти пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо эътироз кунанд.

Пулис барои пароканда кардани онҳо аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода кард.

Тбилиси, 1-уми декабри 2024
Тбилиси, 1-уми декабри 2024

Гурҷистон дар соли 2023 мақоми нозирро дар Иттиҳоди Аврупо касб кард. Сарвазир Иракли Кобахидзе рӯзи 28-уми ноябр эълон кард, ки музокиротро барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо то соли 2028 ба таъхир мегузорад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

ВКД Тоҷикистон: Султонов зодаи Тоҷикистон нест

Реалное Время батакрор аз забони мақомоти Русия навишт, ки Рифъат Султонов зодаи Тоҷикистон аст.
Реалное Время батакрор аз забони мақомоти Русия навишт, ки Рифъат Султонов зодаи Тоҷикистон аст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як раддия ба хабари Радиои Озодӣ мегӯяд, шахсе бо номи хонаводагии Султонов, ки дар Тоҷикистон боздошт ва Русия супурда шудааст, зода ё шаҳрванди Тоҷикистон нест.

Ин ниҳод рӯзи 21 октябр навишт, “Султанов Рафис Рустемович (на Рифъат Султонов), соли таваллудаш 1995, шаҳрванди Федератсияи Россия, сокини шаҳри Қазон буда, зодаи Тоҷикистон нест.”

Вазорат Радиои Озодиро ба он айбдор кардааст, ки гӯё ҳангоми истифода аз гузориши хабаргузории “Реальное время” амдан Султоновро "зодаи Тоҷикистон" номидааст.

«Радиои Озодӣ» ҳамчун сарчашмаи хабари мазкур хабаргузории “Реальное время”-ро нишон додааст, ки дар ин хабаргузорӣ зода ва шаҳрванди куҷо будани гумонбар дарҷ нагардида, баръакс қайд гардидааст, ки Султанов Рафис Рустемович ҳанӯз дар давлати бегона бо нишондоди аввал ба гуноҳи худ иқрор шудааст," навиштааст ВКД Тоҷикистон.

Аммо дар асл ин хабаргузорӣ дар ҳарду матлабаш рӯшану ошкоро Султоновро зодаи Тоҷикистон номида, афзудааст, ки ин гумоанбар "дар ватанаш боздошт шуда, масъалаи истирдодаш ба Русия баррасӣ мешавад". Ҳарчанд хабаргузорӣ ба манбаъҳои худ дар ВКД Русия такия мекунад, худи мақомоти Русия дар бораи шаҳрванди кадом кишвар будани Султонов расман чизе нагуфтаанд. Вале хабар додаанд, ки Султонов рӯзи 14-уми октябр ба Ирина Шевиреваи 34-сола дарафтода ба гарданаш чанд дафъа корд зада, ҳамон шаб ба Тоҷикистон фирор кардааст.

ВКД Русия гуфтааст, ки ин суиқасд фармоишӣ буда, дар таҳия ва иҷрои он ҳафт нафар боздошт шудаанд.

Муовини Доналд Трамп ба Исроил рафт

Ҷей Ди Венс, муовини раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 21-уми октябр вориди Исроил шуд.

Қарор аст Венс бо намояндаи аршади Амрико дар умури Ховари Миёна ва коршиносони низомие вохӯрад, ки ба оташбас дар Навори Ғазза назорат доранд.

Тибқи гузоришҳои расонаҳои исроилӣ, муовини раиси ҷумҳури Амрико 22-юми октябр дар шаҳри Байтулмуқаддас бо роҳбарони Исроил, аз ҷумла нахуствазир Бенямин Нетаняҳу мулоқот мекунад.

Сафари муовини раиси ҷумҳури Амрико ба Исроил дар ҳоле анҷом мешавад, ки нигарониҳо аз шикасти оташбас дар Ғазза зиёд шудааст.

Тавофуқи оташбас дар Ғазза 13-уми октябр дар Миср имзо шуд ва ба ҷанги дусола дар ин минтақа поён дод. Созиши сулҳ миёни Исроил ва “Ҳамос” бо талошҳои чор кишвар ва тарҳи пешниҳодии Доналд Трамп ба даст омад.

Исроил рӯзи якшанбеи 19-уми октябр дар посух ба кушта шудани ду сарбозаш ба чандин макон дар Навори Ғазза ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дод. Мақомоти Исроил баъди ин ҳамла гуфтанд, ба тавофуқи оташбас пойбанд мемонанд.

Санаэ Такаити нахустин сарвазири зан дар таърихи Ҷопон шуд

Порлумони Ҷопон рӯзи сешанбе Санаэ Такаитиро нахуствазири ин кишвар интихоб кард. Санаэ Такаити дар таърихи Ҷопон нахустин зан мебошад, ки ба ин мақом мерасад.

Санаэ Такаитии 64-сола, ки ахиран раиси Ҳизби либерал-демократи Ҷопон баргузида шуда буд, аз чанд муддат ба ин тараф гузинаи эҳтимолӣ барои раҳбарии ҳукумат матраҳ буд.

Санаэ Такаити рӯзи 21 октябр пас аз дидор бо императори он кишвар, расман ба кор оғоз кард.

Ӯ рӯзи 20 октябр ваъда дод, ки "иқтисоди Ҷопонро қавитар бисозад ва ин кишварро тавре бозсозӣ кунад, ки битавонад дар баробари насли оянда масъулиятпазир бошад".

Хонум Санаэ Такаити як сиёсатмадори миллигарои муҳофизакор аст ва пештар вазири амнияти иқтисодӣ ва умури дохилӣ будааст.

Ӯ барномаи молии тавсеаталабонае барои чаҳорумин иқтисоди бузурги ҷаҳон дорад.

Трамп: талошҳо барои поёни ҷанг дар Украина давом доранд

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Президенти Амрико Доналд Трамп мегӯяд, талошҳо барои расидан ба тавофуқ миёни Русия ва Украина идома доранд ва агар ин созиш ҳосил нашавад пайомадаш вазнин хоҳад буд.

Трамп 20-уми октябр дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, “мо талош дорем созиш ба даст ояд. Агар ин кор анҷом шавад, олӣ аст. Дар ғайри сурат бисёриҳо баҳои вазнин хоҳанд пардохт”.

Хабарнигорон аз Доналд Трамп пурсиданд, ки чаро Иёлоти Муттаҳида барои ғалабаи низомии Украина талош намекунад. “Ҳама чиз аз он ки шумо тасаввур мекунед, печидатар аст", - посух дод Трамп.

Ҳарфҳои раиси ҷумҳури ИМА дар ҳоле садо медиҳанд, ки Котиби давлатии Амрико Марко Рубио ахиран бо ҳамтои русаш Сергей Лавров телефонӣ гуфтугӯ кард. Гуфта мешавад вазирони корҳои хориҷӣ омодагӣ ба дидори Трамп ва Путинро дар Будапешт баррасӣ кардаанд.

Вазири нақлиёт тамбашавии роҳҳоро яке аз мушкилиҳои асосии соҳа номид

Азим Иброҳим, Вазири нақлиёти Тоҷикистон.
Азим Иброҳим, Вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон роҳбандӣ ё тамбашавӣ дар ҷодаҳо, ба вижа дар пойтахтро яке аз мушкилиҳои асосии ин соҳа номидааст. Моҳҳои ахир сокинони зиёде дар Душанбе аз тамбашавии роҳҳо шикоят мекунанд.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёт 17-уми октябр дар ҷаласаи ҷамъбастии ин ниҳод аз ин вазъ нигаронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, тамбашавӣ сабаби дер мондани одамон ба кор, асабонияти ронандагону мусофирон ва садамаҳо шуда, ба кори хадамоти фаврӣ мисли "Ёрии таъҷилӣ", халал ворид мекунад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон сабабҳои асосии тамбашавии мошинҳоро ба афзоиши аҳолӣ ва шумори воситаҳои нақлиёт, рабт додааст.

Азим Иброҳим ба зердастонаш дастур додааст, ки "оид ба тадбирҳои таъхирнопазир ҷиҳати коҳиш додани тамбашавӣ пешниҳодҳо манзур намоед". Маълум нест, ки мақомот барои кам кардани тамбашавӣ дар роҳҳо чӣ кор карда метавонанд.

Дар зимн, ин мушкилро муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Салимзода ҳам ба таҳлил кашида, гуфтааст, ки аз соли 2021 то 2024 шумори мошинҳои шахсӣ дар шаҳр қариб 66 дарсад зиёд шудааст. Вай дар матлабе дар нашрияи "Паёми Душанбе" навиштааст, теъдоди мошинҳо дар пойтахт қариб ба 145 ҳазор расидааст.

17 октябри 2024, шаҳри Душанбе
17 октябри 2024, шаҳри Душанбе

Ба гуфтаи ин мақомдори тоҷик, сабаби аслии тамбашавӣ, ворид шудани шумораи зиёди мошинҳо аз берун ба пойтахт аст. Ба гуфтаи Раҳмиддин Салимзода, дар як шабонарӯз аз шаҳру ноҳияҳои дигар беш аз 44 ҳазор мошин вориди Душанбе мешаванд.

Зиёд шудани шумораи таксиҳо дар пойтахро ҳам муовини раиси шаҳри Душанбе яке аз сабабҳои дигари эҷоди тамбашавӣ дар роҳҳо номидааст. Ҳоло ба навиштаи ин мақомдор, теъдоди таксиҳо дар пойтахт ба 12 ҳазор адад расидааст.

Ба пешниҳоди Муовини раиси шаҳр, бунёди пулҳои болои роҳ ва ҷудо кардани хатти нақлиёти мусофирбар мисли кишварҳои дигар, метавонад вазъро беҳтар кунад.

Мардум дар пойтахт мегӯянд, тамбашавӣ ягона мушкили онҳо дар роҳҳо нест. Камбуди нақлиёти калони мусофирбар дар ҷодаҳои шаҳр ва беназм будани кори онҳову нархи роҳкироро сокинон аз мушкилиҳои асосии дигар дар роҳҳо меноманд.

Ихроҷи 135 муҳоҷир аз Русия дар пайи амалиёти "Нелегал-2025"

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар Русия марҳилаи дуввуми амалиёти "Нелегал-2025" идома дорад ва нерӯҳои амниятӣ муҳоҷиронро дар сохтмону бозор ва ҷойи хобу автобусҳо ҷустуҷӯву тафтиш ва боздошт мекунанд.

Маъмурини чанд ниҳод -- пулису, амният ва ОМОН ё гурӯҳи таъиноти махсус ба яке аз сохтмонҳо дар маркази Хабаровск ворид шуда, даҳҳо муҳоҷирро барои тафтиши ҳуҷҷатҳо ба идораи муҳоҷират бурданд.

Онҳо се нафарро барои нақзи қоидаҳои муҳоҷират хориҷ намуданд ва ду нафарро таҳдид ба зиндон кардаанд. Ба иттилои кормандони интизомӣ, ин муҳоҷирон пас аз гирифтани шаҳрвандӣ, қисми ҳарбиро тарк кардаанд.

Дар Барнаул дар пайи амалиёти пулис дар дохили автобус 33 муҳоҷир боздошт ва аз Русия ихроҷ шудаанд.

Дар Челябинск ҳам амалиёти ҷустуҷӯву тафтиши муҳоҷирон дар қаҳвахонаву сохтмонҳо идома дорад.

Дар амалиёти "Нелегал–2025" мақомоти рус аз дрон истифода мебаранд.

Ба иттилои расмӣ, дар 4 рӯзи амалиёт 17 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 19 ҷиноят дар самти муҳоҷират ошкор шуда, 135 нафарро аз Русия рондаанд. Амалиёти мазкур то 22 юми октябр идома мекунад.

Солҳои ахир махсусан пас аз ҳамла ба толори консертии "Крокус", шикори муҳоҷирон дар Русия шиддат гирифта, дар бисёре аз мавридҳо бо таҳқиру латтукӯби муҳоҷирон ҳамроҳ будааст.

Арабистони Саудӣ барои зоирон қоидаи нав ҷорӣ кард

Арабистони Саудӣ барои қабули зоирон қоидаи навро ҷорӣ кард. Аз ин ба баъд барои гирифтани виза ё раводид кас бояд аз ташхиси тиббӣ гузарад.

