Ин қитъаи вайрону ноҳамвори роҳ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қарор дорад ва сокинони Тоҷикистону Қирғизистон аз он истифода мебаранд. Бинобар ҷанҷолҳо солҳои зиёд роҳро таъмир накарданд.
Сокинону ронандагони тоҷик мегӯянд, роҳро бояд ҳарчӣ зудтар таъмир кунанд, то ҳаракат дар он осон ва зиндагии мардум сабуктар шавад. Ҳоло кор барои таъмири роҳи байни деҳаи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон оғоз кардаанд. Барои таъмиру ҳамвор ва васеътар кардани роҳ бо ризоияти сокинони деҳаи Борбордукро дарахтони канори онро решакан кардаанд. Роҳи вайрон мардумро ба танг овардааст.
Абдуалӣ Воҳидов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: "Қисмҳои нақлиётамон бисёртар нобуд мешавад ва мошинамон бисёр азоб мекашад. Камтар тезтар ин роҳ обод мешуд, бароямон хубтар буд".
Исмоил Мадаминов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: "Ҳозир бисёр ҳам безеб ва бисёр ҳам душвор аст. Барои ҳамаи намуди нақлиёт, ҳатто велосипедронӣ ҳам мушкил аст".
Ин қитъа ҷузъе аз шоҳроҳи Хуҷанд Конибодом аст. Асосан роҳҳои байни деҳаҳои Хистеварзу Борбордук то дарвозаи шаҳри Конибодом вайрону душворгузаранд, чун солҳо боз таъмир нашудаанд. Аз ин роҳ сокинони ду кишвар истифода мекунанд, вале дар гузашта бо ҷангу даъво намегузоштанд, ки роҳ таъмир шавад.
Иброҳим, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: "Дар вақташ ақалан чуқуриҳояшро таъмир кунем гуфта буданд, ки қирғизҳо нагузоштанд. Ҳозир бо ҳамон аҳволаш истодааст. Бисёрии мошинҳо ҳоло бо Қатаған (Зарзамин) рафта истодаанд, он тараф аз тарафи дуюм Арқа баромада мераванд".
Масъулони идораи роҳсозии вилояти Суғд мегӯянд, ки баъди аломатгузории марз тарҳеро барои таъмири роҳи бештар аз 9 километрии деҳаи Арқа -Хистеварз таҳия кардаанд.
Музаффар Тоҳиров, раиси Идораи роҳҳои вилояти Суғд: "Хушбахтона мувофиқи созишномаи ду давлат ин роҳ пурра ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст. Аз сабаби минтақаи баҳсӣ буданаш ин роҳ солҳои сол рӯи таъмирро надида, ба ҳамин ҳолат гирифтор шудааст. Ҳоло бошад ин минтақаи роҳ бо дастгирии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, мақомоти вилояти Суғд ва бо дастгирии бевоситаи Бонки Ҷаҳонӣ барои азнавсозӣ дохил карда шуда, рӯзҳои наздик аз самти Хистеварз ба ҷониби шаҳри Конибодом оғоз мегардад".
Дар дигар қисматҳои роҳи Конибодом – Деҳмой, ки баҳсӣ ҳисоб намеёфт моҳи марти соли 2023 сохтмони роҳи байналмилилалӣ оғоз шуд ва қарор аст то моҳи марти соли дигар ба истифода дода шавад. Ин роҳи 50 километрӣ аз чанд ноҳияи Тоҷикистон гузашта, масофа байни вилояти Фарғона ва вилояти Тошканди Узбекистонро наздик месозад.
Ҳадаф равнақи тиҷорат дар минтақа аст. Роҳ бо сармоягузори Бонки Ҷаҳониву ҳукумати Тоҷикистон сохта хоҳад шу два роҳсоз ширкати чинии “China Railway” будааст.
Гуфтугӯ