Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дарс диҳем ё ба суоли муфаттишон посух гӯем?" Муаллимон тафтиши додситонҳоро нозарур мешуморанд


Акс аз бойгонӣ

Гурӯҳе аз омӯзгорони шаҳри Хоруғ аз тафтишҳои пайдарпайи маъмурони додситонӣ шикоят карда, гуфтанд, барои камбудҳои хурд онҳоро ҷарима мебанданд. Додситони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфт, танҳо иҷрои қонунро дар мактабҳо назорат кардаанд.

"Журналро тафтиш карда…"

Агар муаллим саривақт ба дарс наояд, барномаашро тайёр накунад, мо чора набинем, кӣ чора меандешад?
Парвиз Орифзода

Рӯзи 13-уми март сомонаи "PamirDaily" дар гузорише навишт, омӯзгорони шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз тафтишҳои зиёди кормандони додситонӣ норозӣ ҳастанд. Омӯзгорон аз тарси пеш наомадани мушкил дар корашон аз ифшои ном худдорӣ кардаанд. Ба гуфтаи омӯзгорон, беш аз ним сол аст, ки маъмурони додситонӣ зуд-зуд ба мактабҳои вилояти Бадахшон “меҳмон” шуда, сабаби омадани худро тафтиши кори омӯзгорон мегӯянд.

"Барои муаллими оддӣ, омадани корманди қудратӣ, аз ҷумла додситонӣ як навъ фишор аст. Онҳо ба дарсҳо медароянд, ба хонандаҳо суолҳои назарфиреб медиҳанд, журнал ва конспектҳоро тафтиш мекунанд. Муаллимон метарсанд. Дар ҳоле ки мактабҳоро бояд нозирони маориф тафтиш кунанд. Нофаҳмо аст, ки чаро кормандони додситонӣ меоянд?” –гуфтаанд омӯзгорон.

Масъулони Додситонии вилояти Бадахшон чунин шикоятҳоро беасос донистанд. Додситони вилоят гуфт, танҳо дар доираи ваколати худ назорати иҷрои қонунҳоро дар мактабҳо санҷиданд.

“Мо чора набинем, кӣ чора мебинад?”

Парвиз Орифзода
Парвиз Орифзода

Парвиз Орифзода, додситони ВМКБ, рӯзи 15-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми санҷиши онҳо дар мактабҳои Хоруғ 10 омӯзгор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Додситон гуфт, аз инҳо 6 нафар аз ташхиси зарурӣ нагузаштаанд ва 4 кас вазифаҳои худро ба таври зарурӣ иҷро накарданд.

Ба қавли Орифзода, додгоҳ нисбат ба 4 омӯзгор огоҳӣ дода, 6 муаллими дигарро барои нагузаштан аз ташхиси зарурӣ аз сӯи идораи беҳдошт ё СЭС 120 сомонӣ ҷарима бастааст.

“Додситонӣ ҷарима таъин намекунад. Мо танҳо ҳолати иҷрои қонунҳоро месанҷем. Дар сурати ошкор кардани қонунвайронкунӣ санад тартиб дода, барои баррасӣ ба мақомот мефиристем. Муаллим саривақт ба дарс наояд, конспекташро тайёр накунад, мо чора набинем, кӣ чора меандешад? Давраи пандемия аст, омӯзгорон бо фарзандони мардум сарукор доранд, бояд ҳамаашон аз муоинаи тиббӣ гузашта бошанд", -- илова кард додситони Бадахшон.

Кӣ ҳаққи тафтиши мактаб ва кори омӯзгоронро дорад?

Шикояти омӯзгорон аз тафтишҳои зиёд танҳо ба вилояти Бадахшон маҳдуд намешавад. Чанд омӯзгор аз вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи маркази Тоҷикистон низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, аз тафтишҳои паёпайи кормандони ниҳодҳои қудратӣ "хаста шудаанд".

Омӯзгорон мегӯянд, солҳои пеш асосан Хадамоти назорат дар соҳаи маориф кори онҳоро тафтиш мекард, аммо акнун санҷиши додситонӣ ва милиса ҳам ба он илова шуд. Бо расонаӣ шудани шикояти омӯзгорон аз шаҳри Хоруғ ин суол дар шабакаҳои иҷтимоӣ матраҳ шуд, ки кадом ниҳод ҳаққи тафтиши кори омӯзгорони мактабҳоро доранд?

Рамазон Одиназода
Рамазон Одиназода

Рамазон Одиназода, сардори Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф, мегӯяд, ниҳодҳои алоҳида аз рӯи ваколаташон метавонанд, кори мактабҳоро тафтиш кунанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи Одиназода, хадамоти сӯхторнишонӣ бахши бехатарӣ аз сӯхтор ва идораи СЭС самти санитарию беҳдоштиро дар мактабҳо месанҷанд.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, кормандони додситонӣ дар асоси нақшаи тасдиқшуда метавонанд, дар ду сол як дафъа дар мактабҳо санҷиш гузаронанд. Як истисно ҳам вуҷуд дорад, ки ин ниҳодҳо дар асоси шикоятҳо метавонистаанд, кори мактаб ва омӯзгоронро дар ҳар вақт санҷанд.

Вале сардори Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф мегӯяд, “ягон корманди ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ салоҳияти санҷиши нақша ва барномаҳои таълимӣ, либосҳои намунавии мактабиро надорад. Ҳар як масъалае, ки ба раванди таълим ва тарбия дахл дорад, танҳо ба уҳдаи Вазорати маориф ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президент аст.”

Масъулини дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илм мегӯянд, мақомоти қудратӣ дар сурате ҳаққи ворид шудан ба мактабҳоро доранд, ки агар аз қабл нақшаи чорабинии муштарак бо вазорат ё бахшҳои маорифро дошта бошанд.

“Кормандони прокуратура метавонанд, рафти татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар муассисаҳои таълимӣ санҷанд. Он ҳам дар сурате, ки фармон ҷиҳати иҷрои нақша вуҷуд дошта бошад ва замони санҷиш муайян бошад, на инки ҳар вақте хоҳанд, макатбҳоро санҷанд. Аз ҷониби дигар, санҷишҳо бояд тавре сурат гирад, ки ба раванди таълиму тарбия халал ворид накунад", -- гуфтанд дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

"Муаллим дарс диҳад ё ба суоли муфаттишон посух гӯяд?"

Шикояти омӯзгорони шаҳри Хоруғ дар ҳоле садо медиҳад, ки мутахассисон мегӯянд, тафтиши зиёд дар мактабҳо ба кори таълим халал мерасонад.

Марям Шарипова қариб 50 сол дар Душанбе омӯзгор буд ва танҳо як сол пеш хонанишин шуд. Мегӯяд, аз зиёд шудани тафтиши мактабҳо дар солҳои охир нигарон аст, чун ин кор ба сифати таълим таъсир мерасонад.

"Вақте муфаттишон меоянд, муаллим даступо мехӯрад ва наметавонад дуруст дарс диҳад. Бояд як тартиби муайян бошад, ки ҳар сохтор болои сари муаллим омада, ба кори ӯ дахолат накунад ва ҳисобот напурсад", -- афзуд ин омӯзгори собиқадор.

Феълан дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор мактаб фаъол аст ва дар онҳо зиёда аз 2 миллион хонанда таҳсил мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (43)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG