Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санҷиши биноҳои порлумони Аврупо дар Брюссел ва Страсбург


Брюссел, 29-уми майи 2024
Брюссел, 29-уми майи 2024

Пулис дар доираи “парвандаи таблиғоти Русия” биноҳои порлумони Аврупоро дар Брюссел ва Страсбург бозҷӯӣ кард.

Ҷойи кор ва хонаи Гийом Прадур, ёвари вакил аз Ҳолланд Марсел де Графф низ бозҷӯӣ шудааст. Ӯ қаблан ҳамчун ёвари Максимилиан Кра, вакили ҳизби "Алтернатива барои Олмон" кор карда буд.

Додситонии Белгия дар баёнияи худ гуфтааст, ин шахс дар иртиботи вакилони порлумони Аврупо бо расонаи "Садои Аврупо", ки ИА онро барои паҳн кардани хабарҳои Кремл ва маълумоти бардурӯғ дар бораи рӯйдодҳои Украина таҳрим кардааст, метавонад нақши калидӣ дошта бошад.

Де Грааф дар шабакаи иҷтимоии "Х" навишт, ки ёвари ӯро аз бозҷӯӣ касе огаҳ накардааст ва пулис ҳам бо ӯ тамос нагирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, муфаттишон дар арафаи интихоботи порлумони Аврупо "Алтернатива барои Олмон"-ро таъқиб мекунанд.

Дар "Садои Аврупо" иддаои мақомоти аврупоиро рад карда, таҳримҳоро алайҳи худ нақзи озодии баён номиданд.

XS
SM
MD
LG