Санади тандурустӣ тавассути пойгоҳи "Nusuk" таҳия карда мешавад. Шарти нав барои сафар ба ҳаҷро Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ эълон кард.

Рӯйхати бемориҳое, ки монеи сафари одамон ба ҳаҷ мешавад, дароз аст. Бар асоси ин феҳраст, афроде, ки ба шаклҳои вазнини бемории гурда, бемории қалб, бемориҳои музмини шуш гирифторанд ё аз бемориҳои асаб азият мекашанд, наметавонанд ҳаҷ кунанд.

Гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ ва саратону ҳомиладорӣ дар моҳҳои ахир ҳам ба кас имкон намедиҳад, ки сафари ҳаҷ кунад.

Ба таъкиди мақомоти Арабистони Саудӣ, маҳдудиятҳои нав барои ҳифзи бехатарӣ ва сиҳатии зоирон гирифта шудааст.

Бо назардошти фавти зоирони зиёд дар солҳои пеш, Арабистони Саудӣ имсол тадобири амниятиро сахттар кардааст, то аз маргумири зиёд дар маъракаи ҳаҷ пешгирӣ шавад.

Соли 2024 ба сабаби гармои сахт ва ҳарорати 51 дараҷаӣ, бештар аз 1300 зоир дар Арабистони Саудӣ ҷон доданд.

Ҳар сол беш аз шаш ҳазор сокини Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи фарзӣ мераванд.

Қазоқистон сафири худро дар ИМА нав мекунад

 Магжан Илёсов - сафири нави Қазоқистон дар ИМА
Магжан Илёсов - сафири нави Қазоқистон дар ИМА

Як моҳ баъди барканории сафири Қазоқистон дар ИМА бо амри президент Қосимҷомарт Тоқаев Магжан Илёсов раҳбари нави намояндагии дипломатии Остона дар Вашингтон таъин шуд.

Фармони таъини сафири нави Қазоқистон дар ИМА рӯзи 20 октябр дар сомонаи Оқорда - қасри президент ба нашр расид. Илёсов дар ин мақом Ержан Ошиқбоевро иваз кард, ки давоми шаш соли гузашта дар ин мақом кор кардааст. Ошиқбоев ҳамроҳ бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу поёни моҳи сентябр баъди бозгашти Тоқаев аз Ню Йорк аз вазифа маҳрум шуда буд.

Он замон бархе тахмин карданд, ки барканориҳо ба интиқодҳои Тоқаев аз дипломатҳои калони кишвараш ва нотавонии ташкили гуфтугӯи ӯ бо президенти ИМА Доналд Трамп рабт дорад, дар ҳоле, ки президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев тавонист давоми панҷ дақиқа бо Трамп мулоқоти ҳузурие дошта бошад. Айни замон, дар ин сафар ба Амрико дар чаҳорчӯби мубоҳисаҳои Маҷмаи кулли СММ дар Ню Йорк, ҳайатҳои Узбекистон ва Қазоқистон бо ширкатҳои ИМА ба маблағи умумии 12 миллиард доллар созишномаҳо дар заминаи хариди ҳавопаймоҳову локомотивҳо имзо карданд.

Дафтари президенти Қазоқистон он замон сабаби ин барканориҳоро нашр накард.

Илёсов 51 сол дошта, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳон ва равобити байналмилалии Қазоқистон мебошад. Ӯ инчунин дар Донишгоҳи Ҳарвард таҳсил кардааст.

Аз соли 2000 ба ин сӯ дар сохторҳои ВКХ ба кор шурӯъ кардааст. Дар мақомҳои сафири Қазоқистон дар Нидерланди, Бритониё, Ирландия ва Исландия кор кардааст.

Дар Ереван ҷасади Оиша Боймуродова - духтари Чеченистонро тарккарда пайдо шуд

Айшат (Оиша) Боймуродова
Айшат (Оиша) Боймуродова

Дар шаҳри Ереван ҷасади Айшат (Оиша) Боймуродова - духтаре аз Чеченистонро пайдо кардаанд, ки дар паи хушунати хонаводагӣ Русияро тарк карда буд. Дар ин бора полиси Арманистон хабар дод.

Чанде пеш як фаъоли ҳуқуқ гуфт, ки Айшат баъди он ки барои мулоқот бо як дугонааш берун рафт, нопадид шуд. Бархе тахмин карданд, ки шояд духтари фирориро гашта ба Чеченистон бурдаанд.

Полиси Арманистон навишт: “19 октябр ба идораи полиси ВКД Арманистон як шаҳрванд занг зада хабар дод, ки дар як хонаи иҷора дар кӯчаи Демирчяни шаҳри Ереван ҷасади зане пайдо шудааст. Ходимони полис ба ҷои ҳодиса рафтанд. Маълум шуд, ки он ҷасади Айшат Боймуродоваи 23-сола аст, ки аз 17 октябр нопадид шуда буд”. Тафтиш шурӯъ шуда, сабабҳои марги ӯ санҷида мешавад.

Боймуродова бо ёрии як созмони ҳомии ҳуқуқ, ки ба духтарону занони Қафқози Шимолӣ дасти ёрӣ дароз мекунад, Чеченистонро тарк карда буд. Рӯзи 17 октябр фаъоли ҳуқуқ Даниил Чебикин гуфт, ки Айшат нопадид шудааст.

Ӯ гуфт, дӯстони Айшат Боймуродова, ки бо ӯ дар як манзил зиндагӣ мекунанд, хабар додаанд, ки ӯ шоми 15 октябр аз сайругашт барнагашт. Чебикин навишт: “Вай барои мулоқот бо як дугонааш рафта буд, ки бо ӯ тавассути Инстаграм шинос шуда буд. Каме дертар маълум шуд, ки дар миёни обуначиёни дугонааш афроде ҳастанд, ки ба атрофиёни Қодиров рабт доранд”.

Чебикин навишт, ки ба Айшат бозгашти маҷбурӣ ба Чеченистон таҳдид мекунад. “Дар гузашта чунин ҳодисаҳо дар Аврупо, Гурҷистон ва минтақаҳои дигари Русия ҳам сабт шудааст, - навишт Чебикин. – Як чунин ҳодисае дар Ереван ҳам метавонист рух бидиҳад”.

Соли 2023 аз Петербург ба Чеченистон духтари дигари фирорӣ Седа Сулаймонова ҳам баргардонида шуд. Ду сол шуд ҳеҷ хабаре дар бораи ӯ нест ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки эҳтимолан хешовандонаш ӯро кушта бошанд.

навшуда

Дуздон аз осорхонаи "Лувр" ҷавоҳироти Наполеонро бо худ бурданд

Дар Фаронса гурӯҳи иборат аз 60 муфаттиш дар пайи боздошти гурӯҳи дуздони ҷавоҳироти беназири таърихӣ аз осорхонаи маъруфи “Лувр” мебошанд.

Ба қавли вазорати фарҳанги Фаронса, субҳи 19-уми октябр дар рӯзи рӯшан гурӯҳи муташаккилонаи дуздон худро усто вонамуд карда, тавассути зинапояи барқӣ дохили бино шуда, аз гӯшаи “Аполло” - макони нигаҳдошти ҷавоҳироти салтанатии Фаронса ҳашт нигораи бебаҳо ва аз ҷумла тоҷи ҳамсари Наполеон -маликаи Фаронса - Мария Луизаро ба яғмо бурданд.

Шоҳидони ин ҳодиса мегӯянд, ки аснои фирор дуздон тоҷро, ки аз пораҳои алмос ва дигар сангҳои гаронбаҳо оро дода шудааст, афтониданд ва эҳтимол он зиён дида бошад.

Ҷинояткорон бо истифода аз ҳамин нордбон ба осорхона ворид шуда дуздиро анҷом додаанд
Ҷинояткорон бо истифода аз ҳамин нордбон ба осорхона ворид шуда дуздиро анҷом додаанд

Хабаргузории Рейтерс аз корбаронаш навори ин ҷавоҳиротро дастрас намудааст. Дуздӣ боиси вокунишҳои ғазаболуд дар ҷомеаи Фаронса гардида, масъалаи амнияти муассисаҳои фарҳангиро дар маркази таваҷҷӯҳ қарор додааст.

Дар осорхонаи Лувр соли 1911-ум наққошии «Мона Лиза» ҳам рабуда шуда буд. Баъд аз ду соли тафтишот маълум шуд, ки дуздиро яке аз кормандони музей ташкил кардааст. Дузд боздошт ва наққошии бебаҳо ба ҷояш баргардонида шуд.

Фаронса дуздони ҷавоҳироти салтанатии ин кишварро ҷустуҷӯ дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00

Роҳи Душанбе-Хуҷандро барои мусобиқаи Асҳаб Тамаев бастанд

Рӯзи 19-уми октябр мақомот барои гузарондани мусобиқаи мошинронии Асҳаб Тамаев, як блогери чечентабор як қисмати роҳи Душанбе-Чаноқро бастанд.

Хабаргузории "Азия-Плюс" аз қавли ширкати IRS навиштааст, беш аз 5 километр роҳи Душанбе-Чаноқ дар ҳудуди "Кӯли Душанбе" барои мусобиқаи мошинронии Асҳаб Тамаев баста шуд. Навори ин мусобиқа ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва дида мешавад, ки одамони зиёде ҷамъ шудаанд.

Чанд корбари шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, шоми 19-уми октябр беш аз як соат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд дармонданд.

Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон қаблан чандин нафарро барои ташкили пойга ё мусобиқаи мошинронӣ боздошту ҷарима кардаанд, маълум нест, ки ҳадаф аз баргузории ин гуна мусобиқа бо ҳузури Тамаев чист?

Ҳамчунин наворҳое ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки дар он дида мешавад, дар вақти намоиши мошинронии Асҳаб Тамаев дар як майдон курсиҳои барои мухлисон омодашуда чаппа шуда, чанд нафар аз баландӣ ба замин меафтанд. Маълум нест, ки дар ин ҳодиса чанд кас зарар дидааст.

Асҳаб Тамаев блогери шинохтаи чечентабор аст, ки қаблан низ дар чанд кишвари Осиёи Марказӣ ва Русия сабқатҳои мошинронӣ ташкил кардааст.

Шарҳи расмӣ дар бораи оташ гирифтани як коргоҳ дар Душанбе

Акс аз ҷойи ҳодиса
Акс аз ҷойи ҳодиса

Мақомоти Тоҷикистон сӯхтор дар як корхонаи наздик ба Фурудгоҳи Душанберо шарҳ доданд.

Шоми 19-уми октябр дуди сиёҳе аз наздикии фурудгоҳ ба фазо печид ва баъзе сокинони пойтахтро нигарон кард. Хадамоти сӯхторнишонӣ дар шарҳи расмии ҳодиса гуфт, сӯхтор соати 16:11 дар коргоҳи истеҳсоли пластикаи ширкати "Созмон" дар кӯчаи Аҳмади Дониш рух додааст.

Ба қавли манбаъ, ба ҷойи ҳодиса 11 мошини сӯхторнишонӣ ва 3 нақлиёти обкаш сафарбар шуда, оташ соати 17:44 хомӯш карда шуд.

Мақомот сабабҳои сар задани сӯхтор дар ин коргоҳро нагуфтанд ва ҳаҷми зарар ҳам маълум нест.

Солона бар асари сар задани сӯхтор ба шаҳрвандон ва корхонаҳои кишвар миллионҳо сомонӣ зарар мерасад.

Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, нависандаи халқии Тоҷикистон

Кароматуллоҳи Мирзо. Акс аз бойгонӣ
Кароматуллоҳи Мирзо. Акс аз бойгонӣ

Кароматуллоҳи Мирзо, нависандаи халқии Тоҷикистон шоми 19-уми октябр дар 83 – солагӣ даргузашт.

Ҳамкоронаш дар Фейсбук ин хабарро нашр карда, аммо дар бора сабабҳои марги Кароматуллоҳи Мирзо чизе нагуфтаанд.

Ба гуфтаи наздиконаш, маросими видоъ бо нависанда дар зодгоҳаш деҳаи Нилкони ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мешавад.

Кароматуллоҳи Мирзо барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ буд ва асарҳои зиёде иншо кардааст.

Маъруфтарин осори ӯ китобҳои "Дар орзуи падар" ва "Марги бегуноҳ" аст, ки аз рӯи ҳардуи онҳо филм таҳия шудааст.

"На бар подшоҳ". Эътирози мухолифони Трамп дар 50 аёлат

Мухолифон ва афроди норозӣ аз сиёсатҳои Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар 50 аёлати ИМА бо шиори "на ба подшоҳ" ба хиёбонҳо омаданд. Ҷумҳурихоҳон ин эътирозҳоро "намоиши нафрат аз Амрико" хонданд.

Хабаргузориҳои байнулмилалӣ рӯзи шанбеи 18-уми октябр шумораи муътаризонро ҳудуди ҳафт миллион нафар эълом карданд. Муътаризон аз Ню-Йорк то Лос-Анҷелес ва ҳатто дар наздикии маҳалли иқомати Трамп дар аёлати Флоридо ҷамъ шуданд.

Мақомоти аёлати Ню-Йорк шумораи ширкаткунандагон дар тазоҳуротро "беш аз 100 ҳазор нафар" ва дар Вашингтон "8 то 10 ҳазор нафар" гуфтанд. Ҳамла ба расонаҳо, мухолифони сиёсӣ ва муҳоҷирони беҳуҷҷат аз ҷумлаи интиқодҳое буд, ки аз сӯи муътаризон садо дод.

Вокуниши Трамп

Доналд Трамп мисли ҳамеша вокуниши тунде нишон дод ва чанд видеои омодашуда бо ҳуши маснуиро дар шабакаи иҷтимоии худ Truth Social пахш кард, ки ӯро дар нақши як подшоҳ нишон медод.

Дар яке аз ин наворҳо Трамп бо тоҷ бар сар ҷангандаеро идора мекунад, зоҳиран маводи нопокро бар сари муътаризон мерезад.

Ҳампаймонҳои сиёсии Доналд Трамп аз ҳизби ҷумҳурихоҳ низ муътаризонро барои ин корашон танқид карданд.

Тазоҳуроти мухолифони Доналд Трамп дар ҳоле баргузор шуд, ки давлати федероли Амрико ба далели тасвиб нашудани будҷаи Иёлоти Муттаҳида аз кор мондааст. Талошҳо барои эҷоди тафоҳум миёни ҷумҳурихоҳон ва демократҳо дар ин бора ҳанӯз ба натиҷае нарасидааст.

Толибон ва Покистон созиши оташбас имзо карданд

Созишро Мулло Муҳаммад Яъқуб, вазири дифои Толибон ва Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои Покистон имзо карданд
Созишро Мулло Муҳаммад Яъқуб, вазири дифои Толибон ва Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои Покистон имзо карданд

Ҳукумати Толибон мегӯяд, ҳайатҳои Афғонистон ва Покистон дар Қатар бар сари оташбаси комил ва маънодор ба тавофуқ расиданд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон дар шабакаи X аз талошҳои Қатар ва Туркия барои миёнҷигӣ дар ин гуфтугӯ сипосгузорӣ кард.

Муҷоҳид навишт, Афғонистон ва Покистон санадеро имзо карданд, ки бар асоси он ду кишвар ба эҳтироми тарафайн ва робитаи неки ҳамсоягӣ таъкид кардаанд.

Дар музокираи Қатар, раёсати ҳайатҳои ду кишварро вазирони дифоъ ба уҳда доштанд.

Забеҳулло Муҷоҳид гуфтааст, ду тараф тавофуқ карданд, ки ҳеч гуна иқдоми душманона алайҳи якдигар анҷом надиҳанд ва аз гуруҳҳои мухолифи ҳукумати Покистон ҳимоят накунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Қатар низ субҳи 19-уми октябр эълон кард, ки ҳайатҳои Афғонистон ва Покистон рӯзи шанбе барои оташбаси фаврӣ тавофуқ карданд.

Таниш миёни Покистон ва Афғонистон пас аз он боло гирифт, ки нерӯҳои покистонӣ рузи 9-уми октябр бо ҳадафи нобуд кардани аъзои баландпояи толибони Покистон ба Кобул ҳамлаи ҳавои анҷом доданд.

Баъди ин чанд рӯз неруҳои марзбонии Толибон ва Покистон бо ҳам даргир шуданд. Ду тараф аз даҳҳо кушта хабар доданд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG