Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши ҲСДТ ба пуштибонии Паймони миллӣ ва "Гурӯҳи 24"


Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ ва Суҳроби Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24"
Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ ва Суҳроби Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24"

Яке аз раҳбарони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) мегӯяд, даъвати созмонҳои мухолифи ҳукумат дар хориҷа барои пуштибонӣ аз ин ҳизб ва номзадҳояш дар интихоботи 1-уми март "ҳеч рабте ба онҳо надорад".

Дар даҳ рӯзи ахир "Гурӯҳи 24" ва Паймони миллии Тоҷикистон, ду созмони мухолифи ҳукумат дар хориҷа, ки фаъолияташон дар ҳудуди Тоҷикистон мамнуъст, ҳимояти худро аз ҲСДТ ва номзадҳояш дар интихоботи порлумонӣ эълон карданд. Онҳо дар баёнияҳои ҷудогона аз тарафдорони худ ва мардум хостанд, ки аз ин ҳизб ҳимоят кунанд.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҲСДТ ва номзади ин ҳизб дар интихобот, рӯзи 21-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳама гуна изҳороти созмонҳо "ақидаи худи онҳо буда, набояд ҳеч кас гумон кунад, ки гӯиё мо ягон созиш ё қарордоди ҳамкорӣ дорем ва ягон иртибот дорем".

Изҳороти "Гурӯҳи 24" рӯзи 10-уми феврал ва изҳороти Паймони миллии Тоҷикистон, ки ташаккули иборат аз маҷмӯи созмонҳои мухолифи ҳукумат аст, рӯзи 20-уми феврал нашр шуд.

Ин паймон дар изҳороташ гуфтааст, ҲСДТ "ягона ҳизби оппозитсионии расмӣ дар дохили кишвар аст, ки намояндагони он дар порлумони ҷадид метавонанд садои ҳар як интихобкунанда бошанд ва дар назди қонун ва мардум ҳисобот диҳанд".

Созмони дигари дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" бо пахши изҳороте аз мардум хост, ки дар интихоботи порлумонии 1 март аз сотсиал-демократҳо ҳимоят кунанд.

ҲСДТ бо панҷ номзад вориди сабқати интихоботӣ шудааст. Ин ҳизб дар интихоботҳои гузашта низ иштирок карда, вале то ин дам вориди порлумон нашудааст. Мақомот мегӯянд, ҳизби сотсиал-демократ ҷонибдорони кам дорад, вале масъулони ҳизб бовар доранд, овози тарафдорони онҳо "дуздида шудааст".

Дар Тоҷикистон ҳафт ҳизби сиёсӣ амал мекунад, ки ба андешаи таҳлилгарон, аз миёни онҳо ҲСДТ ҳизби мустақил буда, дигарон ҳамсангари ҳизби ҳокими халқии демократӣ ба раҳбарии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Баъд аз интихоботи порлумонии соли 2015 дар Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломӣ, ки то он замон дар порлумон ду намоянда дошт, мамнӯъ ва террористӣ эълон шуд. Раҳбарияти ҳизб дар хориҷа иттиҳомоти мақомот ва ҳукми Додгоҳи олиро ҳамчун талоши аз саҳнаи сиёсӣ берун кардани рақиби асосии худ рад кардаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG