Мирсаид Шораҳматуллоев, собиқ раиси бахши Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ дар ноҳияи Шуғнон ва масъули интихоботии ин ҳизб дар ВМКБ ба панҷ сол зиндон маҳкум шудааст.
Анора Саркорова, рӯзноманигори мустақил дар саҳифаи фейсбукиаш ин хабарро нашр карда гуфтааст, ҳукми додгоҳ 27-уми май содир шуд. Масъулини Додгоҳи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар ин бора шарҳе надодаанд.
Ба навиштаи Анора Саркорова, Мирсаид Шораҳматуллоеви 67-сола моҳи декабри соли 2025 баъди навиштани шарҳи интиқодӣ дар Фейсбук боздошт ва барои сафедкунии терроризм зиндонӣ шуд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ин навишта дар Фейсбук Шораҳматуллоев ба марги Шерик Карамхудоев, фаъоли пешини ҲНИТ дар зиндон вокуниш карда, мақомоти Тоҷикистонро барои кумак накардан ба ӯ танқид кардааст.
Радиои Озодӣ бо ин шарҳ шинос нашудааст. Аз содир шудани ҳукм ҳамчунин пойгоҳи "Памир Инсайд" низ хабар додааст.
Шерик Карамхудоев, раҳбари пешини намояндагии ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар шаҳри Хоруғ охири моҳи ноябри соли гузашта, дар зиндон фавтид. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ бояд 5-6 моҳ пас озод мешуд.
Анора Саркорова менависад, "Мирсаид Шораҳматуллоев дар шарҳи навиштааш дар Фейсбук амалҳои мақомотро маҳкум карда, изҳор дошт, ки онҳо амалан маҳбуси сиёсӣ Карамхудоевро ба марги пур аз азоб гирифтор карданд ва озод шудани Карамхудоев ба манфиати онҳо набуд."
Шарҳи мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин қазия маълум нест. Рӯзи 30-юми май ба зангҳои мо дар Додгоҳи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон посух надоданд.
Мирсаид Шораҳматуллоев, собиқ раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Шуғнон буд, ки соли 2013 дар як суханронии телевизионӣ гуфт, аз вазифааш даст мекашад. Аммо дертар Шораҳматуллоев телевизиони Бадахшонро ба таҳрифи суханҳояш муттаҳам кард ва афзуд, ин шабака вайро ба бинандагон ҳамчун мухолифи ҳизби наҳзат муаррифӣ кардааст. Соле пеш аз ин ӯро аз вазифаи омӯзгори мактаби деҳи Муни ноҳияи Шуғнон озод карданд.
Мирсаид Шораҳматуллоев он вақт гуфта буд, бо назардошти вазъи иҷтимоии хонавода ва меҳраш ба касби омӯзгорӣ, вай розӣ шудааст, аз раҳбарии бахши ноҳиявии ҳизб даст кашад, аммо нагуфтааст, ҳизбро тамоман тарк мекунад. Ӯ умедвор буд, ки ҳамчун масъули интихоботии ҲНИТ дар минтақа боқӣ мемонад.
ҲНИТ соли 2015 дар Тоҷикистон гурӯҳи ифротӣ ва террористӣ эътироф шуд. Даҳҳо узви фаъоли он боздошту зиндонӣ ва гурӯҳи дигаре аз Тоҷикистон фирор карданд. Он вақт ин ҳизб эълом дошт, ки фаъолияташро дар дохили Тоҷикистон қатъ кардааст.