Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"15 сол боз як деворро таъмир намекунанд". Даъвои оилаи маъюб бо ҳукумати ноҳияи Ғафуров

Аъзои як оилаи маъюб иддао доранд, ки мақомоти маҳаллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 15 сол боз як мушкили кучакашонро ҳал намекунанд.

Онҳо мегӯянд, ки девори ҳавлияшонро борону барфу жола шусту тахриб кард ва бинобар маъюби корношоям будан имкони бозсозиашро надоштанду тули ин солҳо ҳадди ақал даҳ маротиба ба мақомотҳо барои таъмир муроҷиат кардаанд.

Аммо дар ҳама маврид ҳукумати калонтарин ноҳияи вилояти Суғд гуфтааст, ки имкони бозсозиашро надорад. Писари маъюб мегӯяд, ки худаш ҷое кор намекунад, вале модараш ба ҳайси боғбон дар Ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор мекунад. Онҳо бо нишон додани вазъу ҳолашон аз бемасъулиятӣ ва нотавонии мансабдорони маҳаллӣ шикоят доранд.

Мақомот гуфтаанд, барои таъмири девори ин оила дар буҷаи ноҳия маблағ нест.

Ин оила дар Ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дуюмин ноҳияи калонтарин Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар вақташ аз рӯи тавонашон девор сохта буданд, акнун он имкониятро надоранд.

Видеоро инҷо бинед:

"Илтимос, дар таъмири девори вайронаи ҳавлиамон кумак расонед!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Олимҷон Ҳайдаров, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, маъюби модарзодии гурӯҳи якум аст ва "агар аз дасти худам меомад, ба ягон инсон муроҷиат намекардам. Худам мекардам. Ман ёрдамчӣ надорам. Ҳамчун шахси яккаву танҳо ба давлат нигоҳ мекунам. Барои ҳамин аз давлат пурсида истодаам".

Олимҷони 50 сола бо модари 75 солааш ҳарду дар рӯйхати маъюбону эҳтиёҷмандон ҳастанд. Бо ин вуҷуд модар ба ҳайси боғбону фаррош дар ҳукумати ноҳия кор мекунад ва дар маҷмӯъ модару писар ҳудуди 2 ҳазор сомонӣ моҳона доранд. Вале барои сохтани девор атрофи 5 ҳазор сомонӣ лозим будааст.

Турсунҷон Ҳайдарова, узви ин хонавода ба Радиои Озодӣ гуфт, "раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 8-уми апрел ба хонаам омада, ҳамаша диданд. Кай месохтагиашро нагуфт. 22 рӯз гузашт. Ман боз ба қабули раиси ноҳия рафтам, ки кай месозед. Маро қабул накард. Гурехта мегардад. Тамом".

Дар ҷавоби мактуби онҳо ҳукумати маҳаллӣ навиштаанд, ки дар буҷа чунин маблағ надоранд ва дар сурати пайдо шудани соҳибкорони хайрхоҳ деворашонро навсозӣ мекунанд.

Вазъи риққатбори як оилаи маъюб дар ҳолест, ки рӯзи 6-уми май аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон қонуни ҳимоят аз маъюбон қабул шуд.

Лоиҳаи қонуни нав, ки давоми ду соли ахир аз сӯи мақомот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия шуд, давлатро вазифадор мекунад, ки маъюбонро бо таҳсил, кор, ҷубронпулӣ ва дигар имтиёзҳои иҷтимоӣ таъмин кунад.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG