Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Тоҷикистон: Муҳоҷирони дармонда дар Маскав ба ватан расонда мешаванд.ВИДЕО


Баъзе аз мусофирон дар фурудгоҳи Маскав
Баъзе аз мусофирон дар фурудгоҳи Маскав

Сафири Тоҷикистон дар Русия, Имомиддин Сатторӣ, рӯзи 23-юми март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сафорат ва ҳукумат “ҳама чораҳоро андешида истодаанд”, то тоҷикони дармонда дар фурудгоҳҳои Маскав ба ватан расонда шаванд. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки чандин нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо аз дармондани худ дар фурудгоҳҳои Русия ва кишварҳои дигар шикоят карданд ва ширкати “Сомон Эйр” гуфт, барои овардани онҳо ба Тоҷикистон талош хоҳад кард. Бино бар хабарҳо ин парвозҳоро Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон роҳандозӣ кардааст.

Имомиддин Сатторӣ гуфт, бар иловаи парвози “Сомон Эйр” дар рӯзи 24-уми март барои бозгардонидани гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз фурудгоҳи Жуковскийи Маскав парвози дигар рӯзи 25-уми март ба фурудгоҳи “Внуково” сурат мегирад. Ба гуфтаи вай, сафорат талош мекунад, шаҳрвандони дармондаи тоҷикро аз фурудгоҳи “Шереметово” ба дигар фурудгоҳҳо кӯчонад ва аз онҷо ба Тоҷикистон фиристад. Рӯзи гузашта ба ҳамин шева 5 шаҳрванди Тоҷикистонро аз минтақаи транзитии фурудгоҳи Шереметово ба фурудгоҳи Домодедово интиқол дода, аз онҷо ба Тоҷикистон бурдаанд.

Тибқи омори сафорати Тоҷикистон дар Русия дар фурудгоҳи “Шереметово” 28 нафар, фурудгоҳи “Внуково” 105 ва дар фурудгоҳи “Жуковский” 213 шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд. Масъулини сафорат мегӯянд, мумкин аст ин омор зиёдтар бошад. Сафири Тоҷикистон гуфт, дар шароити ба қавли ӯ “фавқулода” намешавад ҳамаи хоҳишмандонро якбора ба ватан баргардонд.

Дар ҳамин ҳол ширкати “Сомон Эйр” гуфтааст, аз Душанбе танҳо шаҳрвандони Русияро мебарад ва аз он тараф мусофиронеро меорад, ки “билетҳои ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии"-ро то 23-юми март харидаанд. Парвоз аз Душанбе соати 08:30 ва аз Маскав соати 12:30 ба вақти маҳаллӣ сурат мегирифтааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки то кунун барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия, Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр», «Тоҷик Эйр» ва «Fly Dubai» чанд парвоз анҷом доданд ва ”ташкили парвозҳои иловагии чартерӣ барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон баррасӣ шуда истодааст.”

Эълони ташкили парвозҳои чартерӣ барои бозгардонидани мусофирони тоҷик баъд аз он садо дод, ки садҳо мусофири тоҷик аз Русия ва дигар шаҳрҳои дунё бо нашри видеову аксҳо аз вазъи ногувору сахти худ нақл мекарданд. Видеоҳое нашр шуд, ки нишон медиҳад, мардум дар фурудгоҳҳо ҳар тараф паҳну парешон хобидаанд ва бо кормандони фурудгоҳҳо даъво доранд.

Ҳоло шумори зиёди мусофирони тоҷик, бахусус муҳоҷирони корӣ дар Русия дар фурудгоҳҳои ин кишвар интизори бозгашт ба Тоҷикистон ҳастанд. Тасмим дар мавриди ҳалли мушкили шаҳрвандони дармонда дар хориҷ дар ҳолест, ки бо гузашти се рӯз аз манъи парвози ҳавопаймоҳо ҳанӯз шикояту нигарониҳои шаҳрвандони дармонда дар фурудгоҳҳо зиёд садо медиҳад.

Яке аз видеоҳоро инҷо бубинед:

Муроҷиати муҳоҷири дармонда дар Маскав ба ҳукумат
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Мақомоти Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон мегӯяд, афроди дармонда дар фурудгоҳҳро ба ватан бармегардонанд ва ин масъала набояд ҷои ташвишу нигаронӣ бошад. Ин ниҳодро сахт танқид карданд, ки якбора ва ногаҳонӣ парвозҳои байналмилалӣ ба Душанберо манъ кард ва садҳо нафарро сарсону саргардон намуд. Аммо Азиз Набизода, муовини раиси оҷонсӣ рӯзи 23-уми март дар як сӯҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, тасмими қатъи парвозҳоро аз қабл бо ширкатҳои ҳавоймоӣ ба миён гузошта буданд ва бархе расонаҳои давлатӣ низ аз ин хабар доштанд.

Ваъдаи мақомот барои бозгардонидани мусофирон

Азиз Набизода, муовини Оҷонсии авиатсияи гражданӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ду ширкати ватанӣ-“Тоҷик эйр” ва “Сомон эйр” барои овардани шаҳрвандон ба кишвар супориш дода шудааст: “Ин ду ширкат шаҳрвандонро оварда истодаанд, имрӯз парвоз набуд, лекин фардо аз сӯи “Тоҷик эйр” ва “Сомон эйр” барои овардани шаҳрвандон боз парвоз сурат мегирад”.

Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, тасмими қатъ кардани парвозҳо ва он ҳам замоне, ки чанд ҳавопаймо омодаи парвоз буд, комилан ногаҳонӣ ва носанҷида буд. Шералиев рӯзи 23-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот бояд 3-4 рӯз қабл аз ин иқдомашон мардумро огоҳ ва фурӯши билетро қатъ мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, иқдомот бояд дурандешона бошанд, на инки сабаби сар задани мушкилиҳои нав шаванд.

Якбора қатъи парвози ҳавопаймоҳо на танҳо дар хориҷ, балки дар дохили кишвар низ боиси саргардонии афроде гардидааст. Сайфуддин Абдуалиев, ки азми муҳоҷирати корӣ ба Русияро дорад, рӯзи 23-уми март бехабар аз эълони қатъи парвозҳо, барои хариди билет ба фурудгоҳи Душанбе омад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, танҳо дар фурудгоҳ фаҳмид, ки то якуми май сафар ба хориҷа ғайриимкон аст. Давлати Тоҷикистон аз бими сирояти коронавирус парвози ҳавопаймоҳо ба қаламравашро ба таври ногаҳонӣ аз рӯзи 20-уми март қатъ кард. Баъди манъи парвозҳо ширкатҳои дохилӣ аз ҷумла “Сомон Эйр” ва “Тоҷик эйр” ду-се дафъаи парвозҳои истисноӣ анҷом доданд ва теъдодеро баргардонданд.

Иҷозаи бозгашт фақат бо ширкатҳои дохилӣ

То манъи парвозҳо, дар баробари ин ду ширкати ватанӣ, ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ низ миёни Тоҷикистону Русия ба интиқоли мусофирон машғул буданд. Аммо рӯзи 23-уми март намояндагони бархе ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ дар Душанбе гуфтанд, мақомоти тоҷик ба дархости онҳо дар бораи иҷоза додан ба парвозҳои иловагӣ посухи рад доданд. Масъулони ширкатҳои русӣ мегӯянд, мусофирони онҳо аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик қариб чаҳор рӯз аст дар фурудгоҳҳои Русия дармондаанд, вале мақомоти тоҷик барои парвозҳои иловагӣ иҷоза намедиҳанд.

Роҳбари намояндагии як ширкати ҳавопаймоии Русия дар Душанбе рӯзи 23-юми март бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамин субҳ ба дархосташон дар бораи парвозҳои иловагӣ посух рад гирифтанд. “Мо барои гирифтани иҷозат барои парвозҳои иловагӣ чанд бор муроҷиат кардем, аммо мақомоти тоҷик посух доданд, ки рейс дода намешавад” - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Азиз Набизода, муовини Оҷонсии авиатсияи гражданӣ низ тасдиқ намуд, ки айни ҳол танҳо ба “Тоҷик эйр”-у “Сомон эйр” иҷозаи парвоз ҳасту халос. Ӯ далели ин тасмимро шарҳ надода, танҳо таъкид намуд, афроде, ки аз ширкатҳои русӣ билет харидаанд, метавонанд, маблағро бозпас гиранд ва тавассути ширкатҳои ватанӣ ба кишвар биёянд: “Ба ширкатҳои русӣ гуфта шуд, ки маблағи билетҳоро ба шаҳрвандон сад фоиз баргардонанд”. Ҳоло маълум нест, ки чӣ қадар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кишвар бармегардонанд ва таммаркуз сари Русия аст ва ё кишварҳои дигар аз ҷумла Туркия низ, ки дар онҷо низ даҳҳо нафар дар фурудгоҳи Истанбул дармондаанд.

XS
SM
MD
LG