Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонӣ ба таҳқиқи "сарбозшикор" дар Душанбе оғоз кардааст. ВИДЕО


Фирдавс Сатторовро баъди муддати кӯтоҳи боздошт раҳо кардаанд.

Додситонии ҳарбии шаҳри Душанбе ба таҳқиқи “облава” ва ё шикори чанд ҷавон барои бурдан ба артиш шурӯъ кардааст. Се донишҷӯ ва хабарнигорони ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, ки ахиран ба додситонии низомии Душанбе даъват шудаанд ва дар бораи “саргузашти” худ ва рафтори маъмурони милиса ва комиссариати ҳарбӣ баёнот додаанд.

Таҳқиқи додситонӣ дар ҳолест, ки вазорати мудофиа аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба артиш бурдани ҷавононро инкор мекунад. Донишҷӯёне, ки ҳамзамон хабарнигорӣ мекунанд, мегӯянд, рӯзи 23-юми октябри имсол мавриди “облава” қарор гирифтанд. Якеро субҳ дар роҳ ба дарс дар хиёбон ва ду нафари дигарро ҳангоми таҳияи гузориш аз ҷараёни "облава" боздошт карданд.

Фирдавс Сатторов яке аз ин донишҷӯён рӯзи 15- уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯро нахуст ба идораи пулис бурданд. Фирдавс афзуд: Гуфтанд хизмат кардӣ? Гуфтам ман донишҷӯи Донишгоҳи тиҷорат ҳастам. Бовар накарданд. Гуфтанд, ба донишҷӯ монанд нестӣ. Баёнотамро гирифтанд ва дастамро ба пуштам тоб дода, мисли ҷинояткор ба мошин бор карда, ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино оварданд. Аз телефони як ҷавон ба ҳамкоронам хабар додам.”

Фирдавс бо ирсоли аксе аз маҳалли боздошт ва гуруҳи ҷавонони дастгиршуда, аз ҳоли худ ба ҳамкоронаш хабар додааст, Бахтовар Сафаров, донишҷӯ ва хабарнигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бо Яҳё Маҳмаднабиев, барои таҳияи гузориш дар бораи “сарбозшикор” б суроғи Фирдавс ба комиссарияти низомии ноҳияи Сино рафтаанд. Кормандони комиссариат ҳам “сарбозон бо пойи худ омаданд” гӯён, онҳоро маҷбур ба дохили комиссариат бурдаанд.

Бахтовар Сафаров
Бахтовар Сафаров


Бахтовар Сафаров гуфт: “Панҷ нафар аз пуштам омада, тела дода, ба дарун дароварданд ва қариб буд, наворбардорамро мешикаст. Гуфтанд, ҳозир ба аскарӣ меравӣ ва барнома таҳия карда мешинӣ. Ҳарчизе аз даҳонашон баромад гуфтанд. Дар баёнотҳои худ мо ҳамаи инро навиштем.”

Ҷавонон мегӯянд, баъди чанд соат озод шуданд ва бо нашри аксу матлабе дар ҳафтанома ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷараёни талоши ҷалби ғайриқонунии худ ба артиш қисса карданд. Ин матлаб ҳам сабаб шудааст, ки додситонӣ ба санҷиш шурӯъ кунад.

Дар додситонии ҳарбии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қазияи донишҷӯён ва дигар ҳодисаҳои шабеҳро таҳқиқ мекунанд. Қосим Баротзода, прокурори додситонии низомӣ рӯзи 15-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ин мақоларо ҳам аз сарпрокуратураи ҳарбӣ ба мо фиристоданд ва мавриди санҷиш қарор дорад. Ҳар як нафарро даъват мекунем, мебинем, ки нисбати ӯ аз ҷониби кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ё ниҳодҳои дигар чӣ муносибати ғайриқонунӣ раво дида шудааст. Ягон ҳолат бе санҷиш намондааст.”

Хабарнигорони ҷавон мегӯянд, ҳамроҳи онҳо дар як рӯз 20 нафари дигарро ҳам ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино овардаанд ва аксарияти онҳо ҳам донишҷӯ будаанд. Донишҷӯёни мавриди “облава” қарор гирифта, аз додситонӣ хостаанд ба даъвати маҷбурӣ ва “аз роҳ гирифтану ба хизмат бурдани ҷавонон” хотима дода шавад.

Вокуниши додситонӣ дар ҳолест, ки ҳомиёни ҳуқуқ ва сокинон аз зиёд шудани сарбозшикор дар мавсими тирамоҳии даъват шикоят мекунанд. Қариб ҳар рӯз аксу наворҳо дар бораи боздошт ва ё латукӯб шудани ҷавонон барои саркашӣ аз рафтан ба артиш расонаӣ мешавад. Абдумаҷид Ризоев, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд: “Ҳаракатҳое, ки дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва ё ноҳияҳо мебинем, ҳамааш ҳуқуқ ва дахлнопазирии инсонро вайрон мекунанд. Барои вайрон кардани ин ҳуқуқ ба озодӣ дар Тоҷикистон қонун ҷавобгарӣ пешбинӣ кардааст. Облава дар кӯчаҳо тамоми усулҳои ҳуқуқии инсонро вайрон мекунад ва як навъи ҷиноят ҳам ҳаст.”

Мақомоти додситонӣ ҳарбии Душанбе ҳам мегӯянд, шикояти зиёде дар робита ба ҷалби ғайриқонунӣ ба хизмат дарёфт мекунанд. Як мусоҳиби мо дар додситонии ҳарбӣ гуфт:“Шикоятҳо зиёданд, якеаш бемор аст, якеро аз роҳ гирифта бурдаанд, яке корманди давлатӣ аст, ки гирифта бурдаанд. То аниқ мешавад, чанд рӯз мегузарад. Омада муроҷиат мекунанд ва мо ҳам пурра санҷиш карда посух мегардонем.”

Мавсими тирамоҳии даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон имсол бо сару садои зиёде ҳамроҳ буд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар рӯз видеоро нашр мекарданд, ки дар он дида мешавад, чӣ гуна маъмурони низомӣ ва милиса ҷавонеро дар кӯча зӯран ба мошин бор карда мебаранд. Аз тарафи дигар раҳгузарон, ё занон доду фарёд мекашанд, ки чаро бо ҷавонон чунин рафтор мекунанд.

Бар асоси қонун, дар Тоҷикистон хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҳатмист ва ҷавонони аз 18 то 27-сола бояд дар сафи артиш ва дигар нерӯҳои мусаллаҳ ду сол хидмат кунанд. Истисно барои донишҷӯён, гурӯҳе аз ҷавонони сарпарасти хонавода, соҳиби ду фарзанд, бемор вуҷуд дорад. Тибқи муқаррарот, ба ҷавон даъватнома ба сафи артиш мефиристанд ва дар сурати гирифтани даъватнома ӯ вазифадор аст, ба комиссариати ҳарбӣ биравад. Дар сурати саркашии ҷавон аз хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ мақомот ҳақ доранд, ӯро ба маҷбуран ба артиш баранд, вале аз роҳҳои қонунӣ ва муроҷиат ба мақомоти интизомӣ, ки он ҷавонро ба коммисариати ҳарбӣ ҳозир кунанд.

Шарҳҳоро бинед (10)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG