Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикамбузургҳоро аз милиса меронанд? (САДО)


Санҷиши вижаи намуди зоҳирии ходимони милисаи тоҷик муносиб будани қаду вазни ходимони ҳифзи ҳуқуқро ба меъёрҳои муқарраршуда мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Барои милисаҳои чоқ фурсат медиҳанд, ки вазнашонро кам кунанд, вагарна аз кор озод мешаванд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон санҷиши кормандони худ дар ҳамаи шӯъбаҳо ва раёсатҳоро оғоз кардааст, ки дар чаҳорчуби онқомати як марди милиса набояд аз 168 ва ходими зан аз 160 сантиметр поён бошад. Вазни ҳар кадом ҳам мувофиқ бо талаботи тиббии қади инсон бояд мувофиқат кунад, вагарна ин корманди полис фарбеҳ ва ношоям эътироф мешавад.

Дар чаҳорчӯби санҷиши нав, қомати як марди милиса набояд аз 168 ва ходими зан аз 160 сантиметр поён бошад.

Маълум нест, ки ангезаи ин тасмим чисту чанд дарсади ходимони милисаи тоҷик аз вазни барзиёд азият мешаванд. Дар вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин бора дар фурсати муносиб ба таври хаттӣ посух хоҳанд дод.

Шикамбузургҳоро аз милиса меронанд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:13 0:00
Линки мустақим


Вале чанд тан аз кормандони милиса дар манотиқи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бархе ҳамкорони онҳо дар пайи санҷиш огоҳонида шуданд, ки дар фурсати як моҳ бояд вазни худро ба меъёр мутобиқ кунанд, бо варзиш машғул шаванд, вагарна кори онҳо дар ин сохтор зери суол меравад.

Саидаҳмад Исмоилов, як корманди шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дастури анҷоми санҷиши намуди зоҳирии кормандони милиса тақрибан як моҳ қабл ба онҳо ба таври хаттӣ расидааст ва бар асоси ин дастур, онҳо ҳам санҷиши кормандонро шурӯъ кардаанд. Вай гуфт, “корманде, ки қоматаш кӯтоҳу шикамаш бузург аст ва ба меъёр ҷавобгӯ нест, бояд бо тарбияи ҷисмонӣ машғул шуда дар майдону варзишгоҳҳо машқи бадан кунад, то ки ислоҳ шавад”.

Меъёр чӣ аст?

Барои кор дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, масалан, милиса, меъёрҳои худ вуҷуд дорад. Масалан, Академияи милисаи даврони шӯравӣ, ки талаботи бунёдии қабул ба кори он то имрӯз ҳифз шудааст, мегӯяд, ҳар корманди милиса бояд аз назари ҷисмонӣ солим, нури чашмаш тез бошад ва бояд аз санҷиши тиббӣ бомуваффақият гузарад. Як талаби дигари кор дар сохтори милисаи мард ин аст, ки қадаш аз 168-170 см поён набуда, вазнаш ҳам то 75 кг бошад.

Ин талабот ба хотири риояи солимии милиса ва ҳам омода будани ӯ барои иҷрои фаъолиятҳои касбиаш, ки ҳаракату амалҳои зиёди ҷисмонӣ, давидану париданро ҳам тақозо мекунад, лозим будааст.

Полковники милиса: Ходимони фарбеҳ зиёд шудаанд

Коршиноси умури корҳои дохилӣ полковники милиса Алиакбар Абдуллоев аз ин иқдоми мақомоти умури дохила ҷонибдорӣ кард ва гуфт, ки дар асл мавзӯъ нав нест. Дар гузашта талаботи риояи намуди зоҳирӣ шадидан риоя мешуд, вале дар солҳои охир бо сабаби гирифториҳои мақомот бо масоили муҳим, онҳоро аз таваҷҷӯҳ ба масъалаи симои зоҳирии намояндаи давлат дур кард. Вай гуфт, тақозо ин аст, ки “корманди умури дохила на коҳил, балки чусту чолок бошад.”

Алиакбар Абдуллоев
Алиакбар Абдуллоев

Дар сурати мувофиқат накардани корманди умури дохила ба меъёри муқарраршуда магар нақзи ҳуқуқи онҳо намешавад? – мепурсем аз ин коршинос. Алиакбар Абдуллоев ҳамчун афсари собиқи соҳаи умури дохила мегӯяд, дар ин масъала суоли нақзи ҳуқуқ ҷой надорад, зеро корманди милиса огоҳ карда мешавад, ки меъёр ё нормативи умури дохиларо риоят кунад ва агар вазни ӯ бо қоматаш мувофиқат накунад ва онро ислоҳ накунад дигар корманди шоистаиин соҳа дониста нахоҳад шуд.

“Ҳама ба майдончаи варзиш!”

Вай меафзояд, ҳоло вазорати корҳои дохила майдони варзишии худ ва толорҳои варзишӣ ва дар назди шуъбаҳо - майдончаҳои спортӣ дорад, ки маҳз барои тарбияи бадании милисаҳо омода карда шудаанд. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, ҳанӯз дар замони шӯравӣ меъёрҳои мазкур ҷиддан риоя карда мешуданд.

Як корманди милиса аз ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, вақте ба Академияи милисаи пойтахт шомил шуд, ӯро аз рӯи меъёри тибии муносибии қомат ба вазни инсон қабул карданд. Вай гуфт, он замон қомати ӯ 177 сантиметр буд ва вазанаш 70 кило буд.

Вай мегӯяд, бархе корманди милиса баъди таҳсил дигар ба тарбияи бадан аҳамият намедиҳанд ва меъёри вазнашон аз қоматашон бештар мешавад, ки ба талаботи соҳаи умури дохила ҷавобгӯ буда наметавонад. Аз замони шурӯи санҷиши мазкур, беш аз як моҳ сипарӣ шудааст, вале ҳанӯз вазорати корҳои дохила оид ба натиҷаи он оморе пешинҳод накардааст.

Санҷиш – таҷрибаи нав нест

Таъини санҷиш барои озмоиши намуди зоҳирӣ ва муносиб будани қаду қомат ва вазни ходими милиса таҷрибаи нав нест. Дар соли 2013 раҳбари полиси Покистон ба ходимони ин сохтор дар Панҷоб амр дод, ки ба намуди зоҳирии худро ба меъёр мутобиқ гардонанд, вагарна аз кор пеш мешаванд. Ин ҷо ҳам масъалаи фарбеҳии аз ҳад беш мояи нигаронӣ будааст. Ҳисоб шудааст, ки ҳар ходими дуюми полис дар Панҷом аз ҳад беш чоқ будааст.

Матбуоти хориҷӣ менависад, ки дар баъзе кишварҳо ба ходимони милиса махсус тавсия дода мешавад, ки парҳез кунанд. Агар дар Чин ходими полис бояд варзишгари хуб бошад, дар аёлати Флоридаи Амрико як замоне ба ходимони полис ҳатто ҷоизаи пулӣ барои маҳрум шудан аз вазни барзиёд муқаррар шудааст. Барои ходимони полиси Финландия барномаҳои махсуси ҳифзи саломатӣ амал мекардааст, ки пеши роҳи фарбеҳиро мегирад.

XS
SM
MD
LG