“Як бор дар ин роҳ рафта биёям, ба мисли латтакӯҳна мешавам. Бисёр хаста мешавам. Вақти хоб тамоми аъзои баданам дард мекунад." Ин тасвири Абдусаломи ҳафтодсола аз вазъи роҳи байни шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ашт аст. Ӯ мегӯяд, ҳар замон бо дархости муштариён ба ноҳияи Ашт бор мебарад ва ҳам худаш азият мекашад ва ҳам мошинаш.
Роҳи байни ноҳияи Ашт ва Хуҷанд сад километр аст ва аз замони сохта шуданаш дар даврони Шӯравии собиқ боре ҳам дуруст бозсозӣ нашудааст. Мақомот ҳар дафъа ваъдаи азнавсозии онро медиҳанд, аммо таъхир ёфтанаш сокинонро нигарон кардааст.
Нуъмон Доваров, сокини ноҳияи Ашт, гуфт, “агар роҳ нағз шавад, мошинро бисёр таъмир намекунем. Роҳи дунимсоатаро дар як соат мегузарем. Дар се-чор сол як бор нақлиётро равонсозӣ мекунем”.
Имсол низ ба монанди солҳои қаблӣ соҳибкорону саховатмандон ин камбуди асосии ноҳияро ба қадри тавонашон ислоҳ карданӣ ҳастанд. Онҳо чанд километри роҳи ноҳамворро мумфарш карданд, то тарсу бими ронандагон аз садамаҳо коҳиш ёбад. Ба гуфтаи ронандагон, роҳ ба ҳадде вайрон аст, ки на ҳама ҷуръати ҳаракат ва бор кашидан аз тариқи онро мекунанд.
Абдусалом, сокини шаҳри Хуҷанд, гуфт: “Ман пеш бисёртар меомадам. Дар даромади Сомғор ямачаҳо (чуқуриҳо) зиёд буд. Як дафъа дар ҳамон ҷо ба садама дучор шудем. Ба даруни ҷуйбор афтодем ва ӯ ҷароҳат бардошт. Роҳ бад буд ва ҳоло онҷоро дарбеҳ кардаанд”.
Раиси ноҳияи Ашт дар нишасти матбуотӣ дар охири моҳи июл гуфт, ки мушкил соли оянда ҳал хоҳад шуд. Ба гуфтаи Шӯҳрат Муҳаммадзода, аксар роҳҳои дохилӣ мумфарш гардиданд ва инак навбат ба роҳи асосӣ омадааст.
“Гурӯҳи кории иборат аз 12 нафар омада, қариб ду моҳ роҳҳои дохилӣ ва маъмурии ноҳияро омӯхтанд. Дар куҷо истгоҳ ва дигар хидматрасонӣ мешавад, ҳамаашро муайян карданд. Худи вазири нақлиёт гуфтанд, ки лоиҳа омода шудааст ва соли 2026 роҳи Хуҷанд-Ашт ба пуррагӣ азнавсозӣ мешавад,” – иттилоъ дод ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, соли 2022 дар паёми солонааш гуфта буд, ки дар панҷ соли оянда ин мушкил ҳал хоҳад гардид ва дар сафари охиринаш ҳам ба минтақа мардуми маҳаллиро бори дигар умедвор кард. Музаффар Носирзода, сардори Идораи роҳҳои мошингарди вилояти Суғд, мегӯяд, “барои сохтмони роҳи Хуҷанд-Ашт маблағи зиёд лозим нест, чунки онҷо маҳалли аҳолинишин ва пул (купрӯк) камтар. Ман боварӣ дорам, ки солҳои наздик ҳамин роҳ низ таҷдид мешавад."
Роҳи Хуҷанд-Ашт аҳамияти байнулмилалӣ ҳам дорад. Дар ҳоли таъмир шудани ин роҳ равуои сокинони Тоҷикистону Узбекистон зиёд мешавад ва гардиши молу коло байни ду минтақа рушд мекунад.
Аксар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон, ки дар давраи Шӯравӣ сохта шудаанд, куҳнаву фарсуда ҳастанд ва барои таъмири ҳарсолаи онҳо миллионҳо доллар зарур аст. Роҳи Хуҷанд-Ашт низ ба далели худкифо набудани буҷаи ноҳия то ҳол таъмири куллиро надидааст.